БОЙГОНӢ

«    Январ 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

 Ифтихор аз мақоми хеш доранд

Иҷтимоъ

Фарзона Ҳофиззода баъд аз як давраи кўтоҳи омўзгорӣ соли 2011 фаъолияти худро дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҳамчун мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр оғоз намуда, соли 2013 мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД-и шаҳри Бўстон таъин гардид. Пас аз фаъолияти самарбахш ба симати сармутахассиси ҳамин шуъба чун бонусарвари озмудашуда соли дуюм аст, ки ҳамчун мудири бахш занону духтарони шаҳрро сарвар асту кору зиндагии осоиштаи ононро ҳамчун хидматчии давлатӣ парасторӣ мекунад.

Самти фаъолияти мо аслан аз қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан фармони №5 аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» маншаъ мегирад. Амру супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва МИМҲД-и шаҳри Бўстон низ фаъолияти рўзафзуни моро ба танзим медароранд,- гуфт дар ибтидо бонуи сарвар.

Аз шумораи умумии 20054 нафар зан имрўз 11076 нафар коргарбонувони доимӣ мебошанд, ки бо шаҳодати рақамҳо онҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмону саноат ва соҳибкорӣ фаъолият менамоянд. Бо мусоидати бонуи сарвар баҳри пешбурди соҳибкории бонувони маҳаллӣ соли равон тавассути бонкҳою ташкилотҳои қарздиҳанда ба 15 нафар зан қарзҳои бефоиз дода шуданд. Ҳамчунин, 130 бонуи хонашин давоми сол бо корбарии мудири бахши занҳо ба курсҳои кўтоҳмуддати касбомўзӣ ҷалб гардид.

 

Бо мақсади пурзўр намудани механизмҳои пешгирии зўроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зўроварӣ дар оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон корҳои муайян ба сомон расонда шудаанд. Дар ҳудуди ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, маҳаллаҳои шаҳр ва қисмҳои низомӣ соли ҷорӣ бо иштироки зиёда аз 3750 нафар занону духтарон вохўриву мулоқот доир намуд. Ҳамзамон, бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр дар робита бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаҳри Бўстон ва гурўҳҳои фаъол ҳамкориро ба роҳ монда, бо шаҳрвандон амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» гузаронда, бо оилаҳои ноустувор корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд. Аз ҷониби аъзои гурўҳи «Мурососоз» борҳо бо оилаҳое, ки дар марҳалаи пошхўрӣ қарор доштанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуданд, ки, хушбахтона, пас аз ин тадбирҳо пошхўрии оилаҳо дар ҳудуди шаҳр ба маротиб коҳиш ёфт.

Бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон, ташвиқи либоси миллӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, хўришҳои болаззат, баланд бардоштани завқикадбонуӣ ва ҳунари дастархонороӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, дар ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳо, инчунин, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пайваста вохўрию чорабиниҳои хотирмон доир мегарданд. Имсол ҳам бузургдошти Рўзи Модар, ҷашнҳои Сада, Наврўз, Тиргон, Меҳргон, озмуни «Сад ранги чакан» дар ҳудуди шаҳр фараҳбахш доир гаштанд, ки духтарони ҷавон ва занҳои хонашину коргар чун тарроҳ ва кадбонуҳои беҳтарин маҳсули дастони худро, аз қабили дўзандагию бофандагӣ, муҳрабофӣ, рассомӣ, таомҳои миллӣ ба ҳозирон муаррифӣ намуданд.

Ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» Ганҷинамо Раҳмонова ба даври вилоятӣ роҳ ёфта, чун чеҳраи кадбонуҳои чирадасти шаҳр бо маҳорати омода намудани таомҳои миллӣ, хўришҳои болаззат ва ҳунари баланди дастархонороӣ дар бахши «Беҳтарин ороиши дастархон» бо дипломи дараҷаи аввал ва туҳфаи хотиравии раиси вилояти Суғд сарфароз гардид.

 

Бино ба гуфти мудири бахши занон, дар арафаи Иди Модар раиси шаҳри Бўстон Фирўза Нуруллозода ва сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИМҲД-и вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода, як қатор модарони барўманд, собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрро расонданд. Муваффақияти дигар ин аст, ки дар радифи 200 нафар ғолиби грантҳои президентӣ барои соли 2025 занҳои ҳунарманди шаҳри Бўстон Мухбирахон Ҳоҷибоева, Ойгул Салехова ва Соҷидамоҳ Ҳамдамова низ аз ин туҳфаи Сарвари давлат баҳравар шуданд, ки лоиҳаҳои онҳо ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ равона шудаанд. Бо ин иқдом занони ҳунарманд дар рушди иқтисоди маҳаллӣ ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.

Тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон аз корҳои ҳаррўза ва доимии бонуи ҷавон маҳсуб ёфта, ҳамасола 15-уми май дар ҳудуди шаҳр Рўзи байналмилалии оиларо бо иштироки васеи занон бошукўҳ таҷлил менамояд. Имсол бахшида ба ин сана раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба дидорбинии оилаҳои намунавӣ омада, собиқадорони соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаи тандурустиро аёдат намуд, ки ин умедвориҳои модаронро ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ даҳчанд кард.

Бонуи кордону пурмасъулият Фарзона Ҳофиззода аз ташаббусу дастовардҳои занони шаҳри Бўстон ифтихор дорад. Ў қоил аст, ки имрўз бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан-модари тоҷик мақому манзалат, мавқею ҷойгоҳи худро дар ҷамъият пайдо намудааст.

                                                                                                                       Рустами НАЗИР,

                                                                                                               Душанбе-Бўстон-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 43)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон