БОЙГОНӢ

«    Июл 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сони парвона озод зистан

Иҷтимоъ

Даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар ҷавондухтарони деҳкадаҳои дурдаст баъди хатми таҳсилоти оливу касбӣ дар арсаҳои гуногуни ҷамъиятӣ кор мекунанд.

Нигина Турсунова аз зумраи бонувони пешоҳангест, ки баъди хатми таҳсилоти касбиву олии дохилу хориҷ аз кишвар ва собиқаи фаъолият дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳоло мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Лахш аст. Парвардаи дудмони рӯшанфикрон, ки баъди фатҳи қуллаҳои баланди орзуҳои ҷавонӣ ва санҷишҳои сангини зиндагӣ, кунун баҳри ободии диёру ояндасозии ҷавонону навхонадорон ҷидду ҷаҳд дорад, касби ҳунару саводмандии бонувонро кафили оилаи солим ва рушди ҷомеа мешуморад.

 Завқи мутолааву сайқали касбу ҳунар меҳвари пешбарандаву муваффақиятҳои инсон дар шебу фарози ҳаётист, ки бо ҳама пешбиниву барномарезиҳо баъзан гардишҳои ғайриинтизор самти фаъолияту маишии зиндагиро тағйир медиҳанд. Маънии ҳаёт ҳам аз худшиносиву имтиҳони иродаву зарфиятҳое маншаъ мегирад, ки чӣ гуна аз шикасту муаммоҳои печидаи рӯзгор ба хушбахтиву саодати зиндагӣ ноил мегардем, - риштаи суҳбатро кушод Нигина Турсунова. – Модари бузургворам, ки аз табибони саршиносу миёни мардум соҳибэҳтиром буданд, дар интихоби касбу раванди дарсхониам нақши бузург гузоштанд. Таҳсилоти миёнаро бо баҳои хубу омодагии ҷиддӣ барои дохил шудан ба Донишкадаи давлатии тиббӣ хатм намудам, вале нооромиҳои сиёсӣ боис гардиданд, ки бо маслиҳати зодмандон таҳсилоти касбиро аз Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш оғоз бахшидам.

 

Баъди хатми Коллеҷ ба факултети кимиё ва биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дохил шуда, дар ин миён ба афсари Вазорати мудофиа издивоҷ менамояд. Бинобар шароити кору вазъи оилавӣ ӯ таҳсилро ба вақти дигар гузошта, дар шаҳри Душанбе сукунат ихтиёр мекунад. Мурури солҳо вобаста ба масоили хизматии ҳамсараш ду давра дар вилояти Суғд зистанд. Аз 1998 фаъолияти касбиро дар шуъбаи бемориҳои асаби Беморхонаи марказии шаҳри Бӯстон идома дода, солиён аз табибони дараҷаи олӣ донишу таҷрибаи касбӣ андӯхт.

Маҳз дар ин ҷода аз мушкилиҳои умдаи занону духтарон огоҳӣ ёфта, орзуҳои овони мактабхониро ба ёд овард, ки дар интихоби ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ё ҷарроҳи бемориҳои қалбӣ дармемонданд. Билохира бо роҳнамоии ҳамсари меҳрубонаш ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дохил шуда, баъди хатми он соли 2008 дубора ба Душанбе баргаштанд.

 

- Шукронаи қисмат дар пайроҳаи зиндагӣ ҳамсафари заковатманде доштам, ки шояд ба хотири ҳамин рӯзҳо маро соҳиби ихтисоси олии ҳуқуқшиносӣ карда буд. Мутаассифона, дар авҷи камолоти умру тарбияи ду писарамон, ки дар партави насиҳату роҳнамоиҳои падар роҳи худро дар зиндагӣ ёфта истода буданд, сарвари дудмони орзуҳоямро аз даст додем, - ба дунболи ҷуфти парвонаҳои сафеди парпарони рӯи гулҳои саҳни ҳавлӣ дида андӯхта, суҳбатро идома медиҳад мусоҳибам. - Дар фоқеаи февралии соли 2017, ки бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе – Хуҷанд мусофирон ба ҳалокат расида буданд, он вопасин тамоси телефониро аз зери тарма падари фарзандони ман анҷом дода буд…

Бо амри тақдир баъди солиёни аз як шаҳр ба шаҳри дигар зиндагӣ ихтиёр кардан, соли 2011 ӯро аз Душанбе боз ба вилояти Суғд фиристоданду ману фарзандонам дар ноҳияи Лахш сукунат ихтиёр кардем. Нахуст як сол дар шуъбаи тандурустии МИҲД- и ноҳия фаъолият карда, баъди барҳам хӯрдани он ду соли дигар вазифаи котиби комиссияи ҳуқуқи кӯдакро ба уҳда доштам. Солҳои 2014 - 2016 котиби Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат ва баъдан то марги шавҳарам раиси Ҷамоати мазкур будам.

Баъди реҳлати ҳамсар ва ғамбемориҳои тулонӣ як муддат аз фаъолияти меҳнатӣ канор рафт, вале роҳбарияти ноҳия ба хотири ба ҳаёти ҷамъиятӣ баргардондани кадри соҳибтаҷриба ба суроғаш омаданд. Ба умеди дилбардории фарзандон ва идомаи худсозиву хизматгузорӣ ба халқу Меҳан, ба симати мудири шуъбаи кадрҳои Беморхонаи марказии ноҳия ба кор даромад. Ба хотири фароҳам овардани шароиту имкониятҳои илму касбомӯзии писаронаш, Нигина ҳама ҳастии худро ба корҳои ҷамъиятӣ бахшид. Ба эътибори малакаи роҳбариву собиқаи ибратомӯз соли 2019 ӯро дубора ба вазифаи раиси Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат таъин намуданд. Аз баҳори соли 2021 мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Лахш мебошад.

 Давоми се соли мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Лахш буданам, қариб рӯзе нест, ки бонувон ё ҷуфти хонаводае ба ин ё он масоили ҳуқуқӣ муроҷиат накарда бошанд. Ончуноне ки одамӣ ҳамеша ба мутолааву машварату ҳам тарбияву бозомӯзӣ ниёз дорад, дар ҷомеаи рӯ ба рушд, ки фаъолиятҳои нави ҷамъиятӣ ташаккул меёбанд, ниҳоди оила низ ба донишҳои ҳуқуқиву маслиҳати ҳуқуқшиносон ниёз пайдо мекунад, - иброз медорад Нигина Турсунова. – Шумори афзояндаи муроҷиати бонувон ва дигар аъзои оилаҳои ҷавон самараи суҳбату вохӯриҳои хона ба хонаи мост, ки сокинон моҳияти машваратҳои ҳуқуқиро дарк карда истодаанд. Аз ҷумла, аз 14 то 8 ҳолат коҳиш ёфтани омори пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, натиҷаи ҳамкориҳои бахши кор бо занон ва оила бо аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Ба андешаи фаъолзани ноҳияи Лахш таҳлилу таҳқиқотҳо дар самти сабабу омилҳои пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо нишон медиҳанд, ки баъди омӯзиши ҳунару фарҳанги оиладорӣ, таҳсилоти оливу касбии ҷавонон ва бахусус, танҳо пас аз адои хизмати ҳарбӣ, издивоҷ намудани ҷавонон кафили устувории оилаҳои онҳо шуда метавонад.

 Шукри даврони истиқлол, имрӯз дар тамоми ноҳияҳои дурдаст коллеҷҳои касбиву марказҳои ҳунаромӯзӣ арзи ҳастӣ дошта, ҳамзамон, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъсис ёфтааст, ки ҳазорон нафар ҷавондухтарони деҳоти дурдастро ба таҳсилоти олӣ фаро мегирад. Илова бар ин, татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар самти рушди деҳот ҷиҳати ба соҳибкории иҷтимоӣ фаро гирифтани занону духтарон нигаронда шудааст, ки суду самараи он дар ҳаёти рӯзмарраи сокинони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бармало мушоҳида мешавад, - меафзояд Нигина Турсунова.

 Ҷ. УСМОН,

ноҳияи Лахш

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2024_small.pdf [4.79 Mb] (зеркашиҳо: 42)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон