БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе…

Пойтахт / Илм ва маориф

Зиёда аз сӣ сол аст шоҳиди воқеаву дигаргуниҳои шаҳри ободони Душанбе ҳастам. Дар ҳамин шаҳри зебо зодаву ба камол расидаам. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро хатм кардаам.

Соли пешомад Душанбеи дилоро ҳамчун пойтахти давлати тозабунёд дар садаи 20-ум 100-сола мешавад. Душанбе аз соли 1925 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар миқёси Осиёи Марказӣ яке аз шаҳрҳои ҷавонтарин бошад ҳам, дар ҳудуди ҳозираи он ба тахмин 2300–2400 сол пеш аз ин тамаддуни шаҳрнишинӣ пайдо буд. Ковишҳо ва бозёфтҳои археологҳо - харобаҳои шаҳристон, боқимондаи димна, арку қалъа, дахмаву дафнгоҳҳо ва сиккаҳои қадимии аз ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфтшуда далели гуфтаҳои болоянд. Бостоншиносон таърихи Душанберо ба се давра: давраи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав (асосӣ) тақсим кардаанд.

Барои ман шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрҳои олам зебову дилрабо ва ҳамеша ҷавон мемонад ва онро наметавонам ба дигар шаҳрҳо қиёс намоям. Зеро бароям пойтахти мо зеботарину ободтарин шаҳри рӯйи олам аст.

Дар ду давраи ин шаҳри бостонӣ – замони ҳокимияти шуравӣ ва давраи навини он зиндагонӣ дидаам. Аз соли 1925 то 1991 дар шаҳри Душанбе ободиҳои зиёде кардаанд. Ба мисли биноҳои давлатӣ, фарҳангӣ, маориф, коргоҳҳои саноатӣ, биноҳои ду, чор, шаш, нуҳ ва дувоздаҳошёнаи истиқоматӣ сохтаву ба истифода додаанд. Ин ҳамаро инкор наметавон кард, зеро ин ҳама аз мост ва он то ба имрӯз шаҳри Душанберо асос гузошта буд.

Биноҳои зебову хуштарҳи Сирки давлатӣ, Теат­ри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Кохи Борбад, китобхонаи Фирдавсӣ, музейи кишваршиносии ба номи К. Беҳзод (ҳозира Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, чойхонаҳои «Роҳат», «Истаравшан» ва «Саодат», муҷассамаҳои шоирони бузурги тоҷик чун устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Садриддин Айнӣ ва даҳҳои дигар барои сокинони пойтахт муътабаранд, нишоне аз таърихи замони шуравии пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Душанбе аст.

Давраи навин аз соли 1991 то 1997 ва ҳам то 2000-ум ба сари сокинони шаҳри Душанбе мушкилиҳои зиёде ба бор овард. Дар зарфи 24 соли ахир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон гул-гул шукуфт, қабои нав ба бар кард.

Иншооти зиёде, ба монанди Маҷмаи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» бо ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ», Қасри миллат, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нишон ва Парчами давлатӣ, Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Маҷмаи тандурустии «Истиқлол», Қасри теннис, меҳмонхонаҳои «Sheraton», «Hyatt Regency Dushanbe», «Asia Crand Hotel» «Серена», «Кангурт» ва ғайра бунёд ёфта, ба пойтахти кишвар шукӯҳ бахшиданд.

Ҳамчунон, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар барои истироҳату фароғати шаҳрвандон ва гардишгарони хориҷӣ боғи устод Рӯдакӣ, боғи Парчами давлатӣ, боғи фарҳангиву фароғатии МД «Наврӯзгоҳ», боғҳои ба номи Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, «Ирам» ва ғайра бо услуби зебову замони муосир бунёд шуданд.

Зикр бамаврид аст, ки дар давраи шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ - ТВ «Тоҷикистон» аз соли 1960 мавҷуд буду халос. Имрӯз ин шабака «Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон» унвон дорад.

Дар давраи истиқлол дар шаҳри Душанбе шабакаҳои зерини телевизионӣ ба фаъолият пардохтаанд: Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» (2005), МД телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон»( 2006), ТВ «Пойтахт» (Душанбе НD) (2007), МД «Ҷаҳоннамо» (2008), Телевизиони «Варзиш» (2016), Телевизиони «Синамо» (2016), Телевизиони «Футбол» (оғози 2017), МД Телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» (2017), МД Телевизиони «Илм ва табиат», МД Телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».

5-уми июли соли 2024 дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сарварони ду давлат муҳтарам Си Ҷинпин ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ба фаъолияти ин иншооти муҳташаму муосир, ҳусни оғоз бахшиданд.

Тамошои маҷмааҳо, ки намои онҳо бо истифодаи унсурҳо ва нақшу нигори миллӣ, санъати баланди меъмории муосир ва услуби хос бунёд шудаанд, касро мафтун месозад. Бунёди ин ду маҷмаа ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри дилорои Душанбе, ҳусну таровати тоза бахшида, симои онро боз ҳам зебову рангинтар сохт.

Суханони раиси ширкати IPPP-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷанг Тонг И моро ба андеша водор намуд, ки мегӯяд: «Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бино ду дарахти шоҳбулут ҳифз шуд, ки имрӯз ба тарҳи нав мувофиқат мекунад…».

Бубинед, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба табиат чи гуна ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир намуда, ду дарахти умрдидаро эҳтиёт мекунанд…

Он ҳама бунёдкорӣ, дастовардҳо, сохтмонҳоро ба як бор наметавон зикр кард, зеро шумораашон беохиранд. Ин ҷо дигар аз бунёди корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маҷмааҳои савдо, роҳҳо ва пулҳои ду-сеқабата ҳарф намезанем.

Имрӯз шаҳри гулбасари Душанбе зеби дунё гаштааст. Ҳамчун шаҳри амнтарини рӯйи олам эътироф гардиданаш мояи ифтихори мост.

Баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, маъракаву чорабиниҳои сатҳи баланд мақому мартабаи шаҳри азизи мо - Душанберо оламгир намудааст.

 Манижа ШЕРХОНОВА,

корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон