БОЙГОНӢ

«    Март 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳам кишоварз, ҳам омӯзгор

Иҷтимоъ

Дар марҳалаи нави рушди босуботи кишвар саҳми занону духтарон дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ басо муассир аст. 

 

Онҳо мекӯшанд дар ободию осоиштагӣ, соҳибмаърифат намудани ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷомеа ва ҳам таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас дошта бошанд. Дар радифи озмун, ки аз ҷониби маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» эълон гардидааст, ба ноҳияи Ҷаббор Расулов омадем, то дар бораи бонувони ободгар ва машъалони ҷомеа маводе омода созем.

Ноҳияи мазкур аграрӣ буда, мардум бештар ба пахтакорӣ, обчакорӣ ва асосан дар гармхонаҳо парвардани сабзавот машғуланд. Масъулин аз заҳматҳои бонуи хеле сабзкор ва соҳибмаърифат Орзугул Шерматова ҳарф заданд ва тавсия доданд, ки аз заҳматҳои пайвастаи ӯ нависем.

Бону Орзугул хушсимову кушодачеҳра буда, тамоми корҳои анҷомдодааш мароми худро дорад. Пурсидам, ки чаро маҳз соҳаи кишоварзиро интихоб кардааст? Бо табассуми зеббахше изҳор дошт, ки омўзгор аст:

— Ман хостам бо бонуи кишоварз суҳбат ороям.

— Бале, кишоварз низ ҳастам, — посух дод ӯ.

Андешидам, ки омӯзгору кишоварз зинатбахши ҳаёти имрӯзаи мост. Агар омӯзгор бо дониши худ дар вуҷуди шогирдон тухми илму маърифатро шодоб намояд, бонуи кишоварз дили заминро шодоб хоҳад кард. Ҳадафи ҳар ду якест, зинатбахши рӯзгори мардум.

 

           ЗИНДАГИНОМА

Орзугул Шерматова 28-уми декабри соли 1958 дар деҳаи Заркори Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба дунё омадааст. Дарёфтам, ки таваллуд шуданаш дар деҳа рамзист, зеро бо заҳмати ҳалол бо аҳли оила аз замини ҳосилхези худ зар меҷӯяд.

Соли 1965 ба дабистони №43-уми ноҳия қадам ниҳода, онро соли 1975 ба итмом расонд. Аз овони хурдсолӣ орзу мекард, ки омӯзгор шаваду замини қалби кӯдаконро шодоб намуда, тухми илму маърифат бикашад. Аз ин рӯ, ба факултети педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров дохил шуд. Пайваста заҳмат мекашид, то омӯзгори асил бошад. Устодон эҳтиромаш мекарданд. Орзугул духтари бебоке буд, ки пайваста барои амалӣ намудани орзуҳояш заҳмат мекашид ва соли 1979 Донишгоҳро сарбаландона бо дипломи аъло хатм кард.

 

ОРЗУГУЛ – ОМЎЗГОР

Пас аз гирифтани диплом, вай ба сӯи орзуҳояш парвоз намуд. Мехост, ки зудтар ба зодгоҳаш омада, дар дабистони худ ба кӯдакон, булбулакони боғи дониш, сабақ омӯзонад. Азбаски касби худро хеле дӯст медошт, пайваста заҳмат мекашид ва усулҳои нави таълимро ҷустуҷӯ мекард. Ҳамчун омӯзгори эҷодкор дар дили шогирдону аҳли дабистон ҷой гирифт.

Орзугул дарозои ин солҳо тавонист барои шогирдон усулҳои нави таълим эҷод намояд. Дар давоми се сол таҳсили чорсоларо ба шогирдонаш пурра омӯзонд ва ҳамчун омӯзгори эҷодкор пазируфта шуда, соли 2000 бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон қадр гардид. Бону Орзугул соли 2013 муовини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ таъин гардид. Чандин маротиба ҳамчун омӯзгори ҷавон дар озмунҳо ширкат варзида, ҷойи аввалро соҳиб шуд. Баъдтар дар ноҳия ба мақоми ғолиби озмуни «Омӯзгори сол» шарафёб гардид. Дар 46 соли таҷриба сабзиду дар вуҷуди шогирдон саҳифаҳои нави зиндагии пурмазмунро боз намуд.

 

ОРЗУГУЛ – КИШОВАРЗ

Дар баробари пешаи омӯзгорӣ, рӯзҳои фориғ аз дарс бо аҳли оила ба обчакорӣ ва сабзавотпарварӣ машғул мешуд. Соли 2000 ба ҷиҳати таъмини зиндагии осоишта замини президентӣ доданд. Бо ҳамроҳии ҳамсараш Каримҷон Боймуродов ба обчакорӣ даст заданд. Корашон самаровар буд. Онҳо дар замин донаи умед мепошиданд, то зиндагияшон беҳтару хубтар гардад.Азбаски дастони сабз доштанд, ҳосили фаровон ба даст меоварданд. Самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин барои манфиати оила, беҳтар шудани шароити зиндагии ҳар сокини мамлакат мусоидат менамояд.

Замин офаранда аст. Агар аз он мақсаднок истифода бурда шавад, ҳосили хуб ба даст меояд, дастархон пурнозу неъмат ва яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — амнияти озуқаворӣ таъмин мегардад. Аз ин рӯ, Орзугул низ аз гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, кӯшиш мекард, то ҳар як ваҷаб замини худро самаранок истифода барад.

Онҳо аввал ҷаворимакка мегирифтанд, баъд карам, бодиринг ва шалғам кишт карданд. Дар масоҳати 5 садякӣ ҳавлиашон гармхона бунёд намуданд.Имрӯз бо вай писараш Ғайрат, арӯсаш Таманно ва ду наберааш Фирӯз ва Афсона баҳри рӯёндани ҳосили фаровон заҳмат мекашанд.

Бонуи заҳматписанд изҳор намуд, ки кишоварзӣ низ мисли омӯзгорист. Дар қалби замин донаи умед пошида, онро шодоб намуда, то ҳосилдиҳӣ ва нашъунамои он ҳамакаса заҳмат мекашанд. Онҳо дар гармхонаи худ сараввал помидор кишт намуда, тамоми зимистон мардуми маҳалро бо полизҳои тару тоза таъмин менамоянд. Сипас, корҳои агротехникӣ гузаронда, бодиринг мекоранд. Ҳосили сеюми гармхона кабудӣ аст. Дар як сол 100 ҳазор сомонӣ суд мегиранд.Бале, беҳуда намегӯянд, ки дасти инсон гул аст.

Орзугул дар оиладорӣ низ намунаи ибрат аст. Ҳамроҳ бо ҳамсараш Каримҷон се нафар ниҳолаки боғи зиндагиашон: Илҳомҷон, Ғайратҷон ва Шаҳнозахонро ба камол расонданд, ки ҳар яки онҳо имрӯз дар пайравӣ бо зодмандони азиз баҳри ободу зебову дилрабо намудани Ватани файзбори хеш заҳмат мекашанд. Онҳо ният доранд, ки 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои бузург пешвоз гиранд ва барои баланд бардоштани амнияти озуқавории кишвар саҳми хешро гузоранд.

                                                                                                   Г. МАҲКАМОВА,

                                                                                               ноҳияи Ҷаббор Расулов

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_02_2026_small.pdf [2.9 Mb] (зеркашиҳо: 17)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон