БОЙГОНӢ

«    Июл 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Эҳтиром ба зан – эҳтиром ба миллат

Иҷтимоъ / Аз ҳар боб

-Эҳтиром ба занону духтарон ва нигоҳ доштани мавқеи баланди онҳо дар фарҳанги тоҷикон решаи таърихӣ дошта, зан - модар дар оила ҳамеша нақши асосӣ дорад, - мегӯяд мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд Матлуба Сатторова.

Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар масъалаи баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа якчанд қонунҳо, барномаҳо ва стратегияҳо қабул гардидаанд.

Дар ин самт бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Гулистон  ҷиҳати дастгирии занон, баланд бардоштани мақому манзалат ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷо меа, саҳм гузоштани занон дар риоя ва амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сарулибос ва оинҳои барои миллати тоҷик бегона, ба камол расондани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан корҳои назаррасро ба анҷом расондааст.

Бахши мазкур пайваста баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон, фарҳанги оиладорӣ, фарҳанги либоспӯшӣ байни бонувон корҳои назаррасро ба иҷро мерасонад.

Дар «Кохи Истиқлол»-и шаҳри Гулистон Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» баргузор гардид, ки бонувон бо ҳунари волои худ дар ин озмун фаъолона ширкат намуда, маҳорату истеъдоди худро намоиш доданд. Дар даври вилоятӣ намояндагони шаҳри Гулистон аз номинатсияи либоси кӯдакона ҷойи аввал ва дар ҷумҳурӣ ҷои сеюмро сазовор гаштанд. Мақсади баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Соли 2025 дар шаҳри Гулистон озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» доир шуда, бонувони шаҳр маҳорати пазандагии худро нишон доданд. Гулдухтарони шаҳр дар озмуни вилоятӣ ҷойи аввал ва дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойи дуюмро сазовор гардиданд. Ҳадаф аз баргузории озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳавасмандгардонӣ, ҷалби занони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ, эҳёи таомҳои миллӣ, рушди анъанаҳои миллӣ, гиромидошти ҳайсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи хусусиятҳои худшиносӣ ва меҳандӯстии бонувон ба шумор меравад. Ҳамзамон, вобаста ба мавсими сол дар шаҳри Гулистон чорабиниҳои гуногун мегузаранд, ки барои зебоипарастӣ ва назокату нафосати бонуи тоҷик заминаи воқеӣ мегузорад.

Баргузор намудани мизи мудаввар таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат» дар толори мактаби санъат ва дар муассисаҳои таълимии шаҳр, бахшида ба Иди Наврӯзӣ байналмилалӣ дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдарон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиқу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ аксияи «Тоҷикона мепӯшем» роҳандозӣ шуд.

Ташкили маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Пешвои миллат эҳёгари Ҷашни Наврӯз» дар арафаи Иди Навруз, баргузории «Растаи ҳунарҳои мардумӣ» дар тамоми шаҳраку деҳот, оростани хаймаҳо дар сатҳи хеле баланд гузаронда шуданд.

Ҳамагӣ дар самтҳои мазкур бахшҳои кор бо занон ва оила, дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва маросим, шуъбаи маориф ва ШВКД зиёда аз 80 маротиба рейд, 100 вохӯриву суҳбат, 8 озмуни фарҳангӣ ва 2 озмуни иншонависӣ дар мавзуи «Ватан ифтихори мост», «Занон алайҳи терроризм», «Нест бод хушунат» семинарҳои омӯзишӣ бо ҷавондухтарон ҷиҳати омодагӣ ба ҳаёти оилавӣ ва зиндагии дунявӣ баргузор гаштанд.

Дар рафти суҳбатҳои инфиродӣ ба шаҳрвандон тақсим намудани буклетҳои омӯзишӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро корҳои тарбиявию тарғиботиро дар самти таблиғи арзишҳои миллӣ, зиндагии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии онҳо ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ нақши худро гузошт.

Бахшида ба фарорасии фасли баҳор ва эҳёи суннати зебоипарастӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ки шуруъ аз 1-уми март дар давоми соли ҷорӣ дар тамоми ташкилоту муассиса ва корхонаҳои давлатӣ, муассисаҳо, шаҳраку деҳот аксияи «Тоҷикона мепӯшем» роҳандозӣ шуд.

Амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007–2016, 2017–2022, 2023–2030 самараи нек дода, боиси афзудани нақши занон дар ҷомеа гардиданд.

Ҷорӣ намудани чораҳои муваққатии махсус, аз қабили имтиёзҳо барои занон ҳангоми гузарондани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, Квотаи президентӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ, стипендияҳои президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ, грантҳои президентӣ барои занони соҳибкор низ барои таъмини баробарии гендерӣ мусоидат менамоянд.

Гули ҶАҲОН,

шаҳри Гулистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2025_small.pdf [3.99 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон