Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хоксорӣ ӯро зебанда аст
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣҲамеша мехостам, ки корманди ҳифзи ҳуқуқ бошам. Агар занеро бо либоси ҳарбӣ медидам, аз ӯ дида канда наметавонистам. Аммо пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-юми шаҳри Душанбе ба Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гом ниҳодам,- мегӯяд Камила Ҳакимова.
Камила 29 - уми августи соли 1999 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Модари омӯзгораш ҳамеша ӯ ва бародарашро ба донишандӯзӣ ҳидоят мекард. Давоми таҳсил дар мактаб хонандаи зираку доно ва пешқадам буд. Ҳамчунон, аз хурдӣ ба қаламу ранг ҳавас дошт. Ягон чорабинии мактабӣ бе расмҳои кашидаи ӯ намегузашт. Дар баробари рағбат доштан ба рассомӣ, фанни омодагии дифои ҳарбиро низ меписандид.
Нозукиҳои ҳунари рассомиро аз худ карда, ҳанӯз овони донишҷӯӣ дар мактаб ҳамчун омӯзгори фанни нақшакашӣ, расм ва меҳнат фаъолият мекард. Дар ин соҳа аллакай ба як нафари пуртаҷриба ва кордон табдил ёфт. Талош меварзид, то шахси муваффақ бошад. Агар ягон мушкилие пеш меомад, аз модар маслиҳат мегирифт.
Модар бароям шахси муътабару азиз аст, зеро дар зиндагӣ ҳамеша раҳнамову пуштибон ва ғамгусорам мебошад. Қуввати дили ману бародарам ҳастанд,- иброз медорад бо хушнудӣ Камила.
Дар мувофиқа бо модар, пас аз гирифтани диплом, ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурд. Феълан, баробари дар мактаб кор кардан, дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳамчун ҳуҷҷатгузор заҳмат мекашад. Ба касби худ дилбохтагӣ дошта, аз тамоми навовариҳои соҳа огаҳии хуб дорад.
Камила пазандаи моҳир аст. Аз уҳдаи пухтани хӯрокҳои миллӣ ва ҳам аврупоӣ мебарояд. Ҳунари омода намудани хӯришҳоро ҳам дорост. Ӯ хоҳони он аст, ки ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ рафта, ҳунарҳои дигар, аз қабили тайёр кардани шириниҳо ва бофандагию дӯзандагиро низ аз бар намояд…
Зебоиро дӯст медорад. Ба ҷуз фаъолияти асосӣ дар чорабиниҳо бо куртаҳои рангоранги миллӣ фарҳанги тоҷикро муаррифӣ менамояд. Бо тарроҳони маъруфи ватанӣ Хуршед Сатторов ва Фарида Саидова ҳамкории зич дорад. Борҳо либоси миллии тоҷиконаро ба бар намуда, боназокат онро ба бинандагон пешниҳод намудааст.
Либоси миллӣ зебоиву хушбахтиро ба кас фароҳам месозад. Ҳар гоҳе, ки либоси чакану атласро ба бар мекунам, чеҳраам рӯшан мегардад. Ҳар як духтар, бонуи тоҷик, бояд либоси миллии худро дӯст дошта, ба он эҳтиром гузорад, -мегӯяд ин ҷавондухтар.
Занони сиёсатмадорро дар зиндагӣ барои худ намуна мешуморад. Зеро ин бонувон дар рушди ҷомеа саҳми босазо гирифта, барои дигарон намуна ҳастанд. Онҳо ба ҷуз зиндагии шахсӣ дар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷиҳати ободию гулгулшукуфии Ватан пайваста заҳмат ба бор доранд.
Ҳар бори дидани бонувони роҳбар, ба онҳо пайравӣ кардан дар ниҳодам пайдо мегардад. Аз таҷрибаи ғании занҳои шуҷои мамлакат бояд омӯхт. Садоқатмандӣ ва кӯшишу ғайрати зиёд касро ба чунин қуллаҳои баланд мерасонад,-иброз медорад Камила Ҳакимова.
Замоне, ки ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба кор омад, дар ин ҷо бо як зумра бонувони муваффақ унс гирифт. Занони ин боргоҳ кордону заковатманд, ташаббускору фаъол ҳастанду нисбат ба кадрҳои ҷавон дилсӯз ва меҳрубон. Намегӯям, ки аз уҳдаи тамоми корҳо ба осонӣ мебароям. Албатта, душвор аст, аммо барои ба мақсад расидану таҷриба омӯхтан, бояд аз мушкилиҳо наҳаросид,-меафзояд ӯ.
Камилабону баробари дониши хубу маҳорати баланди кордонӣ доштан, боз хушмуомилаву хушрафтор аст. Муносибати самимиаш боис мегардад, ки бо ҳампешаҳо риштаи дӯстӣ пайдо намояд. Ба омӯхтани нозукиҳои касб ҳамеша аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, навовариро дӯст медорад.
Пуртамкинию хоксорӣ ва инсондӯстию хушфеълӣ ва хушмуомилагӣ ӯро зебанда аст. Ин духтари хушрӯ пайваста дар ҷустуҷӯ ва омӯзиш мебошад. Забонҳои русӣ ва англисиро балад асту дар оянда ният дорад, ки сатҳи забономӯзиашро тақвият бахшад…
Мадина БАЛАҶОНОВА