Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Замин манбаи ризқу Парчам ифтихори мост»
ИҷтимоъДар пайравӣаз ташаббусҳои ободониву созандагӣва ҳамовозии дастаҷамъонаи сокинони меҳандӯсти ноҳияи Ҷайҳун тайи солҳои охир соҳаҳои иҷтимоӣва иқтисодии ноҳия рушду нумуъ карда, садҳо иншооти гуногуни хизматрасонӣбунёд ва баҳри истироҳату фароғати сокинон марказу мавзеъҳои истироҳативу фароғатӣфароҳам гардидаанд.
Самараи ҳисси баланди масъулият, майлу рағбати беҳади сокинони меҳандӯсти ноҳия ба ободонии диёру пешрафтҳои истеҳсолӣбуда, ки давоми ду панҷсолаи охир бо саҳми мардум дар шаҳраку деҳкадаҳои Ҷайҳун иқдомҳои бузурги созандагӣба сомон расидаанд. Бино бар гуфтаи УмаралӣБекмуродов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун, агар тули солҳои 2015– 2020 дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 200 иншооти таъиноти гуногун бунёд ёфта бошад, ҳамакнун, тибқи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣбунёди 504 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 187 синфхонаи иловагӣ, 10 иншооти фарҳангӣ, 34 корхонаи истеҳсолӣ, 113 гармхона барои парвариши меваҳои ситрусӣ, 5 сардхона, 2 хоҷагии моҳипарварӣ, бунгоҳҳои тиббиву майдончаву толорҳои варзишӣва 17 хонаи истиқоматии 4-5 ошёна сохта, ба истифода дода шуда, ҳамзамон, таъмири роҳу чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳо ва таъмини аҳолӣбо оби ошомиданӣва дигар ташаббусҳои созандагӣпешбинӣгардидаанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2021–2025 аз 236 банди лоиҳа, аз ҷумла 131 лоиҳаи иқтисодӣ, 64 лоиҳаи иҷтимоӣва 41 лоиҳаи инфрасохтор иборат аст, ки маблағи умумии онҳо 170,3 млн сомониро ташкил медиҳад.
Дар раванди ташаббусҳои бузурги ободонӣдар қатори садҳо иншооти ҷашнӣ, инчунин, дар маркази маъмурии ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатӣмавриди баҳрабардорӣқарор гирифт. Санаи 16-уми июни соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд. Тибқи лоиҳа дарозии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун 50 метрро ташкил медиҳад, ки матои он 7 метр паҳноӣва 14 метр дарозӣдорад, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣдар бари бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун воқеъ гардида, ба симои маркази маъмурӣҳусну ҷалол бахшидааст. Баъди бардоштани Парчами давлатӣСарвари давлат ба хотири арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣдар назди Нишони давлатӣ, ки ба баландии 21 метр қомат афрохтааст, гулчанбар гузоштанд.
Чуноне ки директори Муассисаи давлатии ободонӣва кабудизоркунии ноҳияи Ҷайҳун Арафамоҳ Назришоева, иброз медорад, бо ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣдар маркази ноҳияи Ҷайҳун, барои сокинон мавзеи фараҳбахши сайругашт ва истироҳату фароғат фароҳам гардид. Дарвоқеъ, барафрохтани Парчами давлатӣва намои муҳташами Нишони давлатӣдар кӯчаи Исмоили Сомонӣбаҳри тарбияи наслҳои имрӯзу ояндаи ин диёр дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳисси худшиносиву ҳам ифтихору арҷгузорӣба рамзҳои муқаддаси давлатӣтаъсири мусбат хоҳад гузошт.
Дар арафаи Ҷашни Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо, коргарони Муассисаи давлатии ободонӣва кабудизоркунии ноҳияи Ҷайҳун, тараддуди зиёд дорем. Қитъаҳои гулпарварии майдони Парчам ва Нишони давлатиро нарм карда, дар он гулу буттаҳои мавсимӣшинонда истодаем. Зеро, дар баробари баргузории ҷашну маросимҳои оммавӣ, ин майдон аз мавзеъҳои дӯстдоштании сокинони ноҳия ба шумор рафта, мардум ҳар бегоҳӣфориғ аз кору ташвишҳои рӯзгор дар ин ҷо сайругашту истироҳат менамоянд, - иброз медорад Арафамоҳ Назришоева.
Бонувони ноҳияи Ҷайҳун ба истиқболи ҳар як сафари пурбаракати Пешвои муаззами миллат ба ин диёри файзбор омодагии ҷиддӣмебинанд. Чаро ки зан-модари тоҷик аз дидору суҳбатҳои самимӣбо Сарвари давлат ғизои маънавӣбардошта, чанд соли дигар бо неруву илҳоми тоза баҳри ободиву сарсабзии минбаъдаи Ватани азиз ва тарбияи фарзандони хеш ҷидду ҷаҳди дучанд менамоянд. Бонувон 52 дарсади аҳолии ноҳияанд, дар вазифаҳои роҳбарикунанда 665 нафар. Ҳамчунин, як нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 10 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 33 зан вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Завқу руҷуи ҷавондухтарон ба таҳсилоти оливу касбӣаз падидаҳои неки солҳои охир арзёбӣмегардад, ки бовариву эътимодро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои олӣдар самти боло рафтани мақоми зан дар ҷомеаро дучанд мегардонад.
Ба андешаи бонувони пешоҳанг, фаъолияти Маркази рушди истеъдодҳо, Маркази технологияи информатсионӣва коммуникатсия, Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ» ва Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгорӣ-муҳандисӣ» дар рушду ташаккули истеъдодҳо ва омода намудани кадрҳои ҷавон, ба вижа, аз ҳисоби ҷавондухтарон нақши ниҳоят муҳим дорад. Маҳз баъди таълиму азбар намудани касбу ихтисосҳое, ки дар маҳаллаҳо талаботи зиёд доранд, ҷавондухтарон ба кору шуғлҳои музднок фаро гирифта мешаванд.
Ба гуфтаи УмаралӣБекмуродов, ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти кишвар бобати беҳбудии шароитҳои зисту зиндагонии мардум ва рушду ободгароиҳо дар деҳот, сокинони ноҳияи овозадори Ҷайҳун дар ҷабҳаҳои корзор садоқатмандона заҳмат кашида истодаанд. Дар радифи иштироки фаъол дар раванди корҳои ободониву кабудизоркунӣва ҳифзи табиати биҳиштосову сарватҳои беназири он, деҳқонони ноҳия бо истифода аз имтиёзҳои давлатӣва технологияҳои пешрафта, ҳамасола дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣба натиҷаҳои баландтар ноил мегарданд. Дар ноҳия 4477 хоҷагии деҳқонӣва 14 корхонаи кишоварзӣмавҷуд мебошанд, ки дар соли гузашта ҳаҷми маҷмуи истеҳсоли маҳсулотро ба 3 миллиарду 278,8 миллион сомонӣрасондаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2025 бошад, ин нишондод ба 1 миллиарду 584,3 миллион сомонӣбаробар шуд.
Тибқи таҳлилҳо, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣдар ноҳияи Ҷайҳун давра ба давра афзоиш ёфта, интизор меравад, ки бо бунёди корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣсокинон ба дастовардҳои беҳтарин мушарраф хоҳанд гардид.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Ҷайҳун
Мубодила:
Шарҳҳо
