БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Симои нави ноҳияи кӯҳан

Иҷтимоъ

Таърихи ноҳияи Ҷаббор Расулов хеле қадим ва як қисми ҷудонашавандаи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, то Инқилоби Октябри соли 1917 дар Россия яке аз уездҳои Хуҷанд ба ҳисоб мерафт. Имрӯз фаъолияти асосии мардуми онро соҳаи кишоварзӣ ташкил менамояд ва онҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ зарбдорона заҳмат мекашанд. «Бонувони Тоҷикистон» бо муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Зумрад Муталлибзода суҳбате орост, ки фишурдаи онро манзури хонанда мегардонем.

       - Ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз воҳаҳои калонтарини аграрии кишвар ба ҳисоб меравад ва то соли 1993 Пролетар унвон дошт. Аз сарчашмаҳо бармеояд, ки ин гӯшаи сарзамини тоҷикон таърихномаи пурмуҳтавое дорад.

- Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо номи Пролетар дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи марказии РСС Тоҷикистон аз 21-уми январи соли 1935 таъсис ёфтааст. То соли 1935 стансияи Драгомиров ва колхозҳои он ба ноҳияи Нов, ҳоло Спитамен, тааллуқ доштанд. Президиуми КИМ СССР бо қарори худ аз 17-уми сентябри соли 1935, №12 қарори Кумитаи марказии иҷроияи РСС Тоҷикистонро дар хусуси ташкили ноҳияи Пролетар тасдиқ кард. Номи маркази ноҳияи Пролетар - стансияи Драгомиров ба стансияи Пролетар тағйир дода шуд.

Кумитаи иҷроияи ноҳияи Пролетар талаб ва хоҳишҳои меҳнаткашонро ба инобат гирифта, бо қарори худ аз 12-уми июли соли 1993 ба ноҳия номи арбоби сиёсию давлатӣ Ҷаббор Расуловро гузошт. Масоҳати ноҳия 321,4 километри мураббаъ буда, 13,2 фоизи масоҳати вилояти Суғдро ташкил медиҳад.

Ба таърихи 1-уми январи соли 2026 аҳолии ноҳия, ки аз 28 деҳа, як шаҳрак ва 5 деҳот иборат аст, 153 ҳазору 100 нафар мебошад. 87,4 фоизи аҳолӣ дар деҳот ба сар мебарад, барои ҳамин хоҷагии қишлоқ аз соҳаи асосӣ маҳсуб меёбад.

 

- Солҳои охир ба рушди фарҳанг таваҷҷуҳ афзуд, чандин муассисаҳои фарҳангӣ бунёду мавриди истифода қарор гирифтанд. Мегуфтед, ки барои густариши маънавиёти мардум дар ин самт боз чӣ гуна тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд?

-Дар ноҳия Кохи фарҳанги «Гулистон», Мактаби санъати бачагонаи ба номи Додоҷон Қутбиддинов, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, Хона-осорхонаи ба номи Бобохон Ҳамдамов, марказ ва боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, китобхонаҳои марказӣ ва бачагона, 20 китобхонаи деҳотӣ, 14 клубу хонаҳои фарҳанг фаъолият мебаранд.

Дар Кохи фарҳанги «Гулистон» чор ансамбли ҳунарӣ -ансамблҳои шашмақомхонони «Нури ниёгон», фолклорӣ-этнографии «Пайванд», эстрадии «Сабо» ва рақсии «Таманно» фаъолият доранд. Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва дастгирии истеъдодҳои наврасу ҷавон байни ҳаваскорон маҳфилҳои худфаъолиятии клубу хонаҳои фарҳанг озмуни ноҳиявии «Маҳфилоро» баргузор гардид, ки дар он 12 клубу хонаи фарҳанги деҳот ширкат варзида, ҳунару истеъдоди худро нишон дод.

Китобхонаи марказӣ ва китобхона-филиалҳо бо китобҳои нави бадеӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо таъминанд.

Дар озмуни вилоятии «Китобдори сол-2025», ки дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ баргузор гардид, китобдори китобхона-филиали №19 Меҳршод Қозизода сазовори ҷойи ифтихорӣ шуд. Ҳашт нафар ғолиби даври вилоятӣ дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар шаҳри Душанбе ширкат варзид. Дар маросими ҷоизасупорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳамаи 8 нафар сазовори ҷоизаи озмун гардиданд.

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» баргузор гашт ва аҳли фарҳанги ноҳия бо баромади худ сазовори ҷойи сеюм шуд.

- Соҳаи саноат дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир дорад. Мегуфтед, ки дар ноҳия баҳри таъсиси коргоҳҳои нав, афзун намудани маҳсулоти рақобатпазир чӣ чораҳо андешида шудаанд?

- Имрӯз дар ноҳия 71 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ фаъолият дорад. Тибқи таҳлилҳо аз шумораи умумӣ 43 адад фаъолияти доимӣ дошта, 28 корхона мавсимист. 822 сокини маҳаллӣ бо кори доимию мавсимӣ таъмин аст. Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 473 миллиону 927 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 21 миллиону 982 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 100,3 фоизро ташкил медиҳад. Соҳибкорон аз дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳраманд буда, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» соли 2025 дар ноҳия 5 корхонаи саноатӣ бо истеҳсоли коркарди регу шағал, бетон, хишти пухта ва дару тирезаҳои пластикӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.

- Маорифро таъминкунандаи рушди устувори давлат меноманд. Дар ноҳия дар ин самт чӣ тағйирот ба амал омад?

- Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки солҳои охир завқи наврасону ҷавонон ба таҳсил, аз худ намудани илму дониши замони муосир, технологияҳои пешқадам ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ хеле боло рафтааст. Айни ҳол дар ноҳия 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият мебаранд. Дар муассисаҳои томактабии ноҳия фарогирии тарбиятгиранда 4 ҳазору 981 нафар буда, аз ҷумла дар муассисаҳои томактабии хусусӣ 620 нафарро ташкил намуда, дар 208 гурӯҳ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ таҳсил менамоянд. Ҳамчунин, 38 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, литсей барои хонандагони болаёқат, гимназия, мактаб-кӯдакистон, МТМУ-и хусусии «Пайравон», МТМУ-и хусусии «Гулоро» фаъолият доранд. Шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 31 ҳазору 572 нафар буда, аз ҷумла 15 ҳазору 630 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Инчунин, дар ин давра 1 ҳазору 925 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1551 зан дар соҳаи маориф кор мекунад, ки аз он 1 ҳазору 743 нафар дорои маълумоти олӣ, 93 нафар олии нопурра ва 89 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар давраи ҳисоботӣ дар олимпиадаҳо 981 нафар иштирок намуда, 29 нафар медали тилло, 57 нафар медали нуқра ва 117 шогирд медали биринҷӣ гирифта, дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд. Аз санаи 29-уми июн то 7-уми июли соли 2025 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» баргузор гардид, ки дар он 31 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, 24 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардид. Аз ҷумла, 1 нафар ба медали тилло, 7 нафар ба медали нуқра ва 16 нафар ба медали биринҷӣ мушарраф шуд. Ҳамзамон, дар Олимпиадаи байналмилалӣ 1 хонанда аз фанни забони англисӣ дар кишвари Камбоҷа сазовори медали нуқра, 1 шогирд дар кишвари Ветнам аз фанни математика ҷойи ифтихорӣ ва 1 нафар дар кишварҳои Малайзия ва Камбоҷа аз фанни математика сазовори медали нуқра гардид.

Соли 2025-ум 3400 хонандаи ноҳия дар 9 намуди олимпиадаи байналмилалӣ ширкат варзида, 673 нафар, аз ҷумла 165 нафар соҳиби медали тилло, 206 нафар сазовори медали нуқра ва 302 нафар дорои медали биринҷӣ гаштанд. Боиси ифтихор аст, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 2 нафар дастпарвари муассисаи таълимии ноҳия дар даври ниҳоӣ соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардид. Дар соли 2025 ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ 36 синфхонаи иловагӣ, 8 майдончаи варзишӣ ва 4 толори варзишӣ сохтем.

- Ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯз аз рӯз симои худро дигар мекунад. Дар бораи бунёди иншооти муҳими давлатӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, хосатан омодагии ноҳия ба Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чӣ арзёбӣ менамоед?

-Бо мақсади татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми марти соли 2022 «Дар бораи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 600 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, маблағи он 262 миллиону 417 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2025 ҳамаи бандҳои нақшаи чорабинӣ пурра иҷро гашта, 1044 ҷойи кор муҳайё шуд. Дар ин муддат тибқи нақша 5 коргоҳи истеҳсолӣ, 3 бинои хизматрасонии тиббӣ, 10 бинои таълимӣ, 7 майдончаи варзишӣ, 124 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 6 бинои истиқоматии баландошёна ва 445 иншооти таъиноташон гуногун сохта, ба истифода дода шуданд. Танҳо дар соли 2025 тариқи ҳашар бо ҷалби соҳибкорон, саховатмандон ва аҳолӣ 163 километр роҳи маҳаллӣ пурра асфалтпӯш гардид. Сокинон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар роҳи ободӣ қадамҳои устувор гузоштанд. Ба нақшаи ҷашнӣ боз 100 банд илова шуд, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.

                                                                                      Гулҷаҳон МАҲКАМОВА

                                                                                                  ноҳияи Ҷаббор Расулов

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 16)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон