БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хизматчии шоиста

Иҷтимоъ

Ӯ аз зумраи меҳтарони номдори ноҳия ба ҳисоб меравад, ки тӯли зиёда аз 36 соли фаъолияти хизматӣ бо кордониву ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хулқи шоиста барои ҳамкоронаш азизу соҳибэҳтиром аст. Ҳанӯз даҳ сол пеш мансабдорони баландпоя иқрор доштанд, ки ҳатто як рӯзи фаъолияти кормандони Дастгоҳи раиси ноҳия бе ҳузури Хатичабону тасаввурнопазир аст.

 

Апаи Хатича, ӯ бо ҳамин унвон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, миёни кормандону хизматчиёни мақомоти маҳаллӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа соҳибэҳтиром аст. Айни замон мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳия мебошад.

Оғози фаъолияти хизматиаш ба соли 1990 рост омад, ки бо тақозои ба забони давлатӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ӯро бо роҳнамоии падари шавҳараш дар шуъбаи коргузории Кумитаи иҷроияи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кор гирифтанд.

-Толеам баландӣ кард, ки баъди ба ҳаёти мустақилона қадам гузоштан бо дастгириву ҳидояти зодмандони ҳамсарам фаъолиятро дар соҳаи хизмати давлатӣ оғоз намуда, баъди таваллуди фарзанди дувум ба факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шудам, — иброз медорад Хатича Абдуллоева. — Дар он давра кулли кормандони шуъбаи коргузории ҳокимияти ноҳия бонувони русзабон буданд. Ҳаминак панҷ сол дар зинаҳои сарпешоҳанги мактаби зодгоҳ ва шуъбаи кадрҳои Колонаи сайёри №16-и ноҳияи Хуросон масъулият доштам.

Бо шарофати инсонҳои наҷибе мисли рӯзноманигори хушқалам Амирбек Субҳонов, ки мудирияти шуъбаи мазкурро ба уҳда дошта, донишу таҷрибаи хешро барои кадрҳои ҷавон дареғ намедоштанд, дар як муддати муайян ҳуҷҷатгузорӣ дар МИҲД-и ноҳия ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуд. Ҳосили заҳмати устодони роҳнамо буд, ки баъди панҷ соли фаъолияти пурсамар маро ба вазифаи мудири бахши кор бо арзу муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин намуданд.

Пас аз нобасомониҳои солҳои 90-ум, ки бар замми масъулияти ҳуҷҷатгузориву ҷо ба ҷо гузории муҳоҷирони иҷборӣ ва бартарафсозии масоили мушкилзои онон, аз сӯйи дигар, афзудани муроҷиати қишри ниёзманди ҷомеа, ки ҳисобаш бешумор буд, барои фаъолият дар МИҲД, бахусус бахши қабули арзу муроҷиати шаҳрвандон, иродаи устувор мебоист. Хатича Абдуллоева, парвардаи хонадони коргари одӣ, ки насиҳати хушбинӣ ба ояндаи нек ва обутоб гирифтан дар сахтиҳои рӯзгорро аз аҷдодони заҳматпешааш бардошта буд, сарбориҳои идориву реҷаи кории аз субҳ то шабонгоҳиро имтиҳони зиндагӣ мегуморид.

-Сарфи назар аз имкониятҳои маҳдуд ҷиҳати дастгириву расондани кумакҳои гуногун ба ниёзмандон, талаботи ҷиддии роҳбарияти мақомоти болоӣ буд, ки муроҷиати шаҳрвандон сари вақт баррасӣ ва натиҷагирӣ карда шуда, арзу шикояти мардум беҷавоб монда нашавад, - аз он рӯзҳо ёдовар мегардад апаи Хатича. - Дар он давра бонувон дар соҳаи хизмати давлатӣ камшумор, валекин ҳамагӣ кадрҳо гулчиншуда буданд, ки аз иҷрои масъулиятҳои ба зимма доштаашон ва ҳам ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба хубӣ мебаромаданд. Ин буд, ки иддае аз фаъолзанон ба мансабҳои роҳбарӣ пешбарӣ шуданд. Аз ҷумла, баъди такмили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон таъсис ёфт ва мудирияти онро ба ман вогузоштанд. Ҳамзамон як давра вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва се даъват вакили Маҷлиси вакилони Ҷамоати Хоҷамастон будам.

Солҳои кориашро ба симати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳия даврони саҳми бештар гузоштан дар рушду инкишоф ва саҳмгузорӣ дар ташаккули афкори ҷомеа меҳисобад. Чаро ки дар баробари нақши меҳварии шуъба дар тақвияти ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти маҳаллӣ, ҳамвора аз бонувони сиёсатмадоре амсоли Хидирзода Махфират ва Хосият Неъматова донишҳои зиёде дар риштаҳои маънавиёт, ҷомеашиносӣ ва маҳорати ҳамкориву таваҷҷуҳи мардум ба масоили мубрами ҷомеаро омӯхтааст. Ба ин хотир, зимни суҳбату роҳнамоиҳо ҷавонони дар арсаи фаъолиятҳои ҷамъиятиро пайваста талқин менамояд, ки аз мактаби таҷрибаи ин гуна бонувони донишманду хушсалиқа баҳраманд гарданд.

Сарфи назар аз тақвият бахшидани самти маърифатнокии аҳолӣ ва ҷоннок бахшидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳам суҳбату вохӯриҳои дар ҳама сатҳ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, боз ҳам фаъолгардонии гурӯҳҳои таблиғотӣ тариқи «Хона ба хона», «Деҳа ба деҳа» ва тарбияву омодасозии кадрҳо дар соҳаи маънавиёт аз мавзӯъҳои ҳамешагиву мубрами рӯз арзёбӣ мегардид.

-Дар асоси муқаррароти самти омодасозии кадрҳои захиравӣ ба неруи ҷавонон, ба вижа занону духтарони лаёқатманд афзалият медиҳем, — мегӯяд Хатичабону. Алҳол шумораи бонувони роҳбар ба 75 нафар мерасад. Ҳамчунин, як нафар зани фаъол вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, 1 тан вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 11 нафар вакилони ноҳиявӣ ва 44 нафар вакилзанон дар маҷлисҳои ҷамоатҳо фаъоланд. Ҳамчунин, дар пешбурди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳузури ҷинси латиф аз мардон бештар буда, дар самти соҳибкорӣ бошад 600 нафар бонувони муваффақ дорем. - Аммо бо ин нишондодҳо қонеъ нагардида, тарбия ва омодасозии кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз масоили ҳамарӯзаи кормандони ҳокимияти давлатӣ боқӣ мемонад, — изҳор менамояд бону.

Бонувон саодатманди даврони Истиқлол аз таваҷҷуҳу дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ ва шароитҳои илму ҳунаромӯзиву фароҳам овардани имкониятҳо дар ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ неруи тоза гирифта, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Хосса, дар ин шабу рӯз бонувон баробари ҷавонмардон дар иҷрои нақши чорабиниҳои ба истиқболи ҷашнвораи бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд. Хушбахтона, то фарҷоми соли гузашта аз 215 иншооти ҷашнӣ бунёди 190 иншоот ба анҷом расонда шуда, аз маркази маъмурӣ то деҳкадаҳои дурдаст симои идона пайдо карда истодааст. Дар баробари ифтитоҳи садҳо биноҳои гуногуни хизматрасонӣ дар маркази ноҳия Қасри фарҳангӣ, бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, шуъбаҳои қабул ва ёрии таъҷилии Беморхонаи марказӣ ва дигар тарҳҳои муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии МИҲД, Варзишгоҳи марказӣ барои 10 ҳазор ҷойи нишаст, Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо вусъати тоза ҷараён дорад…

                                                                   Ҷамолиддин УСМОН,

                                                             ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 16)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон