Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шоира Ҳакимзода: «Мушкиле, ки роҳи ҳаллаш ҳаст…»
Пойтахт / СлайдерШоира Ҳакимзода баъди хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 2007 фаъолияти худро ҳамчун табиби муолиҷавӣ оғоз намуд. Алҳол роҳбарии Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №10-и ноҳияи Синои шаҳри Душанберо ба уҳда дорад.
Суҳбати мо бо Шоирабону сари мавзуи вазъи солимии аҳолӣ сурат гирифт. Агарчи дар интиҳои суҳбат аз фаъолияти самараноки пизишкони корозмудаву соҳибтаҷриба ва дигар кормандони тиб ҳарф ҳам зад, сараввал аз мушкили кор ёдрас гашт…
Мушкилӣ дар мост…
– Имрӯз соҳаи тиб мушкилие надорад. Соҳаи тандурустӣ чун дигар соҳаҳои пешрафтаи мамлакат бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳоли рушд аст. Муассисаҳои тиббӣ бо тамоми таҷҳизоту асбобҳои тиббӣ таъмин буда, табибон дар ҷараёни кори худ аз онҳо истифода мебаранд. Яъне, мушкили норасоии таҷҳизоти тиббӣ ва мутахассисони соҳа дар муассисаҳои тандурустӣ нест. Маркази саломатии шаҳрии №10 низ дорои мутахассисони ботаҷрибаи корозмудаи соҳа буда, аз норасоии табибон камбудӣ надорад. Дар ин Марказ 138 табиб ва 248 ҳамшираи шафқат ё ба истилоҳ кормандони миёнаи тиб ба аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.
Мушкилии асосӣ, ки имрӯз монеаи кори пизишкон аст, ин то ҳадди имкон огоҳӣ надоштани бархе сокинони маҳаллаҳо аз маърифати тиббӣ мебошад, – бо таассуф мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Ҳамчунин, мавсуф аз беаҳамиятии аксари хонаводаҳо, ки садди роҳи сари вақт ба табибон муроҷиат кардани ҳамсару фарзандон мегарданд, нигаронӣ намуд:
– Фориғболии калонсолони оилаҳо баъзан боиси сари вақт ба қайд нагирифтани беморон, ҳомиладорон ва эмгузаронии кӯдакон мегардад. Занҳои обистан, беморони диспансерӣ ва кӯдаконе, ки давраи муайяни эмгузарониро мебоист то давраи балоғат гузаронанд, аз зумраи нафарони гурӯҳи хавф ҳам гӯем, иштибоҳ намекунем, зеро дучор шудан ба оризаҳои бемориҳои гуногун маҳз ба ҳамин гурӯҳ иртибот дорад. Аз ин хотир, табибон маҷбуранд, ки ба хонаҳояшон рафта, бо таҷҳизоти махсуси дастӣ муоина ва ташхиси тиббӣ гузаронда, онҳоро ба қайд гиранд.
Вохӯрии табибон бо аҳли ҷомеа дар мактабу масҷидҳо зуд-зуд доир мегардад, ки ҳадаф баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳолӣ мебошад.
Табиби оилавӣ мутасаддист
Табибони шуъбаи тибби оилавӣ дар ҳама марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо мутахассисони асосӣ маҳсуб меёбанд, зеро маҳз бо тарғибу ташвиқ ва роҳнамоии онҳо байни аҳолӣ теъдоди маризиҳо муайян ва ба қайд гирифта мешаванд.
Дар минтақаҳои хизматрасонии Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №10-и ноҳияи Сино 7 шуъбаи тибби оилавӣ амал менамояд. Дар он 37 табиби дорои тахассус ба 105 ҳазору 151 нафар аҳолӣ дар 47 минтақаи муайяншуда хизмати тиббӣ мерасонанд, – иброз медорад Шоира Ҳакимзода.Дар ҳар минтақаи муайяншуда як табиби оилавӣ мутасаддӣ буда, сари вақт кӯдаконро эмгузаронӣ (ваксинатсия) намуда, аз аҳволи ҳомиладорон, маъюбон ва беморони диспансерӣ (нафароне, ки мубталои маризиҳои дил, диабети қанд, фишорбаландӣ ва ғ.) хабар мегиранд. Инчунин, пизишкон ва ҳамшираҳои шафқат дар ҳолати зарурӣ барояшон ёрии аввалияи тиббӣ мерасонанд.
Гардиши ҳавлигӣ усули дигари тартиби кори табибони минтақа буда, тариқи он пизишкон аз наздик бо вазъи саломатии занони обистан шинос мешаванд. Бонувонро огоҳ месозанд, то аз моҳи аввали ҳомиладорӣ то таваллуд, аз рӯзҳои аввали тавлиди тифл то балоғат, ки давраҳои нозуки ҳомиладорӣ ва эмгузаронии кӯдакон аст, бе мушкилӣ гузарад.
Ҳамчунин, табиби оилавӣ кафолатдиҳандаи солимии наврасону ҷавонписарон мебошад, зеро маҳз тавассути маълумоти дурусти пизишкон наваскарони солиму неруманд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мегарданд.
Ба қавли Шоирабону, ҳангоми муоинаи тиббӣ аз ҷониби табибони оилавӣ бемориҳое, ба мисоли паҳнкафӣ, камвазнӣ ё баръакс, зиёдвазнӣ дар байни наврасон мушоҳида мешавад, ки аксаран дар сурати таҳти назорати доимии пизишкон қарор доштан то давраи 18-солагӣ табобат мешаванд.
Тавонбахшии маъюбону пиронсолон
Шуъбаи тавонбахшии маъюбон дар Марказ яке аз шуъбаҳои дастрастарин барои нотавонону пиронсолони аҳолии ноҳияи Сино мебошад. Дар ин шуъба 9 нафар табибу ҳамшираҳои шафқат ба 216 кӯдаки маъюб хизмати тиббӣ мерасонанд.Ҳамчунин, дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳа бо кӯдакони нотавон машқҳои ҷисмонӣ гузаронда, барояшон тарзи хӯрок хӯрдан ва пӯшидани либосро меомӯзонанд. Дар мавридҳои бештар аз ҷониби табибон ин амалҳо ба зодмандон ба он хотир омӯзонда мешавад, ки дар хона ҳамроҳи фарзандони маъюб ин усулҳои тавонбахширо тамрин намоянд.
Беморони гирифтори маризии диабети қанд, фишорбаландӣ ва, инчунин, аъзои оилаҳои камбизоат имкони ройгони истифода аз хизматрасонии тиббии шуъбаи тавонбахшии Марказ, ба мисли масҳи дастӣ ва масҳ бо асбобҳои махсуси масҳкунандаи барқиро доранд.
Маризиҳои кӯдакона маълум гардиданд
Кормандони тиб ва табибони минтақаҳои хизматрасонии Маркази саломатии шаҳрии №10 ба хотири маълум намудани бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар мактабу боғчаҳои кӯдакон ҳафтае ду маротиба санҷиш мегузаронанд.
– Бемориҳое дар байни кӯдакони мактабу боғчаҳои кӯдакон аз ҷониби табибони Маркази саломатии мазкур ошкор шудааст, ки ҳатто аксаран волидон аз дарди фарзандашон хабар надоштанд. Ҳангоми санҷишҳо дар баробари корбарӣ аз рафти фаъолияти ҳамшираҳои шафқат миёни кӯдакон маризиҳои чашм (бахусус, биноиши сусти чашм), камшунавоӣ ва каҷпоӣ ба қайд ва табобат фаро гирифта шуданд, – афзуд мавсуф.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
ноҳияи Сино
Мубодила:
Шарҳҳо











