Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бонувони даврон
ИҷтимоъЯке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ соҳаи саноат буда, рушди он ба пешрафти тамоми соҳаҳо заминаи воқеӣ мегузорад.



Солҳои охир, хосатан дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи саноат эътибори хосса медиҳанд. Аз ин рӯ, баҳри боз ҳам рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим ва дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд.
Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин самт корҳои зиёде амалӣ мегарданд. Айни ҳол дар ноҳия 71 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ фаъолияти пурсамар дорад, аз ин 43 адад доимӣ ва боқӣ мавсимӣ мебошанд, ки дар онҳо 822 нафар бо кор таъмин аст.
Яке аз онҳо, ки имрӯз фаъолияти густурда дорад, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Органик Ян» мебошад. Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Давронҷон Аҳмедов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд ёфта, самти фаъолияташ тоза кардани пахта ва коркарди ниҳоии он аст. Нах ва ришта бо технологияи пешрафта истеҳсол мегарданд. Дар коргоҳ таҷҳизоти технологӣ сохти ширкати «Марзолли»-и Италия буда, технологияи инноватсионӣ маҳсуб меёбад. Таҷҳизоти наву замонавӣ аз Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин низ оварда шудаанд. Инак, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдор пахтаи тоза дар сатҳи ниҳоӣ мавриди коркард қарор мегирад.
Дар ин ҷо 220 нафар кор мекунад, ки аз ин миён 160 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. ҶДММ «Органик Ян» ба истеҳсоли риштаҳои хом машғул буда, маҳсулоташ ба ҷуз бозори дохилӣ ба Туркия, Ҳиндустон ва Покистон низ содирот мегардад.
Соли 2025 корхона 1238 тонна ришта бароварда, ба маблағи 18 миллиону 607 ҳазор сомонӣ 941 тоннаашро содирот намуд. Ҳаҷми истеҳсолот 30 миллиону 366 ҳазор сомониро ташкил дод.
Аз суҳбат бо бонувони ресанда огоҳ гардидем, ки онҳо дар се баст фаъолият намуда, барояшон тамоми шароит муҳайёст.
Марғуба Ҷабборова, сардори басти сеюми ҶДММ «Органик Ян», аз рӯзҳои аввали ифтитоҳи корхона ба фаъолият пардохтааст. Ӯ аз он меболад, ки маҳз соҳибистиқлолӣ ба занони хонашин имконият фароҳам овард, ки баробари мардон фаъолият намоянд. Марғуба зодаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз буда, соҳиби се фарзанд аст.
Зарифа Мадиёрова ташхисгар буда, ҳар рӯз сифати маҳсулоти тайёрро муайян карда, баҳри хуб ва босифат ба муштариён расондани он мусоидат менамояд. Ӯ низ зодаи шаҳраки Ғӯлакандоз аст. Коре, ки дар ташхисгоҳҳо ба анҷом мерасонад, басо масъулиятнок аст. Аз ин рӯ, Зарифаро то ба кор сар кардани комбинат чанд муддат ба корхонаи «Олимтекстайлз»-и ноҳияи Мастчоҳ, ки имрӯз бо номи корхонаи ресандагии «Арвис Зелал Текстайл» машҳур аст, барои омӯхтани таҷриба фиристоданд. Соли шашум аст, ки дар ин даргоҳ ҳамчун ташхисгар фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.
Меҳриҷон Худойбердиева шаш сол боз танзимгари таҷҳизоти ресандагӣ буда, кӯшиш менамояд, ки корашро бо сифати баланд ба иҷро расонад. Вай низ аз он шод аст, ки бо ифтитоҳи ин корхона ба бонувони ноҳия имкон фароҳам омад, ки соҳиби кор шаванд ва дар пешбурди иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузоранд.
-Имрӯз ман ҳаёти худро бе корхонаю бе таҷҳизоти ресандагӣ тасаввур карда наметавонам. Вазъи кори бонувони ин даргоҳ низ чунин аст. Дар вақти муайян ба кор меоем. Бонувони корхона дар се баст фаъолият доранд. Барояшон тамоми шароити корӣ муҳайё аст, - мегӯяд бону Меҳриҷон.
Дар суҳбат бо бонувони коргоҳ дарёфтем, ки аз фаъолияти хеш мамнунанд. Шоёни зикр аст, ки саноатикунонии босуръати кишвар имконият фароҳам овард, то ки мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Махсусан, бонувон бо ҷойҳои корӣ таъмин шуда, дар пешбурди зиндагии хеш қадаме ба пеш гузоштанд. Онҳо зикр намуданд, ки соли равон барояшон соли басо зарбдор аст. Тасмим доранд, 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гиранд.
Г. МАҲКАМОВА
ноҳияи Ҷаббор Расулов
Мубодила:
Шарҳҳо










