Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Туҳфа баҳо надорад
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣДар зиндагӣ нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки баҳри муваффақ шудан дар ҷодаҳо талош меварзанд ва ояндаи худро месозанд. Бадин васила номи нек ва ҳам корҳои хайрро дар ҷомеа аз худ боқӣ мегузоранд. Воқеан, аксар дар ин ҷода ба муқобилияту рақобатҳо рӯ ба рӯ шуда, бо шикастнопазирӣ дастболо мешаванд.
Шаҳло Турдиева аз зумраи он бонувонест, ки дар майдони набарди мавқеъсозӣ ё ояндасозӣ худро санҷида ва ниҳоят муваффақ ҳам гаштааст. Ба гуфтаи ӯ, мушкилоти зиёди зиндагӣ ӯро ба ин майдон овардаву шикастнопазир намудааст…
Аз авҷи ҳунар
Ӯ омӯзгор буд, ҳоло раҳбарии коргоҳи дӯзандагии «Муродгул»-и ноҳияи Шаҳритусро ба уҳда дорад. Суҳбати мо бо Шаҳло Турдиева дар хусуси чӣ гуна ба ҳунармандӣ пайвастанаш сурат гирифт…
- Дилхоҳ мусоҳиб аз ман мепурсад: «Чаро муаллим будаму имрӯз ҳунарманд шудам?» Посухам як аст: - Ман дар ҳама ҳолат омӯзгор ҳастам ва мемонам! Ин пешаи дӯстдоштаам ҳаст, ки волидони омӯзгорам шавқи касбро аз хурдӣ дар дилу дидаам ҷо намуда буданд.
Муҳаббати пешаи омӯзгорӣ маро ба даргоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ овард. Таҳсил дар факултаи забон ва адабиёти рус равзанаҳои расидан ба орзуямро боз намуд. Баъди хатми Донишгоҳ фаъолияти омӯзгориам аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-юми ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт. Соли 1993 бо тақозои вазъи оилавӣ муддате аз фанни забон ва адабиёти рус дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) ба муҳассилин дарс гуфтам. Бо гузашти шавҳарам аз дунё чархи зиндагӣ гӯё шикасту ҳама хушбахтиҳоям барҳам хӯрданд. Дасти се фарзандам, ки дар айни наврасӣ буданд, дар домони ман монд, - бо ҳасрат парда аз роз мебардорад Шаҳлобону.
Ӯ ба хонаи падар баргашт. Муддате дар МТМУ №3-юми деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба шогирдон забон ва адабиёти русро омӯзонд. Лаҳзаҳои фориғ аз кори мактаб курси омӯзиши компютериро аз бар намуда, хоҳишмандони техникаи муосирро ба омӯзиш ҷалб кард. Омӯзиши дарсҳои иловагӣ аз фанни забони русӣ ва компютер гирди ӯ шогирдони зиёдро ҷамъ овард.
- Дар баробари анҷом додани ин ҳама шуғли дӯстдоштаам, ки дӯзандагӣ аст, бо фармоиши бонувони ҳамдеҳаам барояшон курта медӯхтам. Ҳамеша мизоҷон бо ҳавас аз куртаҳои дӯхтаам тавсиф менамуданд. Бо роҳнамоии модар дар деҳа дукони дӯзандагиро ба кор андохтам ва духтаракони ҳамсояро, ки аз ҳунар баҳравар буданд, ба кор ҷалб кардам.
Бо маслиҳати раҳбари мактаби деҳа нахустин фармоиши дӯхти либосҳои мактабиро ба зимма гирифтам. Тибқи шартномаи тарафайн мебоист дар давраи таътили тобистонаи мактаббачагон, яъне то оғози соли нави таҳсил барои хонандагон 400 адад куртаи мактабӣ омода намоям. Либос тайёр шуд ва аз ҷониби волидон сифати матоъ ва ҳам дӯхти он писанд омад. Хуллас, натиҷаи кор, ки хуб шуд, шавқ ба идома додани фаъолияти ҳунармандӣ афзуд. Авҷи ҳунар ҳам аз ҳамон давра оғоз ёфт, - мегӯяд бонуи ҳунар.
Устоди ҳунармандон
- Вақте кӯдаке, пой ба даргоҳи мактаб мемонад ва бо ҳидояти омӯзгор дониш аз бар менамояд, барои муаллим мояи ифтихор мебошад. Воқеан, лаҳзаҳои шуғл доштан бо кӯдакон дунёи рангин аст. Фикр мекунам, ки дур шудан аз дари мактаб маро аз пешаи омӯзгорӣ барканор накардааст. Ман ҳанӯз ҳам омӯзгорам, омӯзгори ҳунармандон. Агар пештар ба хонандагон илм меомӯхтам, имрӯз ба зан ё духтараке, ки меҳри чеварӣ дар дилаш аланга дораду имкони сайқал доданашро надоранд, ҳунар меомӯзонам. Бонувони ниёзманд, ки бо ҳунармандӣ маъруф гаштаанд, аз заҳмати дасташон мушкили молии хонаводаи хешро бартараф менамоянд, - ифтихорманд аз пеша мегӯяд Шаҳлобону.
Ҳунармандӣ барояш имкон фароҳам овард, то дар баробари ба бонувон ҳунар омӯзондан, ҳамчунин ҳар сол ба чанд фарзанди хонаводаҳои камбизоат либоси мактабӣ тақдим намояд.
- Ният дорам, ки дар соли нави таҳсили 2025–2026 ба хонандагони МТМУ №4 ва №5- уми ноҳияи Носири Хусрав, ки дар деҳаҳои дурдаст ҷойгиранд, либосҳои мактабӣ туҳфа барам.
Аслан ҳадафам ин аст, ки дар кадом самте фаъолият мекардам, кори хайреро анҷом медодам. Агар омӯзгориам идома меёфт, мактаб бино мекардам ё духтур мешудам, беморхона месохтам. Ниятам ободист. Аз исрофкорӣ ободкорӣ беҳтар аст, - иброз медорад бонуи кордон.
Аз коргоҳи «Муродгул»
Шаҳло чун раҳбари кордону таҷрибаандӯхта аз фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Муродгул» қаноатмандона ироз медорад:
Алҳол, дар коргоҳи мазкур беш аз 20 бонуи ҳунар ба кори доимӣ ҷалб шудааст. Дар давраи зарби кор, зиёда аз 50 бону ба дӯхтани либосҳои корӣ ва мактабӣ ҷалб мешавад. Ҳунармандон ғайр аз ин, барои кормандони давлатӣ либоси расмӣ, барои гулдухтарону наварӯсон чакан омода менамоянд.
Ба андешаи Шаҳло Турдиева, рушди саноат василаи пешрафти иқтисод ва некуаҳволии мардум аст, аз ин лиҳоз, набояд ба қавле як ҷо қадам занем. Коргоҳҳои хурд бояд ба корхонаҳои бузург мубаддал шаванд. Соҳибкор набояд аз тафтишу санҷишҳои мақомоту сохторҳои гуногун дар ташвиш бошад, баръакс, чун занҷираи ногусастанӣ бо ҳам пайваст бошанд. Ҳамдигарфаҳмӣ, муносибати хуби тарафайн ва эътирофи пешрафту муваффақияти ҳамдигар боиси рушду нумӯи иқтисоди кишвар ва беҳшавии зиндагии мардум хоҳад шуд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе-Шаҳритус-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
