БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ноҳия ояндаи дурахшон дорад

Иҷтимоъ

Дар партави корҳои бузурги ободонӣ, ки ба истиқболи ҷашнҳои фархундаи кишвар бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сартосари мамлакат ҷараён доранд, тайи ду панҷсолаи охир дурдасттарин рустоҳои мамлакат ободу сарсабз шуда исто- дааст. Дар баробари сохтмони ҳазорон иншооти гуногуни соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу бахшҳои иҷтимоӣ ва қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ, роҳу шоҳроҳҳои пайвандгари минтақаҳо ба марказҳои маъмурӣ ва кишварҳои ҳамҷавор таъмиру азнавсозӣ мешаванд. Бунёди инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ ва садҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияи замонавӣ идомаи татбиқи ҳадафҳои бузургеанд, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати рў ба рушд муаррифӣ менамоянд.

 

Ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки бо иқтидори назарраси истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи хоми пахта дар таъмини бозори истеъмолӣ ва содироти молу маҳсулоти гуногун ба хориҷи кишвар ҳиссаи муҳим мегузорад, ҳамакнун, дар марҳалаи ташаббусҳои ободонӣ низ дар сатҳи вилоят нақши пешоҳангӣ дорад. Дар радифи суръати тоза гирифтани иқдомҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди шоҳроҳи ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалӣ пайки накуест, ки ноҳияро бо шоҳроҳи Душанбе – Кўлоб- Кулма мепайвандад.

Бинобар гуфтаи Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Фархор, оғози марҳалаи рушду ободонӣ ва симои муосири шаҳраку деҳкадаҳои ноҳия аз тадбирҳои ояндасози Пешвои миллат сарчашма мегирад, ки зимни ироаи Паёми хеш дар соли 2017 зарурати дастаҷамъона идома бахшидани корҳои ободониро аз марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо то шаҳраку деҳот, маҳаллаҳои аҳолинишину рустоҳои дурдаст ба миён гузошта буданд. Мардум бо дарки моҳияти оғози марҳалаи нави рушди Меҳани азиз ва руҳбаландӣ аз эътимоду боварии Сарвари давлат ба қудрати бузургу созандаи халқи азизаш, ки бо заҳмати содиқона дар пешрафту ободии Ватан ҳиссаи сазовор хоҳанд гузошт, камари ҳиммат бастанд. Тибқи нақша-чорабиниҳои МИМҲД- и ноҳия ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди Фархори бостонӣ сохтмону азнавсозии 435 бинову иншооти гуногуни хидматрасонӣ пешбинӣ гардида, аз ин 258 адад давоми солҳои 2022–2024 ба истифода дода шудааст. Ҳамакнун, соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 66 иншоот ва барои соли 2026 бунёди 111 бинову иншоот дар нақша аст.

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҳалҳо бозгўи он аст, ки рўз аз рўз симои наву замонавӣ пайдо кардани деҳу маҳаллаҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ҳанўз аввали кор асту дар баробари нақшаҳои пешбинигардидаи сохтмонӣ, иловатан соҳибкорону саховатпешагони ватандўст дар корҳои ободониву рушди деҳот саҳми худро гузошта истодаанд. Аз лиҳози сатҳу сифати бунёдгузории иншооти хуштарҳу замонавӣ, фарзандони барўманду ватандўсти Ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор намунаи ибрат маҳсуб меёбанд, ки имрўз зодбуми хешро ба яке аз зеботарин деҳкадаҳои вилоят табдил дода истодаанд. Ифтитоҳи иншооти хуштарҳу зебои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №4, Кохи фарҳанг, Беморхонаи минтақавии «Ориён» ва шуъбаи тавал- луд, ҶДММ «Маркази ташхисию табобатии Ориёно», дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ, шуъбачаи минтақавии ВКД дар деҳоти мазкур намунае аз бунёдкориҳои панҷ соли охир аст, ки ба симои маҳал ҳусну ҷилои беназир бахшидааст.

Ба гуфтаи Фахриддин Зайниддинзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Фархор, илова ба ташаббусҳои ватандўстонаи ободгарон, имрўзҳо дар ҳудуди деҳоти Фархор сохтмони идораи Ҷамоат ва Литсейи касбии техникӣ барои хонандагони болаёқат идома дорад, ки он барои толибилмони тамоми ноҳияҳои минтақа нигаронда шудааст. Литсейи мазкур бо ҳама ашёву технологияи муосири таълимӣ муҷаҳҳаз буда, дархобгоҳи он барои 250 нафар наврасон шароити буду бош фароҳам оварда мешавад. Дарвоқеъ, ташаббусҳои созандагӣ ба хотири беҳдошти сатҳу сифати зиндагӣ, таъмини ҷойи кор ва беҳтарин шароитҳо баҳри хидматрасониҳои иҷтимоии аҳолӣ буда, ҳамчунин, ин ҳама ободониҳо баҳри маърифатнокӣ, ҳам тарбияи насли ояндаи ин диёр дар руҳияи муқаддасоти миллату давлатдорӣ ва мафкурасозии ватандўстона миёни сокинон таъсиргузор аст.

Мурури қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва ободониву ҳуснороии кўчаву маҳаллаҳо, зиндагӣ дар деҳкадаҳои Тоҷикистон низ ранги дигар мегирад, зеро инкишофу тараққиёти ҳар як кишвар аз донишу маърифати насли саодатманди он бастагӣ дорад, ки дар муҳити ободу фароҳамии беҳтарин шароитҳои иҷтимоӣ ба воя расидаанд. Аз раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Фархор бармеояд, ки аз шумораи умумии иншооти солҳои охир бунёдгардида, 3 адади он муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, ки барои 1720 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар ин давра 102 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 4208 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуда, таъмири асосии ду муассисаи таълимӣ, сохтмони 6 бунгоҳи тиббӣ, 11 маркази саломатӣ, 3 таваллудхона, 2 маркази ташхисӣ, 1 клиникаи замонавӣ ба анҷом расонда шудааст. Дар самти таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо бошад, шуруъ аз соли 2022 дар ноҳияи Фархор 56,7 километр асфалтпўш ва 55 километр сангфаршкунии роҳҳо, таъмиру бунёди 15 пули мошингузар, 16 корхонаи саноатӣ, варзишгоҳи марказӣ ба анҷом расонда шуда, 8 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар умум, ташаббусҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои фархундаи кишвар дар тамоми шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор бо ҷўшу хурўш идома дошта, заҳматкашони ин диёри файзбор дар баробари саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти ҷашнӣ, ҳамзамон, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ камари ҳиммат бастаанд. Бо дарназардошти яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии мамлакат ба ҳисоб рафтани Фархор ва нақши муҳими соҳаи кишоварзии он дар таъмини некуаҳволии сокинон, Ҳукумати кишвар ҷиҳати афзоиши майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ ва ба ин васила рушди бахшҳои боғпарварӣ, чорводорӣ ва ҳосилнокии маҳсулоти ғалладонагӣ,картошка, сабзавоту полизӣ соҳаи занбўриасалпарварӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ин минтақа таваҷҷуҳу ғамхориҳои хосса зоҳир менамояд. Биноан, сокинони ободгари ноҳия бо умеду хушбинӣ ба ояндаи дурахшони Меҳан ва азму мароми истиқболи арзанда аз Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳама арсаҳои корзор ҷаҳду талош доранд.

                                                                                                         Ҷамол УСМОН,

                                                                                                           ноҳияи Фархор

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон