БОЙГОНӢ
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Душанбе – шаҳри гулбасар
ПойтахтАкадемик А.П. Окладников бозёфтҳои маданияти кӯҳистони Тоҷикистонро аз рӯи ёдгории барҷастаи ин давра-Теппаи Ғозиёни Ҳисор, «маданияти Ҳисор» номида, таърихашро ба ҳудуди ҳазорсолаҳои 4–3 то милод мансуб донист. Зимни омӯзиши илмии бостоншиносии ҳудуди Душанбе ва атрофи он муҳаққиқон чандин ёдгории арзишманд, аз ҷумла Арки Амир (таҳҷои боғи ботаникӣ), Дахма (ҳудуди маркази алоқаи ҷумҳурӣ), «Боқимондаҳои шаҳр» (Остонес)-дар байни хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва кӯчаи Деҳқон, Шишихон (маҳаллаи 94), Работ (аз нишебии кӯли хиёбони Сомонӣ то кӯчаи Аҳрорӣ), Искандартеппа (кӯчаҳои Карин Манн ва Фучик) ва ғайраро кашф намуданд.
Дар навиштаҳо нахустин бор Душанбе ҳамчун русто соли 1676 зикр ёфтааст. Ёддоштҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин маҳалла дар як гӯшаи рӯди Варзоб ҷой дошт ва ҳар рӯзи душанбе он ҷо бозор барпо мешуд ва бо ҳамин далел макон номи Душанберо ба худ гирифтааст. Дар дигар санадҳо маҳалла ё рустои Душанбе бо номи «Душанбебозор» низ ёд мешавад. Ин номро боис баргузории бозор дар рӯзҳои душанбе аст. Бори аввал унвони Душанбе дар харита соли 1875 зикр ёфта, шаҳр чун қалъае дар болои соҳили рӯди Душанбе бо 10000 аҳолӣ тасвир мешуд. Маркази ҳаёти иҷтимоии Душанбе корвонсарой буд.
Душанбе 16 октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон тасдиқ шуд ва дар санадҳо бо номҳои Душамбе, Дюшамбе низ сабт шудааст. Аввалин раиси шаҳри Душанбе Абдукарим Розиқов буд, ки соли 1926 нақшаи меъмории шаҳрро пешниҳод кард.
Аз 16-уми октябри соли 1929, бо эълон шудани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати СССР, ки ба давраи роҳбарии Иосиф Виссарионович Сталин рост меояд, ба Душанбе номи Сталинро доданд ва он то соли 1961 Сталинобод ном дошт. Соли 1961 Душанбе аз нав ба номи худ баргашт.
Интиҳо ин аст, ки Душанбе, ҳамчун шаҳр, аз соли 1924 то 1929 пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, аз соли 1929 то 1991 пойтахти Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз соли 1991 пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Душанбеи шуравӣ
Баъд аз солҳои 70-уми асри гузашта, ки ба даврони шуравӣ рост меояд, Душанбе ҳамчун пойтахти ҷумҳурӣ дар ҳоли рушд қарор дошт. Биноҳои маъмурию фарҳангӣ, сохтмони биноҳои кумитаву вазоратхонаҳо ва макотиби олӣ яке аз паси дигаре бунёд шудан гирифт ва шаҳр симои худро сол аз сол дигаргуна мекард. Гулгашту хиёбонҳои нав арзи ҳастӣ намудаву кӯчаҳои пойтахт шумори худро меафзуд.
Шумори ноҳияҳои пойтахт чун имрӯз чор адад буд ва номҳои Роҳи Оҳан, Октябр, Фрунзе ва Марказиро ба худ касб карда буданд. Шаҳрвандони ватанию хориҷӣ аз чор гӯшаи шаҳр вориди пойтахт мешуданд. Албатта, биноҳои баландошёна дар пойтахт кам набуданд, аммо шумори ҳавлиҳо зиёдтар буд ва он сол ба сол меафзуд.
Аз биноҳои 16-ошёна ба ҷуз Маркази миллии ташхис (Диагностика) ва бинои истиқоматие дар маҳаллаи маъруф бо номи «Профсоюз», дигар бинои баланде дар хотир намондааст. Шояд, шумори онҳо ҳамин қадар буд. Ба ҷуз дукону растаҳои хурдакак дар ҳар маҳалу гузар эҳтиёҷоти сокинони пойтахтро се бозори калон: «Путовский», «Шоҳмансур» («Зелёний»), «Саховат», ки имрӯз дуи аввал тахриб шудаанд, бароварда менамуд.
Деҳқонон аз ноҳияҳои гирду атроф сабзавоту меваҳои хуштамъро ба аҳолӣ пешкаш менамуданд. Либосу пойафзолро мардум аз мағозаву марказҳои фурӯши давлатӣ дастрас мекарданд. То расидан ба даврони Истиқлоли давлатӣ дар пойтахт як донишгоҳ - Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва институтҳои омӯзгорию тиббӣ ва техникию хоҷагии кишлоқ арзи вуҷуд доштанд. Ибтидои солҳои 1978–79 Институти забон ва адабиёти руси Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) дари худро ба рӯи донишҷӯён боз кард.
Аз баракати истиқлол
Дар замони соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе симои худро куллан тағйир дод. Аз чор ҷониби шаҳр дарвозаҳои зебову муҳташам бино шуда, намои пойтахтро ҳусни тоза бахшиданд. Масоҳати шаҳр аз ҳисоби навоҳии гирду атроф зиёд ва шумори аҳолӣ низ ба яку ним миллион расид. Душанбе имрӯз шаҳрест оғӯштаи гулҳои рангоранг, чор фасли сол сабзазору майсазор ва дар анбуҳи долу дарахтони сар ба афлок кашида, ки мислаш дар пойтахт набуд. Корхонаҳои истеҳсолию муассисаҳои фарҳангии зиёде дар ин айём дари худро барои сокинони кишвар боз намуду ҳазорҳо нафар мутахассисон, хусусан ҷавонони болаёқат барои худ макони кор ёфтанд. Донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳои касбии Душанбе ҳазорҳо ташнаҳои илму ҳунарро ба оғӯш гирифтаанд.
Ҳоло ҳар нафари ба Душанбе воридшударо майдони Дӯстӣ бо маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Майдони Парчами давлатӣ, Қасри миллат, бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ, Боғи устод Рӯдакӣ, Боғи устод Садриддин Айнӣ, кӯли Душанбе, бозори Меҳргон, чандин театру амфитеатрҳо, Осорхонаи миллии қадимӣ, бузургтарин Масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ, Маркази Исмоилия, муосиртарин меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ ва даҳҳо иншооти бузурги фарҳангӣ, маъмурӣ, илмӣ, тандурустӣ ва ғайра мафтун месозад. Ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини дунё дохил шудани шаҳри Душанбе мояи ифтихори мост.
Душанбе ба писарону духтарони ҷасуру тавонманд имкони хеле хуб фароҳам овард, ки дар риштаи варзиш комёбу муваффақ шаванд. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳамаи маҳаллаҳо, возеҳтараш, назди аксари биноҳои истиқоматӣ, бо судури як фармон барои солимии ҷомеа, бахусус кӯдакону наврасон, майдончаҳои варзишӣ бунёд намуд, ки алъон ин майдончаҳо мавриди истифодабарӣ қарор доранд ва як манбаи асосии ташаккули ҳаёти солим барои шаҳрнишинон ва пирӯзу муваффақ шудани варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар риштаҳои гуногун гашт. Дертар бунёди эстакадаҳо дар маҳаллаҳои 82 ва 91-уми пойтахт, Маҷмааи варзиши обӣ ва Қасри теннис дар мавзеи боғи Умари Хайём ва маҷмааи «Истиқлол» дар хиёбони Рӯдакӣ масъулияти баланду соҳибмаърифатии раиси шаҳр Рустами Эмомалиро ба сокинони пойтахт муаррифӣ намуд. Ин ҳангом боз иншооти зиёде дар ҳолати анҷому мавриди баҳрабардорӣ ва сохтмони садҳои дигар рӯи нақша қарор доранд.
Шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ чун лолаҳои гандумзор саропо шукуфту зебову мунаввар гашт. Тасдиқи ин гуфтаҳоро ҳам аз забони сокинон ва ҳам сайёҳон зиёд мешунавем. Тоҷири тоҷиктаборе, ки аз замони шуравӣ дар шаҳри Москва кору зиндагӣ дорад, чанд сол пеш ҳини боздид хурсандию ҳайратзадагиашро ошкоро нишон доду гуфт: «Шаҳрамон ин қадар ободу зебо гаштааст, ки аз пойтахти ҷумҳуриҳои пешрафта тафовуте надорад. Душанбе сахт писандам омад, боз меоям,……». Ӯ ба аҳди худ вафо кард ва ҳамасола гоҳе бо хонавода, гоҳе танҳо ба Душанбе меояду аз ҳавои мушкбези он ба серӣ нафас мегирад, аз пешрафту шукуфоии он лаззат мебарад…
Р. НАЗИР