Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сайре ба олами заргарӣ
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣБаъзан тақдир инсонро ба назди касоне мебарад, ки суҳбаташон ба китоб мемонад. Китобе, ки ҳар саҳифаи он аз таҷриба, дард, муҳаббат ва ҳикмат навишта шудааст. Вақте вориди коргоҳи ҶДММ «Афросиёб» шудам, гумон доштам, ки танҳо дар бораи заргарӣ хоҳам шунид. Аммо баъди чанд дақиқа дарк кардам, ки сухан на аз нуқра ва сангҳои қиматбаҳо, балки аз таърихи миллат, аз ҳувият, аз муҳаббат ба зебоӣ ва аз рисолати инсон дар назди фарҳанги худ меравад.
Дар кунҷи коргоҳ рӯйи миз пораҳои нуқра, марҷон, сангҳои гуногун ва асбобҳои нозуки ҳунарӣ қарор доштанд. Ҳама чиз ором менамуд, аммо дар ин оромӣ садои асрҳо танин меандохт. Гӯё ҳар як пораи филиз хотираи дастони ҳунармандони гузаштаро дар худ нигоҳ дошта бошад.
Соҳиби ин олами пурҷозиба Абдувалӣ Абдуллоев, заргарест, ки беш аз нисфи умри худро ба омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ бахшидааст, ҳангоми суҳбат аз кӯдакӣ оғоз кард.
– Ман аз хурдӣ ба санъат дилбастагӣ доштам. Ҳанӯз, замоне, ки ҳамсолонам ба бозиҳо машғул буданд, ман ба нақшу нигори миллӣ менигаристам. Чакан, атлас, адрас ва ороишҳои қадимӣ бароям дунёи дигар буданд, – иброз дошт Абдувалӣ.
Дар овозаш самимият ва эҳтиром нисбат ба гузаштагон эҳсос мегардид. Ӯ аз бонувоне ёд мекард, ки бо либосҳои миллӣ, бо зебоии тоҷикона ва бо ҳифзи анъанаҳои мардумӣ намунаи ифтихори фарҳангӣ буданд. Аз ҷумла, номи Гулчеҳра Содиқова ва Хайрӣ Ватанова ҳини суҳбат борҳо садо доданд. Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин шахсиятҳо бори аввал чашмашро ба ҷаҳони зебои ҳунарҳои миллӣ кушоданд.
– Он вақт танҳо зебоиро медидам, вале баъдтар фаҳмидам, ки пушти ҳар нақшу нигор, ҳар либос ва ҳар ҷавоҳирот таърих, фарҳанги як миллат нуҳуфтааст, – мегӯяд ӯ.
Маҳз ҳамин ошноӣ ӯро ба ҷустуҷӯи маъноҳои ниҳон дар нақшу нигорҳои миллӣ бурд. Тадриҷан ба омӯзиши мероси фарҳангӣ рӯ овард ва ҳар бозёфти қадимӣ барояш ба як дарси нав табдил меёфт.Дар роҳи ҷустуҷӯи ҳунар тақдир ӯро бо шахсиятҳои зиёде рӯ ба рӯ кард, ки ҳар кадом дар ташаккули ҷаҳонбиниву эҷодиаш нақши муҳим бозиданд. Вай бо эҳтироми зиёд аз хонаводаҳои ҳунармандон ва дӯстдорони мероси фарҳангӣ ёд мекунад, ки ба ҷамъоварӣ ва ҳифзи осори таърихӣ машғул буданд.
– Ягон ашёи нодир ё бозёфти таърихӣ пайдо мешуд, ҳатман онро меоварданду нишон медоданд. Баъзе вақтҳо ҳатто худи онҳо харидори чунин ашё мешуданд. Маҳз тавассути ҳамин гуна инсонҳо ман ба қадри ашёи қадима ва арзиши воқеии мероси фарҳангӣ расидам.
Ба гуфтаи усто, ҳамин муҳити фарҳангӣ ӯро тадриҷан ба олами ҳунарҳои миллӣ, нахуст ҳамчун тамошобин, баъдан дӯстдори санъат ва ниҳоят чун эҷодкор ворид сохт.
Дар ин миён нақши устодон низ бузург буд. Мавсуф бо ифтихор аз коргардонҳои маъруфи санъати тоҷик Соҷида Ғуломова ёд мекунад ва мегӯяд, ки аз мактаби эҷодии ин бонуи ҳунар бисёр сабақ гирифтааст. Ҳар як мулоқот, ҳар як суҳбат ва ҳар як мушоҳида барои ӯ дарси наве буд.
– Аз ҳар шахсияте, ки дар роҳи зиндагӣ вохӯрдам, аз театр, саҳна, рассомон ва аз ҳунармандон чизе омӯхтам. Ҳамеша мехостам чизеро худам офарам ва ба вуҷуд оварам, ки пеш аз ман набуд.
Роҳи эҷод мушкилиҳои худро дорад. Ҳангоми ҷустуҷӯи сабки шахсӣ борҳо миёни анъана ва навоварӣ қарор гирифтааст. Гоҳе унсурҳои фарҳанги аврупоӣ бо нақшу нигори миллӣ омезиш меёфтанд, гоҳи дигар рӯзҳо ва ҳафтаҳо дар ҷустуҷӯи шакли нав сипарӣ мешуданд.
– Заргарӣ ҳунари сабр аст. Ин касб таҳаммул мехоҳад. Бояд соатҳо ва рӯзҳо кор кунӣ, фикр ронӣ, бисанҷӣ ва баъд чизеро ба вуҷуд биёрӣ. Вақте як асари заргариро меофарӣ, гӯё ба он ҳаёт мебахшӣ. Он дигар танҳо як порчаи филиз нест, балки офаридаи ту мешавад, – мегӯяд заргар.
Шояд маҳз ҳамин эҳсоси офариниш аст, ки ӯ заргариро аз бисёр касбҳои дигар ҷудо мекунад. Дар дасти усто нуқра, санг ва марҷон тадриҷан ба як асари бадеӣ табдил меёбанд, асаре, ки на танҳо зебоӣ, балки андеша, эҳсос ва ҷаҳонбинии офарандаи худро низ дар худ нигоҳ медорад.
Ӯ китобҳои нодирро меҷуст. Энсиклопедияҳои қадимаро мехарид. Дар бозорҳо, назди коллексионерон ва дӯстдорони санъат ашёҳои таърихиро пайдо мекард. Ҳар як китоб, ҳар як бозёфт барои ӯ дарси нав буд.Солҳо сипарӣ шуданд ва шавқу ҳавас тадриҷан ба касб табдил ёфтанд. Ҳангоми сухан гуфтан аз кори худ, чашмонаш мисли чашмони кӯдаке медурахшиданд, ки ба вай бозичаи дӯстдоштаашро туҳфа медиҳанд.
– Баъзан як лоиҳаро чанд рӯз месозам. Баъди гузашти чанд вақт мебинам, ки қобили қабул нест, мешиканам. Аз нав месозам, то даме, ки писанд меояд, – мегӯяд ӯ.
Ин ҷумла шояд тамоми моҳияти ҳунари ҳақиқиро ифода кунад. Имрӯз, дар замоне, ки бисёр чизҳо бо суръат истеҳсол мешаванд, ҳунарманд барои офаридани як ҷавоҳирот ҳафтаҳо заҳмат мекашад.
– Пеш аз сохтани ҳар як ҷавоҳирот бояд соҳиби онро бишносам. Бо ӯ суҳбат кунам, хислаташро фаҳмам ва орзуҳояшро бидонам. Танҳо баъд метавонам чизеро бисозам, ки ба ӯ мувофиқ бошад.Барои сохтани як гарданбанди фармоишӣ моҳҳо хусусиятҳои шахсии соҳибашро омӯхтааст.
– Ман намехостам танҳо як ороиш созам. Мехостам хислати ӯро дар ҷавоҳирот таҷассум кунам, – афзуд заргар.Ҳамин аст, ки ҳар асари ӯ на танҳо як маҳсулот, балки қиссаест аз зиндагии инсон.Дар идомаи суҳбат ӯ аз муҳимтарин шарти муваффақият дар ин касб ёд мекунад:
– Заргар бояд ошиқи зебоӣ бошад. Агар муҳаббат ба ҳунар надорӣ, офаридани асари воқеан арзишманд ғайриимкон аст. Ҳар як ҷавоҳироте, ки месозам, мекӯшам хусусият, ҷаҳонбинӣ ва шахсияти соҳибашро инъикос намояд, – изҳор медорад Абдувалӣ.
Вақте аз оғози роҳи касбиаш пурсидам, бо лабханди ором аз солҳои ҷавонӣ ёд кард.– Аз 21-солагӣ ба таври ҷиддӣ ба заргарӣ пардохтам. Дар ин муддат шогирдони зиёд тарбия кардам ва дар озмунҳои касбӣ низ ба дастовардҳо ноил гардидам. Шӯҳрат Ёрбобоев аз ҷумлаи шогирдонест, ки тамоми нозукиҳои заргариро омӯхтааст ва натиҷаи заҳматҳои ӯ дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи аввал ва мақоми ифтихорӣ гардидааст. Бо вуҷуди ин, то имрӯз омӯзишро идома медиҳам, зеро ҳунар ҷаҳони беохир аст.
Сухан ба марҷон ва марворид расид. Ӯ як ҷавоҳирро ба даст гирифт ва бо эҳтиёт нишон дод.Мардум баъзан фикр мекунанд, ки ин танҳо санг аст. Аммо марҷон як мавҷуди зинда аст ва аз баҳр меояд. Марворид низ аз ҳамин гунаҳост.
Дар замони технология ва истеҳсоли оммавӣ чунин нигоҳ ба табиат камёб шудааст. Барои ӯ ҳар як мавод таърихи худро дорад. Марҷон нафаси баҳрро, марворид хотираи қаъри уқёнусҳоро ва нуқра бошад, оромии кӯҳистонро дар худ нигоҳ доштаанд.
Бо эҳтироми хос аз нуқра ёд мекунад.Дар фарҳанги тоҷик нуқра ҳамеша ҷойгоҳи махсус дошт. Дар зарфҳо, дар ҷавоҳирот, дар шамшерҳо, дар камарбандҳо ва ҳатто дар ашёи рӯзгор. Бобову бибиҳои мо беҳуда нуқраро дӯст намедоштанд. Бароям нуқра танҳо металл нест, балки таҷассумгари рамзи покӣ, хоксорӣ ва зебоист.
Дар ҷараёни суҳбат борҳо сухан ба фарҳанги миллӣ бармегашт. Ӯ аз чакан, аз гулдӯзиҳои қадимӣ, аз нақшу нигорҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва Бадахшон ёдрас мешуд. Аз рамзҳое, ки имрӯз бисёриҳо онҳоро танҳо ҳамчун ороиш мебинанд, вале дар асл маъноҳои амиқи фарҳангӣ доранд.
Ҳангоми берун рафтан нигоҳам бори дигар ба ҷавоҳироти рӯйи миз афтод. Онҳо дигар барои ман танҳо ороиш набуданд. Дар ҳар кадом меҳнати чандинрӯзаи усто Абдувалӣ нуҳуфта буд. Дар ҳар кадом қиссае аз таърихи тоҷикон зинда буд. Дар ҳар кадом муҳаббати як инсон ба ҳунар метапидва ман дарк кардам, ки заргарӣ танҳо сохтани ҷавоҳирот нест, балки офаридани хотира, зебоӣ ва пулест миёни гузашта, имрӯз ва оянда.
То вақте чунин ҳунармандон ҳастанд, нуқраи тоҷик танҳо филиз нахоҳад буд, он оинае хоҳад монд, ки дар он чеҳраи фарҳанг, ҳувият ва рӯҳи миллат инъикос меёбад.
Гулшан ҶӮРАЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо










