Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
САРБАЛАНД
ИҷтимоъДар марҳалаи нави рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, саҳми занони фаъол дар тамоми соҳаҳои ҷомеа – аз илм то сиёсат, аз фарҳанг то маориф, аз иқтисодиёт то нигаҳдошти арзишҳои миллӣ хеле назаррас аст. Бонувони мамлакат бо ҳунар, донишу ҷаҳонбинӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушду пешрафти кишвар нақши созгор до- ранд. Дар мисоли бонувони фаъоли Тоҷикистон, метавон зикр кард, ки ҳар нафаре, ки роҳи масъулиятшиносӣ, худшиносӣ ва худбаҳодиҳиро пеш гирифтааст, метавонад ба қуллаҳои баланди муваффақият расад. Яке аз чунин бонувони фаъол, ки роҳи ҳаёти ӯ саршор аз ибрат ва талош барои рушди шахсӣ ва ҷомеа аст, Фариштамоҳ Сангова мебошад.
Ӯ аз овони кӯдакӣ ба мутолааи китоб ва омӯзиш завқ дошт. Таҳсилоти ибтидоиро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-уми зодгоҳ гирифта, сипас соли 2009 таҳсилоти касбии худро дар Литсейи касбӣ-саноатии кимиёи шаҳри Левакант ҳамчун барномасоз оғоз кард. Баъдан, соли 2011 таҳсилашро дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар идома дода, соли 2014 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуд ва онро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик бо баҳои аъло хатм намуд.
Ҳанӯз аз хурдӣ Фариштамоҳ дар маҳфилҳои адабӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва озмунҳо фаъолона иштирок мекард ва завқи эҷод, сухандонии худро такмил медод. Китоб ҳамнишини доимии ӯ буд, ки имрӯз ҳам сирри муваффақияти худро маҳз дар мутолааи пайваста ва дониши рӯзафзун мебинад.

Баъди хатми Донишгоҳ фаъолияти омӯзгориашро дар МТМУ №6-уми шаҳри Левакант ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик оғоз намуд. Ӯ бо муҳаббат ва масъулияти баланд ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуда, садҳо шогирдонро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва муҳаббат ба забону адабиёти тоҷик парвариш дод. Заҳматҳои ӯ бесамар намонданд. Шогирдонаш борҳо дар олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, Рухшона Мирзоева, яке аз шогирдони фаъол ва боистеъдоди ӯ, соли 2023 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.
Саъю кӯшиш, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ӯро аз фаъолияти омӯзгорӣ ба сатҳи роҳбарии ҳокимияти давлатӣ расонд. Бо даъвати бахши кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати умҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, зери роҳбарии Нуқрамоҳ Халилзода фаъолияташро дар ин бахш идома бахшид. Бо ҳунари баланди ташкилотчигӣ дар якҷоягӣ бо бонувони фаъоли шаҳр як қатор чорабиниҳои фарҳангиву маърифатиро роҳандозӣ намуд. Мусоидат ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии занон, баргузории вохӯриҳо, ҳамоишҳо ва маъракаҳои тарғиботӣ аз ҷумлаи корҳои пурсамари ӯ ба ҳисоб мераванд.
Имрӯз бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор доранд. Қонунҳо, барномаву стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 имкониятҳои фаровонро барои рушду пешрафти бонувон фароҳам овардаанд.
Бонувоне амсоли Фариштамоҳ Сангова намунаи возеҳи онанд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо метавонанд дар ҷомеа мақоми сазоворро соҳиб шаванд ва дар рушду ободии Ватан саҳми шоиста гузоранд. Имрӯз бонувон на танҳо тарбиятгари насл, балки созандагони ҷомеаи навини тоҷик мебошанд. Ҳар як бону метавонад бо дониш, фарҳанг ва масъулият ҷомеаро ба сӯи фардои дурахшон раҳнамун созанд.
Гулшан ҶӮРАЗОДА,
Душанбе - Левакант- Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










