БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Достони ҳунармандони балҷувонӣ

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Балҷувон мавзеи таърихиест, ки бо табиати назаррабою манзараҳои зебояш дили бинандаро тасхир месозад. Минтақа на танҳо бо нуқтаҳои таърихии худ, балки бо ҳунармандии сокинонаш диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд. Бошандагони ин диёри куҳан аз аҳди қадим ба ҳунармандӣ шуғл меварзанд. Ҳунарҳои дастии бонувон дар фасли баҳор бо омадани Наврӯзи оламафрӯз таровати хоса пайдо намуда, ба ин Ҷашн ҷалоли тоза мебахшад. Бонувон бо чакандӯзӣ, попурзанӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чодардӯзӣ, гулдӯзӣ ва даҳҳо ҳунари дигар маъруфанд. Онҳо ҳунарҳои аз бибикалонҳо омӯхтаашонро кӯшиш менамоянд, ки ба фарзандону набераҳояшон омӯзанд.

Дар ин макони пурганҷ дилхоҳ бону ҳатман ба як пешае шуғл меварзад. Онон бо ҳунар, ҷамоли табиӣ, фаросат, рафтор ва либоспӯшии худ намунаи ибратанд. Ҳунармандони ботаҷрибаву бомаҳорат дар ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ хизмати арзандаеро анҷом медиҳанд. Бо маҳорати ба худ хос нигораҳои чаканро қаламию сӯзан мезананд.

                Дасти гул

Дастагул Мирзоева, зодаи деҳаи Боғи Зоғони Сари Хосор, арус шуда, замоне ба деҳаи Хироби ноҳияи Балҷувон омадааст. Азбаски аз модар ҳунармандиву кадбонугиро омӯхта буд, дар зиндагӣ дарнамонд. Аз уҳдаи дӯхтани чакан, болопӯшҳои чаканӣ ва курта ба хубӣ мебарояд.Сар аз соли 2013 дар мактаби ҳунарии ноҳияи Балҷувон ба духтаракони завқманд нафосати чаканро меомӯзонад.

– Бо омад-омади фасли баҳор ва Наврӯзи ҳуҷастапай кори мо бештар мешавад. Чунки дар ин моҳу рӯзҳо пӯшидани чакан байни занону духтарон ба ҳукми анъана даромадааст. Ба бар кардани куртаи чакан пайи қадами Наврӯз ифода мегардад, зеро чакан рамзи баҳор ва Наврӯзи Аҷам дониста мешавад.Чакан қадимтарин либоси миллии бонувони тоҷик ба шумор рафта, духтаракону арусон ва занон онро ба бар мекунанд. Дар ҳамин раванд ба шогирдон омӯзиши ҳунар ва фарҳанги миллиро тарғиб менамоям. Чунки бо омӯзондани ҳунарҳои қадима насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва аҷдодӣ, ба таърих ва мероси ниёгон ошно мешаванд.Хушбахтона, солҳои охир анъанаҳои миллӣ рушду нумӯ ёфта, ҳифз мегарданд. Ин ҳама ба шарофати неъмати бебаҳо – Истиқлоли давлатӣ аст, – иброз дошт Дастагул Мирзоева.

            Муҳтоҷу мунтазир намешавем

Мавҷигул Рамазонова, сокини ноҳияи Балҷувон, дар қуроқдӯзӣ моҳир буда, ин ҳунарро аз модараш омӯхтааст. Солҳои пеш духтаракон бар замми корҳои хоҷагиву дарсхонӣ, боз шабона бо навбат дар хонаи якдигар ҷамъ омада, ба дарздӯзӣ машғул мешуданд. Агар духтар бо дасти худ чодари арусиашро намедӯхт, ӯро ба шавҳар намедоданд. Ҳамин тавр, духтаракон рӯзҳоро аз пайи ҳунарварӣ мегузаронданду ба беҳудагардӣ вақт намеёфтанд.

– Муддатест, ки бо маркази ҳунарӣ ҳамкорӣ намуда, ба гулдухтаракон ҳунар меомӯзам. Ҳадафи асосии баргузории дарсҳо дар эҳё намудан ва густариш додани ҳунарҳои аҷдодӣ, ташаккули ахлоқу одоб ва боло бурдани сатҳи зиндагии минбаъдаашон аст. Ба духтарон санъати порчадӯзиро ёд медиҳам. Аз пораҳои матоъҳо нақш офарида, онҳоро бо якдигар пайванд месозем. Аз қуроқ дастархон, чодари арусӣ, кӯрпаву кӯрпача, ҷилди таксарӣ, чойникпӯш, гаҳворапӯш омода месозем. Маҳсули дасти гулдухтаракон чорабиниҳои гуногуни ноҳиявиро зеб дода, диққати бинандагонро ба худ мекашанд, – гуфт Мавҷигул Рамазонова. – Агар инсон ҳунар надошта бошад, дар зиндагӣ ба душворӣ рӯ ба рӯ мешавад. Аз ҳисоби ҳунар ҳафт фарзандро ба воя расонда, дар зиндагӣ ба ягон кас муҳтоҷу мунтазир нашудем.

Сипоси бепоён ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳунарҳои мардумиро аз нав эҳё намуда, ҳунармандонро хор шудан намонданд. Дар навбати худ мо мекӯшем, ки тамоми ҳунарҳоямонро ба ҷавондухтарон меомӯзонем. Умед дорем, дар оянда онҳо ҳунари худро ба насли нав нишон медиҳанд…

Маърифати ҳунар

Тоқидӯзӣ як намуди санъати ороишӣ буда, яке аз навъҳои маъмулии ҷузъи либоси сарпӯши тоҷикон аст. Ҳунарҳои миллӣ, расму суннатҳои тоҷикон дар даврони истиқлолият чун арзишҳои миллӣ дубора эҳё гаштанд. Имрӯз ба онҳо ҳамчун ифтихор на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ арҷ гузошта мешавад, зеро тоқӣ ё сарпӯш имрӯз воситаи ташвиқ ва муаррифгари миллат ҳисоб меёбад. Маърифат Муҳидова ин ҳунарро аз модараш омӯхта, бо нақшу рангҳои зебо тоқӣҳоро омода мекунад. Маҳсули дасти ӯ на танҳо дар минтақа, балки дар пойтахти кишвар муштарӣ дарёфтааст.

Чандин сол аст, ки ба ин пеша шуғл варзида, аз ҳисоби он рӯзгорамонро пеш мебарем. Тоқии чакан яке аз намудҳои муҳими санъати ороишии сокинони минтақаи Кӯлоб буда, дорои рамзҳои ба худ хос аст. Онро дар арафаи иду айём ҳам мардон ва ҳам занон ба сар мекунанд, – иброз дошт Маърифатбону. Талабгорони тоқии чакан сол ба сол зиёд гашта, бештар онро дар фасли баҳор ва омад-омади Наврӯзи оламафрӯз фармоиш медиҳанд. Тоқии чакан дар сар ҳамчун нишони наврӯзӣ дониста шудааст. Нафароне низ ҳастанд, ки тоқии чакан фармоиш дода, онро ба дӯстони хориҷии худ ҳадия мебаранд. Шодиовар аст, ки тоқӣҳои дӯхтаи мо на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ диққати ҳаводоронро ҷалб сохтаанд. Дӯзандаи бомаҳорат Маърифатбону ба духтарони маркази ҳунари ноҳияи Балҷувон таъкид мекунад, ки ҳунар беҳтарин офаридаи инсонӣ буда, ҳунарманд ҳар ҷо сарфароз мегардад.

                                                                                               Мадина БАЛАҶОНОВА

                                                                                     Душанбе – Балҷувон – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 9)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон