БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе

Пойтахт

Тирамоҳи соли 2010 навгоние дар фазои иҷтимоии пойтахт рух дод. Баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 - 2010» Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» ифтитоҳ ёфт. Ҳадаф аз созмон додани ин Марказ ташаккули зеҳниву ақлонӣ, дарёфту тарбияи бонувони соҳибистеъдод, пешниҳоди онҳо ба иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ дар сохторҳои шаҳрӣ, пешгирии хушунати хонаводагӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, пойдории оилаҳо ва ғайра иборат мебошад.

Бонуи ташаббускор Сурайё Давлатзода имсол ҳамчун директори Марказ ба вазифа таъин гардид ва агарчи ҷавон аст, дар ин масир таҷрибаи зиёде андӯхтааст. Ӯ тули 14 сол дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазифаҳои мутахассиси пешбари раёсати кор бо занон ва оила, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ифои вазифа намудааст. Хатмкардаи факултаҳои таърих (соли 2010) ва ҳуқуқшиносии (соли 2022) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, оиладор ва соҳиби фарзанд аст.

Баробари омадан ба Марказ, Сурайёбону зуд ба маҷрои кор ворид гардиду барои ҳалли муш­килоти бонувон вобаста ба масъалаҳои ситондани алимент, тақсимоти молу мулк, маскун кардани зан дар хонаводаи шавҳар, низоъҳои хонаводагӣ, бо хушунату зӯроварӣ дучор шудани бонувон ва ғайра чорагарӣ намуд. Ҳоло дар Марказ адвокат, равоншинос ва ҳуқуқшинос фаъолият мебаранд, ки масъалаҳои зикршударо пайгирӣ намуда, ба суд ирсол месозанд ва то ҳал шудани қазия ёрии хешро дар доираи қонун амалӣ менамоянд.

- Тули шаш моҳи аввали соли 2024 ба муассиса 386 нафар муроҷиат кард, ки 74 нафари онҳо мард буда, боқимонда бонувонанд. Бархе аз бонувон бо ду-чаҳор кӯдак аз хонаи шавҳар рафта, дар ҳолати шадиди равонӣ ва душвори зиндагӣ қарор доранд. Мардҳо аз ҳамсарони худ шикоят пеш меоранд, ки ба онҳо гӯш намедиҳанду нисбат ба хонаводаи шавҳар беэҳтиромӣ зоҳир менамоянд. Хусуру хушдоманҳо аз рафтору амалҳои арӯсони хонавода норозӣ буда, аз худсариву худписандии онҳо мегӯянд. Ба арзу шикояти онҳо гӯш дода, ҷониби дигарро ба Марказ даъват менамоем ё тариқи телефон ҳамсуҳбат мешавем. Бо озоргарон – мардҳое, ки нисбат ба ҳамсарони худ шиканҷа ва хушунатро раво мебинанд, суҳбат меороем. Аз ҳуқуқҳои зану мард онҳоро воқиф гардонда, барои барқарор намудани арзишҳои хонаводагӣ талош меварзем, - ироа намуд Сурайёбону.

Ҷиҳати тавсеаи донишҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ба ҳунару касбомӯзӣ фаро гирифтани бонувон кормандон дар марказҳои саломатӣ, мактабҳои миёна, донишгоҳу донишкадаҳо ва ғайра мизҳои мудаввар, вохӯриҳо ва суҳбатҳои рӯ ба рӯ доир менамоянд. Бо ҷавонзаноне, ки бармаҳал аз таҳсил дур монда, оиладор шудаанд ва аз ҷониби шавҳар ва хонаводаи ӯ хушунат дидаанду бо чанд тифл дар нимароҳи зиндагӣ дармондаанд, суҳбатҳо доир намуда, онҳоро барои касбу ҳунаромӯзӣ ба Маркази таълими калонсолон ҷалб месозанд, то ҳунарҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, ороиши рӯю мӯй ва ғайраро аз худ намуда, роҳи худро дар зиндагӣ дарёбанд.

Агарчи Марказ барои бонувони шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст, аз тамоми минтақаҳо бонувон ба ин ҷо муроҷиат мекунанд, ки хоҳиши онҳоро наметавонанд сарфи назар намоянд. Ҳадди ақал мекӯшанд, ки ба онҳо кумакҳои равониву ҳуқуқӣ расонанд. Бо созмонҳои ҷамъиятӣ низ ҳамкориро ба роҳ монда, ба бонувоне, ки дучори хушунат шудаанду дар шароити ногувор қарор доранд, яъне ҷойи зист надоранд, то ҳал гардидани қазияи судӣ онҳоро бо паноҳгоҳи муваққатӣ таъмин месозанд. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва созмони ҷамъиятии «Корвони умед» бонувони хушунатдида бо фарзандон дар паноҳгоҳ ҷой дода шуда, се вақт бо ғизои гарм таъмин мегарданд. Онҳо таҳти назорати табиб, равоншинос, ҳуқуқшинос ва мураббӣ қарор мегиранд.

  Мушкили хонаводаҳо, парокандашавии онҳо бағоят нигаронкунанда аст. Хаёлам, ки дарди бонувон ва ҷавондухтароне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, дарди мост. Солҳои тулонии ҳамзистӣ ва мушкилиҳои зиёди пушти сар гузоштаи онҳо, ки соатҳо ба онҳо гӯш медиҳем, таҳаммул кардан бағоят мушкил аст. Агарчи ҷиҳати рафъи мушкилиҳо ва пешгирӣ аз парокандашавии оилаҳо сохторҳои зидахли мамлакат тамоми неруро сафарбар менамоянд, ҳамоно мушкили ҷудошавии оилаҳо вуҷуд дорад. Вақте оилае аз ҳам фурӯ мерезад, бори вазнини зиндагӣ бар дӯши наҳифи зан меафтад. Аз саробонии ҳамсар ва се – чаҳор кӯдак падар дур мегардад. Агар дар масъалаи ҷудо гардидани алимент қарори суд ҳам муқаррар гардад, маблағи ба он ҷудогардида барои ниёзи зану кӯдаконро баровардан ночиз хоҳад буд, хосса барои зане, ки маълумот ва касбу ҳунаре надорад. Бо дарки ин ҳолат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ин масъала ишора намуда, таъкид месозанд, ки духтарон бояд пурра бо тамоми зинаҳои таҳсил фаро гирифта шуда, соҳибмаълумот ва касбу ҳунаре дошта бошанд, то дар баланд бардоштани некуаҳволии хонавода саҳми босазо гузоранд, - таъкид намуд директори Марказ.

Сурайё Давлатзода бар он назар аст, ки, агар оилае пош хӯрад, бори сангини зиндагӣ ба дӯши модар афтида, пайи дарёфти рӯзӣ аз таълиму тарбияи фарзанд дур мегардад ва ин вазифа асосан ба уҳдаи хешовандон – бобову бибӣ, тағову холаҳо меафтад. Занҷираи мустаҳками оила парешон шуда, кӯдак аз меҳрубонӣ ва ҳузури эътимодбахши падару модари хеш маҳрум мегардад. Хосса, агар модар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ орад. Барои кӯдак парокандашавии оила, агар садамаи равонии аввалин бошад, дурӣ аз модар ва зери парастории дигарон қарор гирифтани ӯ латмаи сахте ба ҳайсияти ӯ мегардад.

 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз ҷавонон ҳамчун неруи ояндасоз ном мебаранд ва такя ба насли оянда доранд. Бо ҳама шароите, ки баҳри рушди ҷомеа фароҳам овардаанд, мо бояд содиқона баҳри мустаҳкам намудани рукнҳои оиладорӣ, баланд бардоштани маърифат ва аз пошхӯрӣ эмин доштани хонаводаҳо тамоми неруро равона созем ва сазовори эътимоди ҳамагон гардем, - афзуд дар фарҷоми мусоҳиба Сурайё Давлатзода.

Ситора АШӮРОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон