БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Иди муҳаббату накукорӣ

Иҷтимоъ / Слайдер

Наврӯз омад, рӯзи дилафрӯз омад. Наврӯзест, ки бо қудуми худ баҳорро меорад, баҳори нозанину гулбасарро, баҳори сабзоғӯшу накҳатборро.

Бале, Наврӯз рӯзи нав, фасли нав, мавсими нав аст, ки ба чашмҳо нуру ба дилҳо сурур мебахшад. Наврӯзи сабзоғӯш бо қудуми файзбораш аз оғози зинда шудани табиат дарак медиҳад.

 

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ омадааст: «Наврӯз рӯзи аввали соли ҳиҷрии шамсӣ, ки ба 21-уми март баробар меояд ва ин рӯз иди соли нав аст». Бале, Наврӯз бо қудуми файзбори худ оламу одамро дигар месозад. Бо омадани Наврӯз ва оғози ҳар сол нобарориҳои замон аз ёдҳо зудуда гардида, офаридаҳои табиат ҷони тоза мегиранд…

Дар минтақаҳои вилояти Суғд Наврӯзро бо расму русуми гуногун таҷлил менамоянд. Масалан, дар Хуҷанди бостонӣ омадани баҳор, Наврӯзи оламафрӯзро ҳавлӣ ба ҳавлӣ бойчечакгардонии кӯдакон, ки ба бар ҷомаҳои беқасаб ва ба сар тоқии миллӣ мепӯшанд, мужда мерасонанд. Кӯдакон аз зери барфҳо бойчечак мечинанд ва онро бо ашёи махсус дохили зарфи об монда, ба хонаҳои мардум мебаранд ва аз омадани баҳори нозанин мужда расонда, барои онҳо суруди «Бойчечак»-ро месароянд. Куҳансолон гули бойчечакро ба даст гирифта, онро бӯидаву бӯсида ва ба чашмонашон молида, шукр мегӯянд, ки ба баҳори нав расиданд. Бар ивази муждаи баҳору наврӯзӣ ба кӯдакон нон, қанду мавиз, шириниҳо ва танга ҳадия мекунанд. Ҳамзамон, баробари омадани Наврӯзи оламафрӯз мардум барои тозаю озода намудани ҷӯйборҳо, ҳавзу заҳбурҳо камар мебанданд. Кадбонуҳои хона барои пешвози Иди Наврӯз хонаҳои худро аз чангу ғубор тоза намуда, таҳмонҳои худ, кӯрпаву болинҳоро ба берун бароварда, зери шуои офтоб паҳн менамоянд, то ин ки аз гармии офтоби наврӯзӣ баҳраманд гашта, тозаву покизагии худро нигоҳ доранд. Ин ҷашн ҳамеша чун рамзи таҷдиди табиат, тозагӣ, покизагӣ ва шодиву хушбахтӣ таҷлил карда мешавад.

Рамзи баракату фаровонӣ дар шаклҳои мухталиф дар фарҳанги мардуми тоҷик инъикос гаштааст. Бонувони тоҷик ҳангоми пухтани ғизои наврӯзӣ – суманак сангчаҳоро ба дег меандозанд, ки рамзи фаровонӣ ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр ҷойҳо ба деги суманак ба ҷои сангчаҳо 7 дона чормағз меандозанд, то орзуҳои дилашон амалӣ гардад.

Маъмулан дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят мардум Наврӯзро бо гузоштани деги суманак таҷлил менамоянд. Занону духтарон гирди деги суманак ҷамъ омада, дегро кофта, орзуҳои дилашонро иброз медоранд ва як шабу як рӯз дар атрофи деги суманак суруд мехонанд.

Рӯзи Наврӯз дар бисёр манотиқи тоҷикнишин дегҳоро пур карда, оши палав мепазанд ва бо ин амал онҳо орзу мекунанд, ки тамоми сол серию пурӣ ва пурфайзу баракат бошад. Сокини ноҳияи Айнӣ Толибҷон Турсунзода изҳор намуд, ки дар ноҳия Ҷашни Наврӯзро бо шукӯҳу ҷалол ва риояи ҳаматарафаи анъаноти миллӣ пешвоз мегиранд. Дар ин рӯз ба якдигар туҳфаву шириниҳо медиҳанд. Дар боғ ва киштзорҳо мувофиқи расму русуми аҷдодӣ, барои пешрафти кори марди деҳқон даст ба дуо мебардоранд. Манзилашонро тозаву озода нигоҳ дошта, аз даргоҳи Худованд покиву сафо, хушбахтиву хушрӯзӣ металабанд. Дар ин рӯз ба якдигар таманниёти нек мегӯянд. Мардум бештар намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ ба монанди суманак, фарбеч, умоч ва бозиҳои варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, шоҳмотбозӣ, бандкашӣ ва дигар намудҳои варзишро роҳандозӣ менамоянд. Дар чорабиниҳое, ки бахшида ба Наврӯз ташкил карда мешаванд, ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Айнӣ анъанаҳои худро рӯи кор меоранд.

Наврӯз дар ноҳияи Деваштич низ бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад, – изҳор намуд Манзура Бахтиёрзода. – Ин ҷашни бостонӣ барои сокинони ноҳия танҳо оғози соли нав нест, балки айёми эҳёи суннатҳои миллӣ, гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ ба шумор меравад. Бо фаро расидани рӯзҳои нахустини баҳор кӯдакон гулҳои бойчечакро ҷамъ оварда, хона ба хона гашта, муждаи Наврӯз мерасонанд…

Анъанаи ҷолиби дигар ҷамъ омадани арӯсҳои навхона мебошад. Арӯсоне, ки давоми соли гузашта ба хонаҳои шавҳар рафтаанд, дар рӯзҳои наврӯзӣ бо либосҳои миллӣ – чакан, адрас ва атлас дар як маҳфили идона гирд меоянд. Онҳо дастархони наврӯзӣ ороста, маҳорати худро дар пухтупаз ва ҳунарҳои хонаводагӣ нишон медиҳанд. Ҳамзамон, дар робита ба анъанаҳои наврӯзӣ раиси бахши кор бо занони ноҳия Маҳбуба Ҷамолова мегӯяд:

Наврӯз, пеш аз ҳама, иди оила ва зан аст. Ҷамъ омадани арӯсҳои нав рамзи идомаи суннатҳо, таҳкими муҳаббат дар хонадон ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Мо мекӯшем, ки бонувон дар тарғиби фарҳанги миллӣ фаъол бошанд ва ин расму оинҳоро ба наслҳои оянда расонанд…

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросими мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош кард. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили Ҷашни Наврӯз дар миқёси вилояти Суғд низ дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мақоми хосаро пайдо кард.

                                                                        Гулҷаҳон МАХКАМОВА,

                                                                                   вилояти Суғд

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 1)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон