БОЙГОНӢ

«    Май 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Басбӣ» - кӯдакистоне бо имкониятҳои муосир

Пойтахт / Слайдер

  Кӯдакистони «Басбӣ» дар пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе, чун туҳфаи нодире ба ифтихори 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии кишвар соли гузашта ба истифода дода шуд. Ин бинои зебою барҳаво бо шароитҳои пешрафта ва имкониятҳои муосири таълиму тарбия миёни муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ камназир аст. Ба хотири ошноии бештар аз фаъолияти муассисаи мазкур ба ин даргоҳ по ниҳодем. Мудири кӯдакистони байналмилалии инноватсионии «Басбӣ» Мадина Одилова гӯё моро интизор буд. Баробари вохӯрдан бо табассум дар хусуси зебоӣ ва шароитҳои беҳину фарқкунандаи ин даргоҳ ҳарф мезад. Ба қавли ӯ, муассиса барои 600 кӯдак пешбинӣ шуда, ҳоло дар 23 гурӯҳ 46 мураббӣ ва ёрдамчиёни онҳо ба кӯдакон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиму тадрис медиҳанд. Субҳи барвақт кӯдаконро микроавтобусҳои бароҳат аз ҳар гӯшаю канори пойтахт ба боғча оварда, бегоҳирӯзӣ онҳоро ба манзилҳояшон мерасонанд.

 

– Бо назардошти эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Тоҷикистон, боғчаи «Басбӣ» чун заминагузори илму инноватсия дар байни кӯдакон созмон ёфтааст, – мегӯяд бо мамнуният мудири кӯдакистон Мадина Одилова.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дар масоҳати 6700 метри мураббаъ соли 2023 оғоз гардида буд. Бунёди таҳкурсӣ ва деворҳои бинои сеқабата бо сифати баланд дар муддати ду сол ба анҷом расид. Муассисаи мазкур хусусӣ буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Саидов ба маблағи 20 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни кишвар авлавияти рушди ҳаматарафаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Навовариҳо барои инкишофи кӯдакон дар фазои навсозии таҳсилот, табдил додани омӯзиши ғайрифаъол ба раванди интерактивӣ ва эҷодии наврасон нақши калидӣ доранд. Онҳо тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, малакаҳои тадқиқотӣ ва мустақилиятро дар кӯдак инкишоф медиҳанд ва кӯдаконро ба ҷаҳони зудтағйирёбанда тавассути истифодаи технология ва усулҳои муосир омода месозанд.

Тибқи маълумот, дар муассисаи мазкур кӯдакони аз синни 2 то 6-сола қабул гардида, ҳаррӯза бо 4 вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд. Ҳуҷраҳои таълимии кӯдакистон бо лавозимоти зарурӣ ва ҳар гуна бозичаҳои шавқовари кӯдакона таъмин буда, омӯзишу парасторӣ дар он бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Тавре Мадина Одилова, мудири боғча, зикр намуд, афзалиятҳои ин кӯдакистон нисбат ба дигар муассисаҳои томактабӣ хеле зиёданд. Кор бурдан аз робототехникаҳои роҳбалад, «Луна» ва дигар таҷҳизоти муосири замонавӣ, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор мегиранд, аз бартариҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ дарак медиҳанд.

Ба туфайли ба истифода додани муассисаи нави таълимӣ омӯзгорони соҳибмалака, парасторони дорои таҷриба ва донандагони хуби забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин дигар кормандони маъмуриву техникӣ, дар маҷмӯъ 88 нафар бо маоши хуб ба кор ҷалб шудаанд.

Саҳни бинои муассиса бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабо дорад, ки бо завқу салиқаи баланд сохта шуда, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамзамон, дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузарондани машғулиятҳои бачаҳо бунёд ёфтааст, ки барои ташаккул ва ҷаҳонбинии наврасон такони хубест.

 

Тибқи лоиҳа, дар ин муассисаи томактабӣ барои 23 гурӯҳ шароити хуб, аз ҷумла ҳуҷраҳои таълимӣ бо хобгоҳ ва ҳаммом, толорҳои мусиқӣ, обутоби бадан, толор барои гузарондани ҳама гуна маҳфилу чорабиниҳои кӯдакона бо 120 ҷойи нишаст, ошхона, ҳуҷраи ҷомашӯӣ, майдончаи бозӣ ва ҳавзи оббозӣ фароҳам оварда шудааст.

Мудир аз бунёди чунин кӯдакистон меболаду ин бинои барҳавою замонавиро барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол туҳфаи арзишманд мешуморад.

                                                                                            Мадина БАЛАҶОНОВА,

                                                                                                ноҳияи Фирдавсӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон