БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шукӯҳи тозаи Балҷувон

Иҷтимоъ

Шукуҳи ҷалоли Балҷувони имрӯзро дида, назарҳо ба гузаштаи дури ин сарзамин меравад, ки наметавон сарфи назар аз таърих кард. Оре, Балҷувон дар асрҳои гузашта яке аз қадимтарин ва калонтарин марказҳои маъмурӣ дар аморати Бухоро ба ҳисоб мерафт. Маҳали мирнишин чун вилояти мустақил дар давраҳои бекигарии Сарахон (1856–1870) ба аморати Бухоро ҳамроҳ шуда, ба воситаи дарёи Вахш бо Ҳисор ҳамсарҳад буд. Ба ҳайати бекигарии Балҷувон ҳудуди ноҳияҳои ҳозираи Данғара, Темурмалик, як қисми Восеъ, Ховалинг, Кангурт, Сари Хосор, Ҷорубқул ва Тутқавул дохил мешуданд.

Бино ба маълумоти сайёҳи рус Покатило соли 1886 дар 15 амлоки бекигарии Балҷувон 20 ҳазор хоҷагӣ мавҷуд буд, ки 60 ҳазор аҳолӣ дошт. Аз 20-уми марти соли 1921 дар Балҷувон Ҳукумати Шӯравӣ барқарор шуда, 23-юми ноябри соли 1930 он ҳамчун ноҳия таъсис ёфт.

15-уми ноябри соли 1954 Балҷувонро ҳамчун ноҳия барҳам дода, ҳудуди маъмурии онро ба ноҳияҳои Совет (ҳозира Темурмалик) ва Ховалинг ҳамроҳ карданд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ, 2-юми феврали соли 1996, ноҳияи Балҷувон дувумбора таъсис дода шуд.

Алҳол, дар ҳудуди ноҳия дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Талхак, Қуруксой ва қариб 200 чашмаи шифобахш мавҷуданд, ки як қисми онҳо барои обёрии заминҳои корам истифода мешаванд. Боис ба ёдоварист, ки Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов ва Сафар Амиршоев зодагони ҳамин гӯшаи диёри биҳиштосоянд.

Бо он ки ин се танро пеши рӯ меорем, муовини раиси ноҳия Балхиё Ҳақназарзода болида меафзояд, ки Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев, нависандаи зиндаёд Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва садҳо нафар шахсиятҳои маъруфу машҳури замон низ зодагони ин диёранд.

Имрӯз ҳам анъанаи неки ниёгонро дар риштаҳои гуногун насли ҷавону умедбахш бо дастовардҳои шоён идома медиҳанд, - мегӯяд муовини раис. - Бахшида ба сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба по рост шуда, пиру барно якояк кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ободии диёри азизашон саҳми худро гузоранд. Хусусан, маркази ноҳия бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорони саховатманд намои худро ба куллӣ дигар карда, даҳҳо идораю ташкилоту муассиса бунёду азнавсозӣ шудаанд, ки дар онҳо садҳо мутахассисони ҷавон заҳмат мекашанд.

Рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар баландии барҳавое Қалъаи Мир (Мири Балҷувон), қомат афрохта, ки диққати дилхоҳ нафарро ба худ ҷалб менамояд. Гулгашти ҷавонон ё ин ки боғи истироҳату фароғат, ки дар саргаҳи маркази ноҳия воқеъ аст, шукуҳи шаҳраки зебои Балҷувонро афзудааст. На танҳо рӯзҳои истироҳату ҷашну идҳо, балки ҳамарӯза боғи истироҳату фароғат макони дамгирӣ ва сайругашти ҷавонон боқӣ мемонад.

Балхиё Ҳақназарзода таваҷҷуҳи моро ба он ҷалб намуд, ки танҳо давоми соли гузашта 77 иншооти хурду бузурги ҷашнӣ ба истифода дода шуд, ки аз нақшаи тарҳрезишуда зиёд аст. Мавсуф ин ҳамаро ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавонмардони ғайюру ободкор, соҳибкорони диёрдӯст мансуб донист.

 

Маҳз дар доираи ҳамин нақша-чорабиниҳо корхонаҳои саноатии шарбату равғанбарорӣ арзи ҳастӣ намуда, мутахассисону коргарон, аз ҷумла бонувони хонашинро ба оғӯш гирифт. Дар сафари кории Президенти мамлакат бинои Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон», бинои беморхонаи сироятӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки бо сифати хеле хуб сохта шудаанд.

-Ҳамин гуна часпу талошҳои ободкорию созандагӣ имрӯз дар аксари деҳоти ноҳия аз ҷониби мардуми бо азму ирода ба чашм расида, касро хурсанд мекунад, - изҳор намуд бону Балхиё.

- Бонувони ноҳияи Балҷувон аз азал дастархондор, ҳунарманду тозакор ҳастанд, ки ба дилхоҳ ҳавлии балҷувонӣ даромада, осори дастони гулофарини бонуи хона рӯи дастархон ва ҷевони либосу палосаш ба чашм мерасад. Сафи кормандони бахши фарҳанги ноҳияро 35 нафар бонувони ҳунарманд пур намуда, 45 бонуи кишоварз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд, ки он наздик ба ҳафтод дарсади ҷамъии умумии хоҷагиҳои деҳқониро ташкил медиҳад. Аз андешаҳои муовини раис аён гашт, ки суҳбату вохӯриҳо дар маҳал сафи духтарони донишҷӯро дар мактабҳои олӣ бамаротиб афзудаанд.

Имрӯз дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва коллеҷу ҳунаристонҳо аз тамоми деҳоти ноҳияи Балҷувон духтарони донишҷӯро дучор омадан мумкин аст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои боз ҳам афзудани сафи духтарони лаёқатманд, чи дар арсаи таҳсил ва чи бо кор таъмин намудани онҳо, тадбирҳои муҳимро рӯи даст гирифтааст, ки ҷавҳари ҳамаи ин кӯшишҳо танҳо як мақсад, боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа мебошад.

-Шумораи занони коргару роҳбар дар Мақомоти иҷроия, бахши фарҳангу маориф ва тандурустӣ сол аз сол афзуда, дар мақомоти қудратӣ ва соҳаи бонкдорӣ низ духтарони фаъолу донишманд солҳои наздик пайдо хоҳанд шуд, - ба ояндаи наздик нигариста, хушҳолӣ медиҳад муовини раис ва моро сари қадам ба сайри шаҳраки ободу зебои Балҷувон мехонад.

Аз кӯчаҳои тозаю озодаи маркази ноҳия гузашта, чеҳраҳои шукуфони мардумро рӯ ба рӯ меоем, ки башорати шукргузории онон аз фазои ороми ҷомеа, сулҳу суботи кишвар буд. Дар гӯшае корҳои сохтмонӣ ҷӯш мезаданд, гӯшаеро бонувон гулкорӣ мекарданд, ҷои дигар пиру барно даст ба тозагию ҳашар доштанд. Дидани ин манзараҳо касро хуш меояд, зеро ҳавои рӯзи зимистон сард буд, аммо мардум бо дили гарм даст ба кор доштанд. Ба андешаҳои Балхиё Ҳақназарзода, ки моро аз сарҷамъии мардум мегуфт, бори дигар боварамон меомад:

-Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми соҳибкорони ватандӯст, мардуми заҳматписанду фарҳангсолор ноҳияи Балҷувон сол ба сол симои худро дилрабо намуда, шукӯҳи боз ҳам тозаро ба худ касб мекунад…

                                                                   Рустами НАЗИР,

                                                      Душанбе-Балҷувон-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон