БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бадхарҷӣ - заволи ризқу рӯзӣ

Иҷтимоъ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз соли 2007 дар амал татбиқ мешавад, ба беҳтар гаштани рӯзгори сокинони кишвар мусоидат мекунад. Ду сархати аввали Қонуни мазкур ифодаи баръалои андешаҳои болост.

Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.

Чун аз боби харҷу сарфаю сариштакорӣ дар оила, ки меҳвари ин Қонун аст, сухан оғоз намудем, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус Парвиз Давлатов, бо андешаҳои солим диққати моро сӯйи худ кашид. «Зан вазири мард, дасти рости мард» гуфтани ҳикматҳои ҷовидонаро, ки аз гузаштаи мо мерос меоянд, кам хонаводаҳо эътибор медиҳанд».

Ба пиндори вай, хароҷоти оилаҳои деҳот аслан бар дӯши бонуи хона аст, агар ӯ буҷети оиларо сарфаю саришта карда тавонад, ин ҳам бурди шавҳар ва ҳам бурди хонавода будааст. Асоси суҳбату вохӯриҳои мо бо мардуми маҳал сари ҳамин гуфтаҳост, зеро аксари мардҳо дар мавриди гузарондани ҷашну маъракаҳо таҳти маслиҳату машварати бонуи хона қарор мегиранд, меандешад вай. Ӯ моро бовар мекунонд, ки занҳо дар ғанисозии буҷети оила ҳиссаи калон доранд, агар онҳо бадхарҷӣ кунанд, ин заволи ризқу рӯзии оила аст, агар сарфакор бошанд, пешравию осудаҳолии оила мешавад.

Бо шаҳодати мудири бахш, айни вақт дар ҳудуди ноҳия як комиссияи доимии ноҳиявӣ, 6 комиссияи доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 62 комиссияи ҷамъиятӣ дар ташкилоту муассисаҳое, ки шумораи кормандонашон бештар аз 30 нафар ҳастанд, фаъоланд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида шахсони масъул дар ҷамоат ва ташкилотҳои ҳудуди ноҳия санҷишҳо гузаронда, барои ислоҳи камбудиҳо ба комиссияҳои ҷамъиятӣ тавсияҳо медиҳанд.

- Дар ноҳия шумори ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар маълумоти динӣ гирифтаанд, кам нест. Бахши танзими ноҳия яке аз вазифаҳои аввалдараҷаи худро дар суҳбату машварат бо ин ҷавонон ва ба корҳои доимию мавсимӣ сафарбар кардани онон мебинад. Ҳамчунин, аз рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои хориҷ қарор доранд, мунтазам бохабар шуда, дар ҷараён гузоштани волидонро бо фарзандонашон таъкид медоранд. Хушбахтона, ҷавонони имрӯз созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд, чунки аксарият баду некро аз ҳам қиёс карда метавонанд, - иброз медорад Парвиз Давлатов ва меафзояд, ки дар корҳои оммафаҳмонии Қонуни танзим ва дар амал татбиқ намудани он ҳам ҷавонон саҳми бориз доранд. Зиёд нафарони онҳо аз маъракаҳои серхарҷу пурдабдаба даст ка шида, маблағи онро барои беҳбуди рӯзгори худ сарф мекунанд. Мавсуф ёдовар шуд, ки ҳамагӣ ду рӯз пеш ҷавоне барои иҷозати тӯй гирифтан ба онҳо муроҷиат карда, аз амалишавии ин Қонун изҳори хурсандӣ намудааст. Солиёни дароз ҳамсолонаш берун аз хонаю дар бо чи машаққату азоб мардикоранду хонавода аз ҳоли онҳо бехабар пайи маъракаҳои серхарҷанд.

-Барои ман муҳим оила барпо кардан аст, - гуфт он ҷавон, - на худнамоишдиҳӣ.

Ин амали ҷавон, дар баробари падар, кормандони бахши танзим ва ҳозиринро низ хурсанд намуд, ки ҳамагӣ барояш аҳсан хонданд.

Ҷиҳати дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ёрӣ расондан ба табақаи ниёзманд, ки аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, бахши танзим якҷо бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва иттиҳодияҳои динии ноҳия дар арафаи Иди саиди Фитр ва Ҷашни Наврӯз 792 ҳазору 525 сомонӣ кумаки хайрия расонда, тӯйи хонадоршавии 4 ҷуфти муносибро барпо намуданд. Мудири бахш аз ин дастгириҳои мардум қаноатмандӣ намуда, дилпурӣ мебахшад, ки дар баробари шумори ёриҳои хайрияро дар оянда зиёд намудан, оилаҳои ниёзманд бо ҷойи кор бо маром таъмин хоҳанд шуд, ки ин қадами устуворе барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар маҳал мебошад.

Кормандони бахши танзим дар ҳамкорӣ бо дигар бахшу ниҳодҳои МИМҲД ноҳияи Шаҳритус усули «Масҷид ба масҷид»- ро ба роҳ монда, дар он бошандагони маҳалро барои дар амал татбиқ намудани Қонуни мазкур ва гирифтани сари роҳи маъракаҳои серхарҷу дандоншикан вазифадор менамоянд. Тавре дар оғоз ишора шуд, дар суҳбату вохӯриҳои алоҳида бештар занон, ки ҷилави хароҷот дар дасти онҳост, ҷалб карда мешаванд. Модарони рӯзгордида, бонувони соҳибтаҷриба дар корҳои оммафаҳмонӣ фаъолу дастгири ҷавонзанҳоянд.

Бахши кор бо занон ва оила бо чунин модарони солдида ва соҳибтаҷриба аз шарикону ҳамкорони боэътимоди танзимгарони ҷашну маърака ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Ҳамкориҳои судманд натиҷаҳои дилхоҳ дода, ки сол аз сол сафи вайронкунандагони Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим» дар ноҳия ба маротиб поин омадааст.

Рустами НАЗИР,

Душанбе-Шаҳритус-Душанбе

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон