Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Саҳми бонувон дар рақамикунонии иқтисодиёт
ИҷтимоъДар шароити ҷаҳони муосир, ки рушди устувори ҷомеа ба сатҳи технология ва инноватсия вобастагии мустақим дорад, нақши бонувон дар пешбурди ин равандҳо рўз ба рўз муҳимтар мегардад. Занон ҳамчун қувваи созанда метавонанд дар соҳаҳои гуногуни технология, аз таҳияи барномаҳои компютерӣ то идоракунии лоиҳаҳои рақамӣ, саҳми назаррас гузоранд. Рақамикунонӣ, ки имрўз асоси иқтисоди муосир ба шумор меравад, имкониятҳои баробарро барои ҳама, аз ҷумла бонувон фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари кишварҳои рў ба тараққӣ, барои ҷалби бонувон ба соҳаҳои илм, технология ва инноватсия шароити мусоид фароҳам овардааст. Ин раванд на танҳо ба рушди иқтисод, балки ба таҳкими нақши иҷтимоии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа мусоидат мекунад.
Дар рушди технологияи инноватсионӣ ва рақамикунонии босуръати мамлакат фаъолияти ширкатҳои IT назаррас аст. ҶДММ «Vatan ICT» аз зумраи ширкати таҳияи таъминоти барномавӣ дар ҷумҳурӣ аст, ки самти фаъолияти худро дар таҳия ва татбиқи барномаҳои веб ва мобилӣ бо тарроҳии муосир ва функсияҳои нав ба роҳ мондааст. Ин ширкат тули 11соли фаъолият дар муҳити IT-парки Душанбе барои рушди технологӣ ва инноватсия шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳадафи ширкат асосан ба барномаҳои фармоишӣ, хидматрасониҳои IT-аутсорсинг ва таҳияи платформаҳои мобилӣ/вебӣ мебошад. Дар ин муддат «Vatan ICT» даҳҳо лоиҳаҳоро дар сис темаи рақамисозии бахши маориф, коркарди онлайнии пардохтҳо ва ҳалли тиҷорати электронӣ, пойгоҳи ҳамгирошудаи ВКД, платформаҳо барои Маркази миллии тестӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ амалӣ намудааст.
Яке аз ҳадафҳои асосӣ дар доираи барномаи давлатии «Рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия барои солҳои 2025–2030», ширкати бонувон дар рушди иқтисоди рақамӣ мебошад. Лутфия Умарова яке аз мутахассисони соҳа нақши занонро дар ин самт хуб арзёбӣ намуда, иброз медорад, ки бонувон имрўз дар чанд самти муҳими идоракунии барномаҳо заҳмат мекашанд.
- Духтарони мо имрўз ҳамчун бақайдги рандагони системаҳои CRM, мудирони барномаи рақамӣ, дизайнерони UX/UI, мутахассисони системаи Face ID ва таҳлили маълумот фаъолият мекунанд. Онҳо дар амалӣ намудани платформаҳои идоракунии муассисаҳои таълимӣ, мониторинги раванди таълим ва таҳлили натиҷаҳои хонандагон саҳми назаррас доранд, - иброз медорад Лутфия Умарова.
Face ID — ин системаи амниятии биометрӣ аст, ки чеҳраи корбарро шинохта, барои кушодани телефон, пардохтҳо ва ворид шудан ба барномаҳо истифода мешавад.
Маҳина Зарипова, мутахассиси барномаи Face ID, иброз дошт, ки ин система барои сабти ҳозиршавии кормандон хизмат мекунад ва раванди идоракунии ҳозиромадиро пурра рақамӣ менамояд. Face ID на танҳо самаранокиро ба- ланд мебардорад, балки шаффофият ва амнияти иттилоотиро таъмин месозад.
Дар технологияи рақамӣ ва сохтани вебсайт, барнома ё система ду соҳаи муҳим дизайнерони UX/UI, нақши бағоят бузург доранд.
UX (User Experience Design) — тарҳрезии таҷрибаи корбар буда, муомилаи одамон ба маҳсулотро таъмин менамояд.
UI (User Interface Design) — тарҳрезии намуди зоҳирӣ ва унсурҳои визуалӣ аст, ки чӣ гуна ба назар расидани маҳсулотро таъмин месозад.
Ҳар ду якҷоя таҷрибаи бароҳат, фаҳмо ва ҷолиби истифодабарандаро таъмин мекунад.
Суман Алиева, мутахассиси соҳаи мазкур, дар хусуси истифодабарии ин намуди системаи барномавӣ зикр намуд, ки дар ҳар як системаи рақамӣ, таҷрибаи истифодабаранда калид аст. Дизайнерони UX/UI, хусусан духтарони ҷавон, на танҳо зебоии визуалиро меофаранд, балки бароҳатии истифодаи низомро таъмин менамоянд. Дар барнома мо кўшидем, то интерфейс барои истифодабарандагон фаҳмо ва ҷолиб бошад.
Дар олами технологӣ ва барномасозӣ системаи CRM (Customer Relationship Management) дар доираи таъминоти барномавӣ барои идоракунии муносибатҳои байни истифодабарандагон хизмат мерасонанд. Дар ширкати ҶДММ «Vatan ICT» фаъолияти Адиба Ёқубова хеле назаррас аст. Ў мегўяд, ки он ба мо имкон медиҳад, ки тамоми равандҳои асосӣ аз бақайдгирии истифодабарандагон то назорати истифодабарӣ, ҳозиромадӣ ва иртиботи дуҷонибаро дар як платформа мутамарказ созем.
Проект-менеҷерон сутуни асосии идоракунии ҳама гуна барномаҳои технологӣ мебошанд. Дар барномаи таъминоти онҳо на танҳо вазифаи ҳамоҳангсозӣ доранд, балки масъули банақшагирӣ, идоракунии захираҳо ва назорати натиҷаҳои ниҳоӣ низ ҳастанд.
Азиза Ҷўраева, масъули система иброз дошт, ки маҳз тавассути кори мунтазам ва масъули проектменеҷерон барномаҳо, ба монанди идоракунии Face ID ва CRM барои корхонаҳоро ба сатҳи олӣ расонданд.
Рақамикунонӣ, ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди муосир, ба иштироки фаъоли бонувон ниёзи ҷиддӣ дорад. Он раванди идо- ракуниро шаффоф, хидматрасониро дастрас ва имкониятҳои зеҳнӣ-касбии занонро боз ҳам васеъ мегардонад. Дастрасии бештар ба маълумоти рақамӣ, кор дар платформаҳои онлайн ва имкони соҳибкасб гардидани бонувон дар соҳаҳои IT барои рушди устувори ҷомеа ва ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Гулшан ҶЎРАЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо












