БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шаҳрсозе аз Шаҳристон

Иҷтимоъ / Слайдер

              Меъмори рӯзгори хеш

Ҷасорату қавииродагияш аз нигоҳи аввал ба чашм мерасад. Дар дидаҳои обияш дарёи пуртуғёни рӯзгорашро метавон дид. ӯ меъмори рӯзгори хеш аст.Рӯзгораш мисли пешаи интихобкардааш пур аз хатҳои росту шикаста, ки нуқта ба нуқта сарнавишти зиндагиашро ҳарранг намуда. Бо ин ҳама пайи ин хатҳо бо боварӣ ба сӯи оянда гом мениҳад.

         Замони соҳибистиқлолӣ ба бонувон имкон дод, ки ҳамчун мутахассисони навҷӯву навовар ба воя расанду дар ободию пешрафти диёр саҳим бошанд. Яке аз чунин чеҳраҳо, ки миёни мардуми маҳал бо обу хоки ин макон камол ёфтааст, Дилноза Ҷонбойзода мебошад, ки изи дастони нақшофараш имрӯз намои зебои ноҳияи Шаҳристон гардидааст…

Қиблагоҳи Дилноза аз хурдӣ дар симои духтараш ҷавҳареро пайдо карда буд, ки ӯро ба самти меъморӣ раҳнамун месохт. Духтари чолоку бофаҳм ба гуфтаҳои падар амал кард. Дар МТМУ №18-ум яке аз беҳтарин хонанда ва донандаи фанҳои дақиқ маҳсуб меёфт. Соли 2004 Дилноза донишҷӯйи риштаи меъмории Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд гардид. Замони донишҷӯйӣ дар сафи беҳтарин ҷӯяндагони илм қарор дошту чун ситора миёни шарикдарсон медурахшид. Аз ҷумлаи ҷавонони хушбахту хуштолеи даврони соҳибистиқлол, ки дар замони нав парвариш ёфта буд, барои ободию зебоии бештари сарзамини аҷдодӣ тарҳи садҳо иншоотро дар дил мепарварид…

Пас аз хатми Донишкада соли 2010 ӯро ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҳамчун мутахассиси бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба кор даъват намуданд. Дар ин шаҳри қадимӣ чанд бинои наву замонавӣ бо лоиҳаҳои хуштарҳи ин бонуи меъмор қомат афрохт. Санъати меъмориофарии Дилноза чашмрас буд, ки соли 2012 ӯро ҳамчун меъмор ба КФ КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан раҳнамун сохтанд. Осори дастони ӯ дар даҳҳо иншооти қоматафрохтаи ин шаҳри бостонӣ маҳфуз аст. Мардуми зодгоҳи азизаш ба ҳунари меъмориаш тан дода, соли 2014 ӯро ба Шаҳристон хонданд ва ӯ то соли 2022 ба ҳайси директори КВД «Лоиҳакаш» -и ноҳияи Шаҳристон ифои вазифа намуд. Муддати ҳашт соли роҳбари ин ниҳод будан, худро на  танҳо меъмори соҳибмартаба, инчунин, роҳбари хушсалиқа муаррифӣ кард. Ин буд, ки моҳи апрели соли 2022 Дилноза Ҷонбойзодаро муовини раиси ноҳияи Шаҳристон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин намуданд.

 

Номбурда гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷавонон эътимод дошта бошему ба онҳо бештар такя кунем, ки ҳар яке дар самти хеш фаъолу мустақил қадам зананд»-ро мариди баҳрабардорӣ қарор дода, дар қатори ҷавонони соҳибэътибори кишвар гом мениҳад. ӯ бонуест, ки шинохти инсониро ҳамеша дар кӯшиш ва фаъолияти босуботона медонад, худро дарсомӯзи бонувони соҳибмактаби ноҳия дониста, ҳамеша бо онҳо дар иртибот аст. Сабақи андӯхтаву таҷриба, маҳорату малакаи ин зани самимиву заминӣ, хоксор ӯро миёни ҳамдиёрон соҳибэҳтиром гардондаанд.

Арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарони тоҷик дар ҳақиқат бемисл аст. Манзалати зан дар замони соҳибистиқлолӣ волотару беҳтар аз ҳама давру замон маҳсуб меёбад, зеро барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии модари тоҷик аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бо супориши Пешвои миллат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, инчунин, то 30 фоиз расондани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз боло бурдани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» аз 27 -уми апрели соли 2022 қабул гардида буд, дар меҳвари корбарии ин бонуи кордону соҳибтаҷриба қарор дорад.

-Ҳоло дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи ноҳия нақши бонувони соҳибихтисос чашмрас аст. Аз 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия роҳбарии 18 -тои онро ба бонувон бовар намуда, ҳамчунин, дар 2 муассисаи томактабӣ низ бонувони фаъол роҳбарӣ мекунанд. Дар 23 муассисаи тиббии ноҳияи Шаҳристон 8 нафар зан ба ҳайси роҳбар фаъолият дошта, аз 63 нафар табибони соҳибтаҷриба 20 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки 80 дарсади кормандони соҳаи маориф ва тибби ноҳия бонувонанд, - иброз намуд бо қаноатмандӣ муовини раиси ноҳияи Шаҳристон.

Ҳангоми дар кӯчаҳо қадам задан, бо чанде аз сокинони ноҳия аз фаъолияти Дилноза Ҷонбойзода пурсон шудем. Ҳар кадоме бо ҳисси фараҳмандӣ аз фаъолияти неки ӯ ҳарф мезад ва ба чандин биноҳои зебо ишора намуда, бо ифтихор иброз доштанд, ки тарҳи онҳо маҳсули дастони ӯст…

Воқеан, боиси ифтихор аст, ки дар як гӯшаи дури диёр як бону метавонад ба шаҳрсозӣ шуғл варзад. Бо пешниҳоди лоиҳаҳои ӯ, ки санъати баланди меъмориро дороянд, чандин муассиса, мактабу кӯдакистон ва майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

- Аз рӯи мушоҳидаҳои ҳаррӯза метавон гуфт, ки имрӯз дар самти меъмориву лоиҳакашӣ мо ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон наздик шудаем. Иншооти бунёдшаванда аз лиҳози санъати меъморӣ аз биноҳои мамолики Аврупову Амрико кам нестанд. Меъмор будан масъулияти бузурге ба дӯш доштан аст, -бо хушҳолӣ меафзояд Дилноза.

Зиндагӣ ӯро сахт озмуд, ҳамсирру ҳамсинфу ҳамсафари ҳаёташро аз ӯ гирифт. Акнун вай барои чаҳор ҷигарбандаш ҳам падар ҳам модар ва барои зодмандони ҳамсараш мисли фарзанд дар хизмат аст. Чун ӯ келини ягонаи хонадон, пас аз сари шавҳар масъулияти зиндагиро ба дӯши худ гирифт, то бо дуои ин пирони барнодил зиндагиро аз сар бигирад.

                                                Фарзона ВОСЕЕВА,

                                   Душанбе-Шаҳристон-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон