БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

    Зан ва фарҳанги истеъмолӣ

Иҷтимоъ

Дар ҷаҳони муосир, ки иқтисоди бозорӣ, рақобат ва гуногунии маҳсулот рўз ба рўз меафзояд, донистан ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда аҳамияти афзун пайдо намудааст. Ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад, ки маҳсулоти босифат, хидматрасонии хуб ва маълумоти дақиқ дар бораи молу хидматрасониҳо дастрас намояд.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар партави сиёсати созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва фаъолияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар самти таъмини сифати маҳсулот, ташвиқи фарҳанги истеъмолӣ ва баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон далели ин гуфтаҳост.

 Албатта, ҳуқуқ барои ҳама баробар аст, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар аксари хонаводҳо маҳз зан масъули интихоби маҳсулоти ғизоӣ, либос, ашёи кўдакон ва маводи рўзмарра мебошад. Аз ин рў, сатҳи маърифати ҳуқуқии занон дар ин соҳа ба саломатии оила ва амнияти ҷомеа таъсири мустақим дорад.

Занон ҳангоми харидани маҳсулоти кўдакона бояд ба муҳлати истифода, таркиби маҳсулот ва тарзи истифодабарӣ, ки стандарт (ҳуҷҷати меъёрии техникӣ) пешбинӣ намудааст, диққат диҳанд. Агар маҳсулот бе нишони истеҳсолкунанда ва бе маълумоти болозикр бошад, эҳтимоли пастсифат ё қалбакӣ будани он зиёд аст. Ҳамин гуна огоҳии одӣ метавонад саломатии кўдакро ҳифз кунад.

Дар таҷрибаи кишварҳои дигар низ занон дар маркази сиёсати ҳимояи истеъмолкунанда қарор доранд. Масалан, дар Ҷумҳурии Корея Ассотсиатсияи миллии занон дар ҳамкорӣ бо Вазорати савдо барномаҳои омўзишӣ барои модарон доир менамояд, то онҳо тавонанд маҳсулоти хўрокворӣ ва косметикаро дуруст арзёбӣ кунанд. Дар Олмон ташкилоти «Verbraucherzentrale» (Маркази ҳимояи истеъмолкунандагон) курсҳои махсус барои занони хонашин созмон медиҳад, ки дар онҳо қонун, ҳуқуқи бозгардондани мол ва санҷиши нишони сифат омўзонда мешаванд. Дар Қазоқистон тавассути лоиҳаи «Зани доно - оилаи солим», семинарҳо дар бораи интихоб ва истифодаи маҳсулоти ғизоӣ байни модарон баргузор мегарданд.

Ин таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон на  танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки сармоягузорӣ ба амнияти истеъмолӣ ва рушди устувори ҷомеа аст, зеро фарҳанги истеъмолӣ аз оила оғоз меёбад. Агар модар, ҳамчун сутуни асосии оила, ба масъалаи сифати маҳсулот, муҳлати истифода, таркиби химиявӣ ва манбаи истеҳсол аҳамият диҳад, наслҳои оянда низ бо чунин андешаи масъулона ба ҳаёт менигаранд…

Ҳуқуқҳои асосии истеъмолкунанда дар қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалӣ зикр шудаанд. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба маҳсулоти босифат ва бехатар; ҳуқуқ ба маълумоти дақиқ дар бораи маҳсулот; ҳуқуқ ба ҷуброни зарар дар ҳолати вайрон шудани ҳуқуқ; ҳуқуқ ба таълим ва маърифати истеъмолӣ; ҳуқуқ ба интихоби озодона.

Дар Тоҷикистон амалияи татбиқи ин ҳуқуқҳо аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Ҳар сол ҳазорҳо намунаи маҳсулот барои санҷиш ба озмоишгоҳҳо ирсол мегардад. Имсол низ ҳангоми назорат дар бозору дуконҳои кишвар миқдори зиёди маҳсулоти ғизоӣ, ки муҳлати истифодаашон гузашта буд, боздошт ва аз муомилот бароварда шуданд. Дар самти назорати бозори истеъмолӣ дар ин давра 957378 кг маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ, ки ба талабот ҷавобгўй набуданд, ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, 18851 кг маҳсулоти гўштӣ, 5047 кг равғани рустанӣ, 5064 литр нўшокиҳои спиртӣ, 9405 литр нўшокиҳои ғайриспиртӣ, 2611 кг маҳсулоти қаннодӣ, 1486 кг консерв, 165346 кг намак, 4323 кг меваи хушк, 6400 кг чой, какао, орд 50165 кг ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон воридотӣ ба ҳисоб мераванд, ғайристандартӣ дониста шуда, аз муомилот гирифта шуданд.

Дар ИМА, агар истеъмолкунанда молеро пастсифат ё хатарнок ёбад, метавонад онро баргардонад ва ҳатто ҷуброн талаб кунад. Ин ҳуқуқ аз соли 1962 дар асоси ташаббуси президенти вақти ИМА Ҷон Кеннеди ҷорӣ шудааст. Дар Иттиҳоди Аврупо, қонун истеъмолкунандагонро водор месозад, ки пеш аз харид маълумоти пурра дар бораи маҳсулот гиранд ва, агар маҳсулот хатарнок бошад, истеҳсолкунанда уҳдадор аст онро аз бозор бозпас гирад. Дар Ҷопон, бо сабаби нақши фаъоли занон дар бозор, қонунҳо махсус ба ҳимояи модарону кўдакон дар хариди маҳсулоти ғизоӣ ва бозичаҳо равона шудаанд.

Ин таҷрибаҳо барои Тоҷикистон низ намунаи хубанд, зеро онҳо нишон медиҳанд, ки ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда, бахусус дар сатҳи оила ва ҷомеа, бояд ба маданияти умумӣ табдил ёбад. Аз ин рў, зани доно метавонад на  танҳо худ, балки фарзандонашро низ ба интихоби оқилонаи маҳсулот одат диҳад. Масалан, омўзондани фарзандон ба хондани нишон-таъкиди «Тоҷикстандарт» ё санҷидани муҳлати истифода ҳангоми харид, на танҳо амалияи одӣ, балки як дарси шаҳрвандӣ мебошад. Дар кишварҳои пешрафта ин кор ҳатто дар мактабҳо роҳандозӣ шудааст. Барои мисол, дар Шветсия фанни «Маърифати истеъмолӣ» ҳамчун қисми барномаи таълимӣ ба кўдакон омўзонда мешавад, ки чӣ гуна молҳои босифатро шиносанд ва аз таблиғоти фиребанда худро эҳтиёт намоянд.

Дар ин зимн, Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ мунтазам чорабиниҳо доир менамояд. Семинарҳо ва тренингҳо барои занон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мегарданд, ки дар онҳо тарзи санҷиши сифат, хондани тамға ва шинохти маҳсулоти қалбакӣ омўзонда мешавад. Ғайр аз ин, телефони боварӣ ва сомонаи расмии Агентӣ барои қабули муроҷиати шаҳрвандон фаъол аст.

Огоҳона харид кунед, сифати маҳсулотро бисанҷед, ба ҳуқуқи худ арҷ гузоред ва ҳангоми дучор омадан бо маҳсулоти пастсифат, хомўш набошед.

                                                                                                                   Малоҳат Рустамзода,

                                                                                            муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт»

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон