БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тут меваи биҳиштист

Иҷтимоъ

Ба қавли сокини деҳаи Шидзи ноҳияи Рўшон Мародбекова Гуланор тут меваи биҳиштисту зери по кардани донаи он убол аст.

Мавсими имсола барои мевапарварон бобарор омад. Бахусус тут ҳосили фаровон баст. Бонуи барнодили солманд Гуланор, меҳнатқарин, танҳо аз ҳисоби фурўши тут қариб 20 ҳазор сомонӣ суд ба даст овард. Чидану хушкондани тут кори заҳматталаб буда, диққат, тоқат ва вақти зиёд талаб мекунад.

Меваи тут аз шохи дарахт чида намешаваду вақте аз таъсири шамоли сабук донаҳои зиёди пухтаи он рўйи сабзаи боғ мерезанд, мавсими тутчинӣ сар мешавад. Барои намуд ва сифати худро гум накардани мева зарур аст, ки он бояд зуд чида шавад. Дар рўзҳои тутрезии зиёд бонувон аз субҳи содиқ ба чидани он сар мекунанд. Гуланор ҳанўз вақте дар осмон ситораҳо чашмак мезананд, ба тутчинӣ даст мезанад. Мавсими тутчинӣ ва хушкондани он ду моҳ идома меёбад.

Бонуи солманди меҳнатқарин бидуни эҳсоси хастагӣ аз субҳ то шом тут мечинад, зеро ҷамъоварии донаҳои меваи биҳиштро то донаи охирин барои ҳар кас савоб медонад. Дар баробари ҳунари бофандагӣ, ки ў дар айёми ҷавонӣ бо худ аз деҳаи дурдаст ба хонаводаи навашон овард, дар ин ҷо боғдориву тутчинӣ ба яке аз шуғлҳои асосии рўзгорашон табдил ёфт.

- Сокинони ноҳия ба ин меваи биҳиштӣ муносибати махсус доранду тутзорҳоро ҳифз менамоянд ва ҳар донаи онро, ки барояшон чун донаи гандум қадр дорад, бо эҳтиёт ва эҳтироми бузург мечинанду намегузоранд, ки зери по шавад, - мегўяд А. Мародбекова.

Меваи биҳишт будани тутро Гуланор ҳанўз дар айёми кўдакӣ аз нақли калонсолон шунида буд. Агар дар баъзе минтақаҳои дунё биринҷ ва картошка нони дувум маҳсуб ёбанд, дар аксар навоҳии ВМКБ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 маҳз меваи тут мардумро аз қаҳтиву гуруснагӣ наҷот бахшид. Дар вақти камбуди нони гандумӣ ва ҷавӣ тут, тутпис ва талқон ҷойи онро иваз намуда, ба инсонҳо ҷон ва мадор мебахшиданд. Мутаассифона, даҳсолаҳои охир дар бархе аз ноҳияҳо раванди аз байн рафтани тутзорҳо ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфтааст. Даврае буд, ки ба далели камбуди барқ ва ниёз ба маводи сўхт дар қатори бед тутзорҳо зери захми табар қарор мегирифтанд. Фаро расидани зиндагии серу пур низ ба буридани ниҳолҳои тут хотима нагузошта, аз ҷумла дар ноҳияи Шуғон, дар боғу ҳавлиҳои мардум дарахтони тут хеле кам ба назар мерасанд. Танаи дарахти тут ҳамчунин ашёи хоми муносиб барои тарошидани созҳои мусиқӣ, аз қабили навъҳои гуногуни дутору рубоб буда, ба ин мақсад низ ниҳоли тутро мебуранд.

Имрўзҳо сокинони ноҳияи Рўшон дар ҳар ҳолат тутзорҳоро аз захми табар ҳифз намуданду алҳол минтақа ба калонтарин истеҳсолкунандаи ин намуди меваи нодир табдил ёфтааст. Боғдорон ба мисли Гуланор Мародбекова то як тонна ва аз он бештар ҳам меваи хушсифати тут ҷамъоварӣ намуданд. Бо назардошти хосиятҳои давоии мева талабгорон ва нархи он сол ба сол афзоиш ёфта, тоҷирони чиниву эронӣ як килограммашро бо нархи бештар аз 40 сомонӣ харид менамоянд.

Ба қавли олимони Пажўҳишгоҳи биологии Помир, тут аз ангиштоб бой буда, ба намуди меваҳои нодир дар ҷаҳон медарояд, ки пас аз истеъмол пурра дар рўдаи инсон ҳазм мегардад. Фестивали «Тут - меваи биҳишт», ки бо ибтикори МИМҲД-и ноҳияи Рўшон доир шуд, маҳсулоти фаровон ва рангоранг аз ин меваи нодирро ба намоиш гузошт.

Гуланор дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна дар хоҷагие, ки ба чорводорӣ ва зироаткорӣ тахассус дошт, ба кор даромад. Духтараки доно ва меҳнатдўст аз ҳисоби ҷавонон бригадаи ҷавонон таъсис дода, бо натиҷаҳои истеҳсолӣ зуд шуҳрат ёфт ва ўро ба узвияти Шурои мақомоти роҳбаркунандаи ноҳия пазируфтанд. Сипас, барои таҳсил ба Совхоз-техникуми Қўрғонтеппа фиристонданду вай бо ихтисоси байтор ба ҷойи кори пештарааш баргашт. Ин духтараки некусириштро, ки талошҳои пайваста ва меҳнати содиқона дар ҷодаи касбӣ дошт, хостгорон таги чашм карданду тақдир ўро ба деҳаи Шидз овард. Тули умри минбаъдааш дар ин ҷо ў бо ҳунари бофтани ҷўробу шероза ва боғдорӣ ба хонаводаашон баракат афзуда, бо шавҳар чор фарзанди солеҳ ба воя расонд. Дар замини наздиҳавлигии боғпарвар 23 бех тут мавҷуд аст, ки чанде аз онҳо умри қариб садсола доранд.

Дар заминаи меваи тут ва бо шарофати заҳмати чунин кишоварзоне ба мисли бону Гуланор дар шаҳру ноҳияҳои вилоят коргоҳҳои зиёди коркарди мева таъсис ёфтанд, ки корхонаи истеҳсолии «Тути Помир» яке аз онҳост ва моли хушсифаташ дар дохилу хориҷи кишвар муштариёни зиёд дорад.

                                                                                                                         М. ШОҲҶАМОЛ,

                                                                                                                             ноҳияи Рўшон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 29)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон