БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сохтмон оғози ободкориҳост

Пойтахт

-Шаҳри Душанбе обод шудааст, - марди мусофир бо ҳавас аз дидани кӯчаҳои сабзу хуррам ва гулпӯш чашм наканда, ба ҳампаҳлуяш тавсифи зебоиҳои шаҳрро кард.

-Ҳа, шукр, Ватан обод шуд, - шайдои тамошо шуда, кӯтоҳ посух дод ҳамсафараш.

Ин муколама имрӯзҳо байни даҳҳо меҳмонону гардишгарони ватанию хориҷӣ ҳар лаҳза сурат мегирад, ки васф аз ободию озодагӣ ва оростагии пойтахти кишвар менамоянд.

Воқеан, таърихи пурифтихори миллати тоҷик гувоҳ аст, ки амалҳои созандаву бунёдкорона ва эҷодкориву офарандагӣ фазилату рисолати ин миллати куҳанбунёд буда, ҳунару санъати шаҳрсозиву шаҳрдориаш садсолаҳо боз дар рушду равнақ мебошанд.

Алҳол, мардум дар остонаи ҷашнҳои Рӯзи пойтахт ва 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз қарор дорад. Дар ҳар гӯшаи диёр дар иртибот ба ин ҷашнҳои пуршукӯҳ корҳои ободонию созандагӣ идома дошта, ҳар сокини ватандӯст дар талоши саҳм гузоштан ва дастгирӣ аз ин иқдомҳо мебошад.

Қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, авҷи сохтмонҳои муассисаҳои томактабию мактабӣ ва дигар иншоотҳо аз заҳмати сохтмончиёну муҳандисон ва лоиҳакашони пурмаҳсули ватанӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки баҳри зебою диданӣ шудани сифати меъморӣ дар пойтахт саҳм мегиранд.

Раҳимҷон Муродов аз зумраи соҳибкоронест, ки сар аз соли 2019 дар сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, мактабу боғча ва таъмиру тармими иншооти хизматрасонии шаҳри Душанбе ширкат меварзад.

 

-Ҳунарро замоне аз худ намудам, ки ёрдамчии сохтмончиёни азими шаҳр будам. Таҷрибаи нахустини корам аз ширкати сохтмонии бародарам оғоз ёфт ва тасмим гирифтам, то мустақилона дар ин кор саҳм бигирам. Омодагиҳо барои таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дошт ва аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин иди миллат азнавсозии биноҳои истиқоматӣ ва ободкориҳо дар кӯчаю маҳалҳо роҳандозӣ гардиданд. Тасмим гирифтам, то дар пайравӣ ба ин иқдом саҳми худро дар ободонии пойтахт гузорам, - иқрор меояд соҳибкор.

Нахуст сохтани ду бинои истиқоматиро ба уҳда гирифт. Агарчи дар ин ҷода оғози кор барояш мушкил буд, вале пеш аз муҳлат сохтмони биноҳоро ба анҷом расонд. Ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ҳунари сохтмончиёни ширкат комиссияи қабул баҳои аъло дод. Сохтмони бинои хобгоҳи МД мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарасторон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъди ифтитоҳ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфта шуд.

Ҳамзамон, дар кӯчаи Саъдии Шерозии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 5 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва як кӯдакистон, ки сохтмонаш аз тарафи сохтмончиёни ширкати сохтмонии «Манзилҳои аъло» ба анҷом расид, мавриди истифодаи сокинон қарор гирифт.

Ба гуфтаи роҳбари ширкати номбурда Раҳимҷон Муродов, алҳол тибқи супоришу дастурҳои раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати сохтмонии «Исо Мӯсо» ва дастгирии раёсати сохтмони шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Қазоқони ноҳияи Сино сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматиро роҳандозӣ намудаанд ва мебоист то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмон ба итмом расад.

Дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҷойи хонаҳои сокинони маҳаллаи Қазоқон бояд биноҳои истиқоматии баландошёна сохта ва ба истифодаи сокинони ин маҳал дода шавад. Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтани муассисаҳои таълимӣ ҳамеша таъкид мегардад, ки ин амал барои фардои дурахшони фарзандони миллат қобили дастгирист. Аз ин хотир, роҳбари ширкати сохтмонии «Манзилҳои аъло» тасмим гирифтааст, дар баробари таъмин намудани аҳолии маҳал бо хонаҳои истиқоматӣ, ҳамчунин масоҳати 1,25 гектарро барои сохтмони мактаб ройгон ҷудо намояд.

-Баъзан байни намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ ва сокинони маҳал дар мавриди аз манзилҳояшон беҷо кардани аҳолӣ нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Мекӯшем, то дар доираи тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳадафи худ расем. Дар алоҳидагӣ бо шаҳрвандон ҳамсуҳбат шуда, аз мақсадашон огоҳ мешавем. Аксаран дар хонавода шахсони маъюб ва пиронсол доранд ё шиква аз камбизоатӣ менамоянд, ки бо васеъ намудани масоҳати хона ё ҷудо кардани ҳуҷраи алоҳида ин мушкилӣ бартараф мегардад. Шукр аз амонии кишвар, ки сафи соҳибкорону сахопешагони маҳаллӣ афзудааст ва агар ҳар яке дастгирӣ аз ниёзмандону камбизоатон намояд, некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Соҳибкор Раҳимҷон Муродов аз таҷрибаю кордонии сохтмончиён, ки беш аз 150 нафар мебошанд ва аз муҳандисону лоиҳакашҳои ватанӣ қаноатманд аст. Ӯ, ҳамчунин аз ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанӣ изҳор медорад.

Самиҷон Азизиён беҳтарин лоиҳакаш дар самти меъморист, ки тавассути роҳнамоӣ ва машварати ӯ лоиҳаҳои сохтмонии биноҳои истиқоматӣ ва ҳам таълимӣ дар шаҳр омода мегарданд. Ё заҳмати муҳандисони ватанӣ дар самти пайваст намудани лифтҳо мавриди таҳсини мутахассисони чинӣ қарор гирифт. Яъне, мо мутахассисони хуб дар соҳаи сохтмон дорем ва метавонем бо дилпурӣ дар ин самт рушд намоем, - иброз медорад Раҳимҷон Муродов.

ҶДММ «Манзилҳои аъло» бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти сохтмонии хориҷи кишвар, асосан дар самти воридоти борбардор (лифт), дарҳо ва арматур бо кишварҳои Россия, Эрон ва Чин иртиботи зич дорад. То имрӯз аз ҷониби ширкати сохтмонии мазкур 11 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, мактабу кӯдакистон сохта ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин барои фароғати сокинон гулгаштҳо обод кардаанд…

Қомат афрохтани биноҳои баландошёна танҳо нишонаи ободии шаҳр буда наметавонад. Дар баробари ин, рисолати ҳар сокини пойтахт ин саҳм доштан дар тозагӣ ва кабудизоркунии гирду атрофи хонаҳо, кӯчаю маҳаллаҳо мебошад, - афзуд дар фарҷом соҳибкори ободкор.

                                                                    Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

                                                                             ноҳияи Сино

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 21)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон