Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Кафолати рӯзгори осуда
ПойтахтҲар гоҳи баргузории чорабиниву намоиши ҳунармандон дар пойтахт бонуе дар тараддуду такопӯ бо ҷамъе аз бонувони гулдаст гӯшаву намоиши ин ҷамъомади пуршукӯҳро бо дастранҷҳои нафису зебо оро медињад ва чашми роҳгузаронро бо ҷилои рангҳои дасткоришуда об медиҳад.
Фаришта Бегова, директори Муассисаи давлатии ҳунарҳои мардумии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, соли ҳафтум аст дар ин макони ҳунармандон, ки бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солҳои 2018–2020 – «Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» созмон ёфтааст, фаъолияти назаррас дорад.
Дар Муассиса 94 бонуи завқманд барои аз байн нарафтани ҳунарҳои миллии қадимӣ ва эҳёи онҳо, амсоли тоқидӯзӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, шерозадӯзӣ, қолинбофӣ, қаннодӣ, пазандагӣ, попурзанӣ, кӯрпаву кӯрпачадӯзӣ ва дигар ҳунарҳо камар бастаанд.Муассиса дорои 17 маркази таълимӣ буда, ҳамчунин касбҳои дуредгарӣ, оҳангарӣ, забономӯзӣ, технологияи компютерӣ ва ғайра ба духтарон ва ҳам ба писарон омӯзонда мешаванд. Чанде пеш аз ноҳияҳои Файзобод ва Варзоб ҳунармандон ба кор ҷалб гардиданд, ки ба ҷавонписарон нозукиҳои кандакориро меомӯзонанд.
– Мо бо марказҳои касбомӯзӣ шартнома баста, дар ҳамдастӣ бо Агентии шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба бонувони ҳунарманд маош медиҳем, ки ҳар яки онҳо қариб 300–400 шогирд омода менамояд. Донишҷӯёне, ки дар ин марказҳо ҳунар меомӯзанд, соҳиби стипендия ва шаҳодатнома мегарданд.
Инчунин, дар ҳар як маҳалла бо сокинон вохӯрӣ гузаронда, мекӯшем, ки духтаронро баъди хатми синфҳои 9 ва 11 ба ин марказҳо ба ҳунаромӯзӣ ҷалб намоем. Бонувони хонашини ҳунармандро даъват кардем, ки ба духтарон ҳунари кӯрпадӯзӣ, пахтаандозӣ ва рӯйдӯзиро омӯзонанд. Масалан, соли 2025 ба тариқи ройгон ба 1464 нафар хоҳишманд ҳунарҳои гуногун омӯзондем. Аз ҷониби Агентии шуғли аҳолӣ бошад, 1120 нафар ройгон ба ин курсҳо фаро гирифта шуд.Ҳоло аксарияти шогирдони мо дар коргоҳҳои гуногуни Муассиса ва марказҳои таълимӣ ҳамчун омӯзгор фаъолият мебаранд, дар ҷашну идҳо аз муштариён фармоиш қабул карда, аз ин ҳисоб рӯзӣ дармеёбанд, – изҳор намуд Фариштабону.
Соли 2018, ки оғози фаъолияти Муассиса буд, муддати се моҳ курсҳои думоҳа ташкил гардид, ки 194 нафар духтар дӯзандагӣ омӯхта, соҳиби шаҳодатнома гашт. Фаришта Бегова соли 2019 роҳбари ин коргоҳ таъин гардид ва ҳунарманди эрониеро ба кор даъват карда, аз ӯ нозукиҳои қолинбофӣ, гулпартоиву рангмолӣ омӯхт. Ҳамин тариқ, ҳамон сол 90 нафар занону духтарони хоҳишмандро ба Муассиса даъват карда, ба онҳо қолинбофиро омӯзонд.Ҳоло курсҳои қолинбофиро ҳунарманди чирадаст Кенҷамоҳ Эрназарова ба роҳ монда, ба духтарон нозукиҳои ин ҳунари зеборо меомӯзонад.
Дар ҳошияи Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2021–2025 ҳунармандон дар озмуни «Ҳунарманди сол» ширкат варзиданд. Раҷабмоҳ Ғафурова аз ҳунари дӯзандагӣ дар даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи якум ва Амина Усмонова дар ин озмун бо ҳунари кулолӣ ҷойи дувумро касб намуданд.Ҳамчунин, дар озмунҳои «Ҳунар – беҳтар аз зар», «Ҳунар омӯз» ва ғайра ҳунармандон ҷойҳои намоёну ифтихориро соҳиб шуданд.
– Чанде пеш дар ноҳия омӯзиши касби пойафзолдӯзиро ба роҳ мондем, ки ҳама кор дастӣ сурат мегирад. Аксаран ҷавонписарон омада, ҳунар меомӯзанд, ки ғайр аз пойафзолҳои занонаву мардона боз ҷувздонҳои занонаву мардона медӯзанд. Ашёи хом, асосан пӯсти бузу гӯсфанду говро аз ноҳияҳо дастрас намуда, тоза ва коркард мекунанд ва онҳоро ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил медиҳанд. Ҳамаи ин марказҳо омӯзгорони ҳунарманди худро доранд, – иброз намуд роҳбари коргоҳ.
Фаришта Бегова қаблан дар Омӯзишгоҳи касбии №55-и шаҳри Душанбе ҳамчун омӯзгор-дӯзанда фаъолият бурда, шогирдони зиёдеро тарбия кардааст, ки ҳоло ҳар кадоме коргоҳҳои хурди дӯзандагии худро созмон додаанд ва аз ҳисоби даромади хуб рӯзгорашонро таъмин менамоянд.
– Ҳини дар синфи 6-ум хондан пироҳани миллӣ медӯхтам, вақте синфи ҳашт шудам, пурра ҳунари кӯрпачадӯзиро балад гаштам. Вақте бонувони маҳалла бо роҳбарии холаам ҷамъ шуда, ба кӯрпадӯзӣ мепардохтанд, гирди онҳо парвона мегаштам ва корҳои хурдро ба сомон мерасондам. Модарам дӯзандаи моҳир буд, ки баъдан ин ҳунарро аз ӯ низ омӯхтам.Ҳоло духтарам пешаи маро, яъне дӯзандагиро дорад. Ба шогирдонам пайваста талқин менамоям, ки ҳунаре дошта бошӣ, ҳеҷ гоҳ хор намешавӣ. Агар хонашин ҳам бошӣ, ҳунарат метавонад кафолати рӯзгори осудаи ту бошад, – гуфт бонуи ҳунарманд.
Ҳоло ин бонуи пешавар мехоҳад дар ҷойҳои ҷамъиятии ноҳия курсҳои омӯзиши таҳияи захираҳои зимистона барои занҳои хонашин роҳандозӣ намояд, то бонувон, ки баъзеҳо дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ сабзавоту мевагиҳо парвариш менамоянд, ба ин кор ҳамроҳ шуда, ба ҷавондухтарон нозукиҳои маҳкам кардани очорҳо ва консервкуниро омӯзонанд.
– Ба занону духтарон гуфтаниам, ки ба коргоҳи мо, ки дар кӯчаи Дӯстии халқҳо 5-и ноҳияи Шоҳмансур воқеъ аст, омада, ҳунари дилхоҳашонро омӯзанд. Ҳоло дар коргоҳи мо барои зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои миллӣ дӯхти куртаҳои миллии тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳар думоҳа курсҳои гулдӯзӣ дарс медиҳем, ки занону духтарон метавонанд ба мо муроҷиат карда, ин ҳунарҳоро омӯзанд. Агар хоҳанд, метавонанд баъди таҳсил ҳамчун омӯзгор дар Муассиса бимонанд ва дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳиссагузор бошанд, – гуфт дар фарҷом Фаришта Бегова.
Ситора АШӮРОВА,
ноҳияи Шоҳмансур
Мубодила:
Шарҳҳо












