БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нонҳои Ғунчагул

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

 Дар ноҳияи Восеъ занҳои ҳунарманд бешуморанд, аммо таъми нону кулчаҳои ӯ дигаранду маҳсули дастонашро бо унвони «нонҳои Ғунчагул» ёд меоранд. Бо муомилаи хушу кушодарӯйӣ ва ҳунари волояш дили мизоҷонро ҷалб намудааст. Нафарони тӯю маъракаороянда, ба ӯ кулчаву фатиру қатмол фармоиш медиҳанд. Ғунчагулро ҳунараш соҳибэҳтиром, рӯзгорашро обод намудааст ва ӯ ба ин роҳ дар дилу дидаҳои мардум маъво гирифтааст.

 Вақти дар деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ба дунё омадан, зодмандон дар шаҳодатномаи таваллуд исми маро Қурбонгул Шарифова сабт намуданд, аммо аҳли оила маро Ғунчагул ном мебаранд,- изҳор медорад ҳунарвар.

Ғунчагул дар пухтани нону кулчаву чапотӣ ҳамто надорад. То оиладор шудан аз ин ҳунар бехабар буд. Пас аз хатми мактаби миёна шавҳар кард ва ӯ кунун соҳиби се духтару ду писар аст. Барои беҳтар намудани вазъи иқтисодии хонавода аз янгааш таҳияи маҳсулоти қаннодиро омӯхт, баъдан нону чапотипазиро низ аз худ кард.

 Вақте ки дар хонаи ҳамсояҳо маърака баргузор мегардид, ман фақат ба нонбандии занҳо ёрӣ мерасондам ва ба бурдану овардани нону хамир масруф будам. Рӯзе мустақилона нон пухтам, аз уҳдааш баромадам. Сипас, дар гӯшаи ҳавлӣ танӯри нонбандӣ сохтем. Хамир мешӯридаму духтарони хурдсолам дар зуволагардонӣ ёрирасонам буданд. Муддати панҷ сол бо аҳли хонавода ин ҳунарро сайқал додем. Ҳар рӯз аз се халта орд нон мепухтам. Писарам нонҳоро ба бозор мебурду ҳамсарам бошад, онҳоро мефурӯхт. Шукр мегӯям, ки ин пеша моро аз вартаи буҳрони молиявӣ наҷот дод, - изҳор намуд Ғунчагул.

Ин бонуи ҳунарманд хушҳол аз он аст, ки ҳоло шаш нафар ёвар дорад. Субҳ, соати се, аз хоб бархоста, бо ҳамроҳии Моҳираи ҳамсояаш, то омадани дигар коргарон ним халта ордро хамир шӯрида, дар дастгоҳ зувола мезананд ва нон мепазанд. Моҳира мегӯяд, ки бо ғизои гарм таъминанду ба хона низ нони гарм мебаранд.

Ғунчагул покиву озодагиро меписандад ва аз коргарон хоҳиш менамояд, ки ҳамеша коргоҳро тозаву озода нигаҳ доранд. Муштариён низ ба покизагии нонпазхона мароқ зоҳир менамоянд ва яке аз сабабҳои зиёд будани муштариён маҳз хамин тозаву озодагии дохил ва атрофи коргоҳ аст.

 Мо дар оила шаш духтару ду писар будем. Модарам зани қобилу ҳунарманд буду то кӯдакон аз хоб бедор шудан, нону кулчаҳои гарм ва наҳорӣ омода менамуд. Момаи ҳунармандам, дар баробари кадбонуи хуб будан, аз уҳдаи шерозу чакану гулдӯзиву дигар ҳунарҳои дастӣ ба хубӣ мебаромад. Мо, аҳли оила, барвақтхезиро аз модар омӯхтаем, ки мегуфт, баракати сахар дигар аст. Вақте бонувонро дар кӯча бекор мебинам, ба онҳо насиҳат мекунам, ки ҳунар омӯзанд, - иброз дошт бонуи ҳунарвар.

Рӯзе марде наздаш омаду аз ӯ мадад хост, то дар деҳаи худ фаъолияти коргоҳи нонпазиро ба роҳ монанд, зеро дар деҳа бонувони бекор зиёданду ӯ мехоҳад онҳоро бо ҷойи кор таъмин намояд. Муддати чанд рӯз Ғунчагул ба бонувони деҳа ҳунари таҳия кардани маҳсулоти нониро омӯзонд ва ба онҳо зарфи хамиршӯрӣ, муғпар ва остинчаю рафида туҳфа намуд.

 Як шогирдам бо номи Нилуфар дар маркази ноҳия бо модараш нонпазиро ба роҳ монд. Боз ду нафари дигар дар мавзеи Ҷаврез (собиқ Андреев) ба ин пеша шуғл меварзад. Мекӯшам, то хоҳиши касеро бетаваҷҷуҳ нагузорам, - мегӯяд Ғунчагул.

Чанд маротиба ба шаҳри Душанбе даъват шуд, нарафт, зеро ба ин ҷой одат кардааст. Нонвойи онҳо дар шоҳроҳ воқеъ аст, сайёҳон ва меҳмононе, ки аз ин роҳ мегузаранд, аз маҳсулоти онҳо харид менамоянд. Дар оянда ният дорад, ки боз се танӯри дигар созад, ки яктои он бо оташи табиӣ афрӯхта шаваду дар фасли сармо аз он истифода баранд.

 Мекӯшам бештар хамиртуруши хонагиро ба кор барам. Аз шаб хамирмоя тайёр карда, саҳар онро истифода менамоем. Нон ғизои муқаддас аст, нон набошад, гӯё рӯйи хон чизе нест. Замоне аз норасоии нон сахт танқисӣ мекашидем ва намедонистем, ки онро аз куҷо пайдо намоем. Аз вақте, ки ба ин шуғл машғулам, дастархонам ҳамеша пурнон аст. Шукронаи амонӣ ва сериву пурӣ, суботу осудагист, ки рӯзгори хубу шоиста дорем,-меафзояд бонуи нонпаз.

Соҳибхона моро сари хон даъват намуду аз помидору кабудии кӯфта ва нони гарм шакароби болаззате таҳия кард. Барои мо, ки ташнаи меҳру муҳаббат ва самимияти мардуми маҳалем, ин ҳолат хеле гуворову хотирмон буд.

Мадина БАЛАҶОНОВА,

Душанбе – Восеъ - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон