Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Беҳтарин фарзанди падар
Иҷтимоъ«Беҳтарин фарзанди ман он аст, ки омӯзгор бошад», - мегуфт падар ба бачаҳои хурдсолаш, ҳангоме ки онҳо гирдаш ҷамъ меомаданду аз интихоби касби ояндаашон сухан мерафт. Ин суханони падар, ки худ омӯзгори мактаби деҳа буд, сахт ба зеҳни кӯдакон таъсир гузошту онҳо барои расидан ба мақсад ва сазовор шудан ба ин орзу ва омоли падар талош меварзиданду аъло мехонданд. Аз ёздаҳ фарзанди хонавода 9 нафар соҳиби маълумоти олӣ гардид. Гулрухсор тибқи ҳидояти падар риштаи омӯзгориро барои фаъолияти якумрии хеш интихоб намуд. Бо ҳидояти падар хоҳарону бародарон ба боварии қиблагоҳашон сазовор гашта, бо заҳматҳои содиқонаи касбӣ дар соҳаи маориф беҳтарин фарзанди падар будани худро собит сохтанд, вале байнашон бо як овоз Гулрухсорро фарзанди беҳтарини падар ном мебаранд.
Ёздаҳ сол боз Гулрухсор Лашкарбекова Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Шикуши ноҳияи Роштқалъаро роҳбарӣ менамояд. Барои фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ ва дастовардҳои таълимии муассиса байни маорифчиёни ноҳия чун омӯзгор ва раҳбари муваффақ мақоми шоиста касб кардааст.
Дар ин давра мактаб пурра навсозӣ шуда, кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардиданд. Ширкати фаъол ва муваффақонаи омӯзгорону тарбиятгирандагон дар озмунҳои фаннӣ, «Муаллими сол», чемпионати варзишии байни мактабиён аз ҳаёти пурҷӯшу хурӯши муассисаи таълимӣ шаҳодат медиҳанд. Маросими истиқболи ба унвони «Муаллими сол» мушарраф гардидани омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Рисолат Броишоева яке аз чунин лаҳзаҳои хотирмон буд, ки дар ҳаёти муассиса зуд-зуд ба вуқуъ мепайванданд.
- Фароҳам овардани шароити солим ва созандаро дар ҳайати омӯзгорон омили муҳими таъмин намудани фаъолияти пурсамар мешумораду худ сифатҳои хуби муттаҳидкунандаи коллективро дорост, - мегӯянд дар бораи Г.Лашкарбекова омӯзгорони мактаб.
Бонуи сарвар ба омӯзгорон дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ ҷиҳати таъмин намудани таълиму тарбияи босифат серталаб ҳасту нисбат ба ниёзҳои иҷтимоиашон ҳассос ва дилсӯзу ғамхор буда, медонад, ки омӯзгор ба ҳавасмандии маънавӣ на камтар аз ҳавасмандии моддӣ ниёз дорад. Нисбат ба хонандагон сахтгир, вале чун модар меҳрубон буда, ҳар якеашонро бо ному хулқу атворашон мешиносад. Худ ва омӯзгорони мактаб бо зодмандони хонандагон ҳамкории зич дошта, тибқи нақша хона ба хона гашта, аз натиҷаи хонишу адаби талабагон бо волидон суҳбат мегузаронад. Фароҳам овардани шароити хуб барои дарстайёркунии фарзанд аз масъулияти падару модар буда, омӯзгорон пас аз санҷиш барои беҳбудии он ба падару модарон тавсия медиҳанд. омӯзгорони ҷавон дастгирии ҳаматарафа мебинанду ҳодисаи тарк намудани ҷойи кор вуҷуд надорад.
Аз нуҳ фарзанди соҳиби маълумоти олӣ гардидаи омӯзгори фанни математикаи мактаби деҳа Муллоаким 4 нафар фанни риёзиро интихоб намуд, Гулрухсор яке аз онҳост. Хоҳарону бародарони дигар фанҳои таърих, забон ва адабиёти тоҷикро писандиданд. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Гулрухсор дар мактаби деҳаи Дашти ноҳияи Роштқалъа ба кор оғоз намуд. Омӯзгори ҷавону серғайрат ва ташаббускор аз рӯзҳои аввал на танҳо дар раванди таълиму тарбия мутахассиси хуб буданашро нишон дод, балки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ фаъолона ширкат меварзид. Аснои ширкат дар Озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-1999» дар хотимаи ҳунарнамоии санъаткорони ноҳияи Роштқалъа ҷавони низомие аз толор рӯ ба рӯи Гулрухсор омад ва ба ӯ дасту дил пешниҳод намуд. Ду соли аввали оиладорӣ Гулрухсор дар яке аз мактабҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба хонандагон дарс гуфт. Сипас, ба ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) омаданду зиндагӣ идома ёфт. Бонуи зиндадилу кушодчеҳра ва меҳнатқарину хоксор зуд дар дилу дидаи пайвандони нав ва ҳамкорон ҷой гирифт. Вале бо сабаби таваллуд нашудани фарзанд, оила пош хӯрд. Гулрухсор ба зодгоҳаш баргашта, дар мактаб омӯзгориро идома дод.
Марде, ки панҷ кӯдакаш бемодар буд, ба Гулрухсор пешниҳоди оиладорӣ кард, ӯ қабул намуду бо навозиш, дӯстдориву меҳрубониҳо ҷойи модарро гирифт. Алҳол, ҳама фарзанон ба камол расидаву соҳиби хонаву дар гардида, бо қалби пур аз меҳру сипос Гулрухсорро, ки барои ба камол расонданашон заҳмати беш ба харҷ дод, модар меноманд.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Роштқалъа
Мубодила:
Шарҳҳо











