БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Андар миёни гулҳо

Пойтахт

Ин пагоҳ низ Мадина аз ҳама пеш дар ҷойи кор ҳозир шуд. Ӯ аз роҳи дур, аз деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор меояд. Интизори касе нашуд, минтақаи корӣ барояш маълум буд, либоси махсус ба бар намуду бо каландчааш сӯи буттаҳои гул рафт. Лола ҳам аз шаҳри Ваҳдат сари вақт омад. Бонувони зарофатгӯйи варзобӣ ҳам, яке паси дигаре худро ба ҷойи кор расонданд. Ҳамин тавр, онҳо ҳар субҳ аз чанд гӯшаи Душанбе сарҷамъ мешаванд. Бонувони хоксору ҳалим ва меҳрубон, бо якдигар чун апаю хоҳар муносибат доранд. Яке, агар кори худро сари вақт натавонад анҷом диҳад, дигаре ба ёрӣ мешитобад, то вақти бозгашт ҳама якҷо аз гулхона берун шаванд. 

 

Ҳазлу шӯхиҳо дар баробари тозакориҳояшон завқи апаҳоро ба кор даҳчанд мекарданд. Сабоҳат, ки ҳоло чобукӣ нишон медоду аз дигар бонувон пеш мерафт, таваҷҷуҳи дугонаҳоро ба худ кашид, ки Марям луқмаи гӯшнавоз партофт: «Ба фикрам, шаб бароҳат хоб рафтаӣ, ки оҳу ворӣ медавӣ…».

Хандаи дугонаҳо ба само печид, то ба ҳадде ки чанднафарон худро дошта натавониста сари зону ба майсазор нишастанд. Сабоҳат, ки дар ширингуфторӣ аз дигарон камӣ надошт, «барои хоби бароҳат ҳунар даркор, дар ин шабҳои навбаҳор…», - гӯён хандаи ҳамкоронро дубора ба осмон бурд.

Ин як лаҳзаи ширингуфториҳои занона аз рӯзгори бонувони гулпарвари Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» аст, ки тобеи МИҲД шаҳри Душанбе буда, ҷойгоҳаш ба ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ марбут аст. Маҷмааи мазкур бо ҳашамату баландӣ ва фарогирии гунбази диққатрабою саҳни барҳавояш маркази чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳурӣ ва пойтахт ба шумор меравад.

Майдони «Истиқлол» ҳамчунин яке аз марказҳои сербинандаи сокинони пойтахту мардуми кишвар ва меҳмонон, ҷавлонгоҳи донишҷӯёну ҷавонон низ арзёбӣ мегардад. Ҳудуди он масоҳати 34 гектарро фаро гирифта, ин ҷо қатори буттаҳои садбарг, гулҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкану ороишӣ, ки аз хориҷи кишвар меоранд, парвариш карда мешаванд.Ҳадафи сар задани мо ба майдони «Истиқлол» ошноӣ бо кори бонувони зебоиофар буд.

Муовини директори муассиса Фирӯз Абдуллозода изҳор дошт, ки дар майдони «Истиқлол» имрӯз баробари гули садбарг, ҳамчунин гулҳои мавсимии петуня, тагетас, катарантус, тселозия, салвия ва дарахтони сояафкану ороишии пихта, слива писарди, ёл, серена парвариш карда мешаванд, ки нигоҳубини онҳо маҳз ба дӯши ҳамин бонувон аст. Бештари занони гулпарвар аз маҳаллаҳои ноҳияи Варзоб гирд омада, қисми дигарро занони пойтахт ва шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат ташкил медиҳанд.Бонувон аз шароити кору истироҳат қаноатманданд. Ба ҳар нафар минтақаи махсус вобаста шудааст, ки онҳо рӯзи худро ба шинондану қаламча намудани гулҳои садбарг ва тозагию поккории қитъаҳо бахшида, нисфирӯзӣ бари дастархони хӯроки гарм сарҷамъ меоянд.

Худро корафтода нигошта ба яке наздик мешавам. Мехоҳам келинро ҳамин ҷо ба кор биёрам, кор вазнин нест, маош, ҳавасмандӣ…,- пурсон мешавам.

Хато намекунед акаҷон, биёред, ҷойи хуб, кор вазнин нест. Мо аз ҳамаш шукрона дорем, аз ҷойи кор ҳам, аз маоши моҳонаю аз ҳавасмандиҳои роҳбарону шаҳрдорӣ ҳам. Муносибати калонҳоро намегӯед, бисёр хубу самимӣ, - бо хушҳолӣ ҷавоб медиҳад мусоҳиби ману ҷониби минтақаи худ мешитобад.

Мадина, ҳамон бонуи ҳисорӣ, ки модари панҷ фарзанду шаш набера аст, ҳар субҳ савори қатора худро ба пойтахт мерасонад. Хушҳол аст, ки маоши моҳона ба рӯзгораш мерасад, ҳамчунин, шаҳрдорӣ ва роҳбарият ӯву ҳамкоронашро ҳавасманд мекунанд.

-Дар арафаи Рӯзи Модар раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба моҳонаамон 1000 сомонӣ афзуданд, ки хурсандии бонувони гулпарварро овард. Ҳамчунин, корхона ду дафъа бо либосҳои мавсимӣ ва пойафзол моро таъмин намуд, барои корҳои иловагӣ низ бе подош намемонем,- изҳор медорад Мадина.

-Пеш ва баъд аз ҳар ҷашну чорабиниҳои фарҳангӣ майдон шабонарӯзӣ поккорӣ мешавад, - ба гап ҳамроҳ мегардад агрономи муассиса Наврӯз Ҳасанов. - Ин айём гурӯҳе аз бонувон то як ҳисси шаб ба тозагии атроф машғул шуда, шабона дар меҳмонхонаи коргоҳ ҷой карда мешаванд, ки шароитҳои буду боши хуб дорад. Инчунин, ҳангоми ба дигар боғу майдонҳои шаҳр сафарбар шудани бонувон, мо онҳоро барои дилгармӣ бо маоши иловагӣ таъмин менамоем.

 

Аз суҳбат ва мушоҳидаҳои чандлаҳзаина эҳсос гардид, ки бонувони гулпарвару тозакор аз подоши заҳматҳои хеш розиянд. Ҳамшираи шафқат Моҳрӯяи Амирулло ҳар доим дар бари модарону аз ҳолашон пурсон аст. Ҳавои майдони «Истиқлол» бо гулу гиёҳҳои ҳамешасабз ва дарахтони ғарқи гул софу мушкбез асту ба ҳар нафар ҳузуру ҳаловат мебахшад.

Ҳини нуқта гузоштан болидарӯҳии гулпарвари дигар нӯги қалам омад, ки мегуфт: «Солҳои тӯлонӣ аз дарди ҷоғар азият мекашидам, шукрона мекунам, ки чанд вақти охир дарди онро кам ҳис мекунам, аниқтараш аз замони ба ин ҷо ба кор омаданам, ҳавои тоза, табиати зебо, ҳамкорону ҳамсуҳбату ҳамнишинҳои хуб шояд сабаби шифо ёфтанам шуд».

Дар ҳақиқат, баробари табиати афсункори майдони «Истиқлол» модарону хоҳарони зиндадиле ин ҷо ҷамъ омадаву паҳлуи якдигар истодаанд, ки аз фарзандони як оила камие надоранд. Агарчи ба назар кори одиро анҷом мебахшанд, дар асл онҳо баҳри иҷрои он неруи зиёде ба харҷ медиҳанд.

                                                                        Рустами НАЗИР,

                                                                ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон