Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Маҳалҳо рушд мекунанд
ИҷтимоъҲини суҳбат Мавҷинисо Касирова, раиси Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, сараввал суханро аз Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон шудани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» оғоз намуд.
Агар аз ободиҳо гӯем
Ӯ ба саховатмандию ободкории соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот, ки бевосита дар корҳои ободонию созандагии 13 деҳаи ҳудуди Ҷамоат саҳм мегузоранд, чунин ибрози андеша кард:
- Солҳои охир, сари ҳар қадам, дар ҳар ҷодаи ҳаёти деҳот навгониҳо ба вуқӯъ мепайванданд. Роҳҳои байни маҳалҳо, мактабу боғчаҳо, бунгоҳи тиббӣ ва дигар иншооти барои аҳолӣ бағоят муҳим дар ҳар деҳа обод шудаву мавриди истифодабарии аҳолӣ қарор доранд. Итминон дорам, «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон шудани соли 2026 боз таконе барои авҷи корҳои ободонии деҳот хоҳад шуд.
Чанде пеш бо дастгирии раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, соҳибкорони саховатпеша ва сокинони рустоҳо роҳи асосии деҳот, ки 12 километрро ташкил медиҳад, пурра навсозӣ карданд. Се соли охир беш аз 30 километр роҳҳои деҳаҳо пурра таъмиру тармим шуда, бошандагони рустоҳо тасмим доранд, бо фарорасии фасли гармо роҳҳои байни кӯчаю маҳаллаҳоро низ обод намоянд.
Соҳибкорони саховатманд ва кормандони Ҷамоат дар баробари таъмиру азнавсозии роҳҳо, инчунин ба хотири рушди маориф ва саҳм гузоштан ба ояндаи дурахшони кӯдакону наврасони маҳал ва ба таълиму таҳсил фаро гирифтани онҳо, дар ҳар деҳа ба сохтани мактабу боғчаҳои замонавӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ камар бастаанд.
- «Нури хат» аз зумраи боғчаҳои бачагонаест, ки дар деҳаи Баракат бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Ашӯралӣ Ҳакимов сохта ва ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар ин деҳа бо маблағи дастҷамъонаи аҳолӣ ва қисман аз ҳисоби соҳибкори номбурда як муассисаи таълимии замонавӣ ва 16 синфхонаи иловагӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Вақте соҳибкоре иқдоми сохтани ин ё он иншооти барои аҳолӣ муҳимро амалӣ менамояд, дигар нафарони саховатпеша ва аҳолӣ низ барои ободонии маҳал мехоҳанд саҳм гузоранд. Бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Аёмиддин Самадов дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода 24 синфхонаи иловагӣ дар ҳудуди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 сохта шуд, ки он бо тамоми таҷҳизоти таълимӣ мавриди истифодабарии наврасони деҳа қарор дорад, — иброз медорад Мавҷинисо Касирова.
Аксари аҳолии деҳаҳои Ҷамоат, ки аз хизмати тиббӣ баҳравар набуданд, дар сурати ниёз ба ёрии тиббӣ ба табибони дармонгоҳ ва беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор рӯ меоварданд. Алҳол ҳамаи деҳаҳои Ҷамоат соҳиби бунгоҳҳои тиббӣ мебошанд, ки маҳз бо дастгирии мардуми маҳал ва соҳибкорон таъмиру тармим ва ё аз нав бунёд гардиданд. Кормандони тиббӣ, ки аз ҳисоби бонувони деҳотанд, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонда, ҳамчунин бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Бону Мавҷинисо Касирова мегӯяд, ки мардуми деҳаҳои Баракат, Меҳробод ва Равшандилон солҳои зиёд мушкилӣ аз нарасидани оби нӯшокӣ доштанд, алҳол бо кандани 4 чоҳи амудӣ, ки тасмимгирандагонаш аҳолӣ буданд, норасоии оби тоза бартараф гардид.
-Симчӯбҳои интиқолдиҳандаи қувваи барқи деҳаҳо корношояманд ва боиси садама шуданашон аз эҳтимол дур нест. Соли гузашта беш аз 300 симчӯб аз ҳисоби маблағи аҳолӣ иваз ва 4 трансформатори нав дар деҳаҳо насб гардид, — иброз намуд раиси Ҷамоат.
Бонувон шуғле ба худ доранд
Мавсуф изҳор медорад, ки дар 13 рустои Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода 26 ҳазору 61 нафар аҳолӣ ҳаёт ба сар мебарад ва аз ин шумора 13 ҳазору 47 нафар бонувон мебошанд.Занону духтарони маҳал асосан ба кори саҳро шуғл дошта, дар самти маориф ва тиб низ теъдодашон кам нест.
-Дар 13 муассисаи таълимии Ҷамоат аксаран бонувон омӯзгоранд ва табибони бунгоҳҳои тиббӣ низ аз ҳисоби занони соҳибмаълумот мебошанд.
Солҳои охир рӯ овардани бонувон ба таҳсилоти олӣ ва соҳибкасб шудани онҳо афзудан дорад. Ҳатто арусони хонаводаҳо, ки аллакай соҳиби фарзанд шудаанд, мекӯшанд, то аз пайи идомаи таҳсил дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо шаванд.Инро замони давраи қабули довталабон ба мактабҳои олии кишвар, вақте барои дастрас намудани маълумотнома аз ҷойи истиқомат ба Ҷамоат меоянд, эҳсос менамоям. Аз шавқи донишандӯзии онҳо завқ мебарам ва талош меварзам, то ҳадди имкон ёварашон бошам, — бо ҳарорат мегӯяд бону Мавҷинисо.
Аз мушкилиҳо ҳам мегӯем
Роҳбари кордон аз ободиҳою рушди маҳал сухан гуфта, ҳамчунин зикр намуд, ки дар кори маҳалдорӣ ва муошират бо аҳолӣ гоҳе мушкилӣ низ пеш меояд.
Корҳои ободонӣ дар авҷ аст. Дар мавриди пардохти саривақтии андоз, киштукор, даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз зумраи масъулиятҳоест, ки имрӯз бечунучаро дар якҷоягӣ бо мардуми маҳал иҷро мегарданд.
-Агарчи ихтисосам омӯзгорист, беш аз 20 сол аст, ки дар Ҷамоат аз вазифаи коргузорӣ то роҳбарӣ фаъолият намудаам. Хайринисо Раҷабова, раиси вақти Ҷамоат, аз ҷумлаи бонувони фаъол ва донишманд ҳастанд, ки дар ҳамкорӣ бо ӯ нозукиҳои кор ва муносибат бо мардуми маҳалро омӯхтам ва имрӯз дар ҷараёни кор аз усулҳои кории ин бонуи соҳибтаҷриба истифода мебарам.
Вайроншавии оилаҳо доғи рӯз аст, мо наметавонем ин мушкилро сарфи назар намоем, зеро солимии ҷомеа ва рушди минбаъдаи миллату давлат ба устувории пояи хонавода пайвастагӣ дорад.Талош меварзем, то тариқи суҳбату вохӯриҳои хосса бо оилаҳое, ки дар ҳоли пошхӯрианд, онро ҷилавгирӣ намоем, вале мутаассифона, на ҳар вақт он натиҷаи дилхоҳ медиҳад.Пештар гӯё норасоии иқтисодӣ ва паст будани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ баҳона барои барҳам хӯрдани хонаводаҳо буд, аммо имрӯз бо сабабҳои ночиз ҷавонон аз баҳри оилаи солим мегузаранд.Воқеан, ин мушкилӣ боиси нигаронӣ аст ва роҳи ҳалли он дар ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазир будани аҳли хонавода мебошад, — ба суханаш хотима медиҳад Мавҷинисо Касирова.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО
Душанбе — Ҳисор — Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











