БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Зевари зан

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

 

 

«Бонуи ҳунар»-яке аз коргоҳҳои дӯзандагӣ дар шаҳри Хоруғ аст, ки маҳсулоти он писанди мардум буда, муштариёни зиёд дорад. Коргоҳ таҳти роҳбарии бонуи ҳунарманду ташаббускор Фарангез Гулмирзоева ташкил ва бо маҳсулоти хушнамуду босифат дар бозори шаҳру ноҳияҳои вилоят шуҳрат ёфт.

Модари Фарангез яке аз нахустин бонувони ҳунарманди деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз буд, ки паси мошини дарздӯзӣ дар филиали комбинати хизмати маишии ноҳия барои фармоишгарон куртаву шим, ҷиҳози арӯсӣ, бистару тагсарбӣ медӯхту сокинони деҳот аз кори босифати дӯзанда ҳамеша қаноатманд мемонданд. Модар чун садҳо бонувони ҳунарманд ҳунари дӯзандагӣ ва бофандагиашро дар хона идома медоду духтаронро ба асрори ин ҳунарҳо ворид месохт ва муътақид буд, ки дилхоҳ бону бояд ин ҳунарҳоро дошта бошаду вазифаи модар аст, ки ба духтаронашон ҳунар омӯзонад. 

Фарангез сараввал ба дӯзандаг таваҷҷуҳи кам дошт, вале ҳидоятҳои модар маҳкам дар дилаш ҷо гирифтанду ӯ яке аз ёварони фаъол ва қобили модари ҳунармандаш гашт.

Модараш Иқболбӣ бо таъкид мегуфт: «Духтари зебоякам, ҳунар зевари ҳар бонусту ҳунару ҳунарманд ҳама вақт ва дар ҳама ҷо қадр мешаванд, он ба ҳар кас ва ба ҳар хонавода баракат меорад»

Вақте Фарангез мактаби миёнаро хатм намуд, чун бештари духтарони деҳотӣ ӯро зуд ба шавҳар доданд. Фарзандон пайи ҳам таваллуд шуданду мактабрав гардиданд. Фарангез ба хотири саҳмгузорӣ дар афзун намудани буҷети хонаводагӣ мошини дарздӯзии аз модараш меросмондаро ба кор даровард. Салиқаи хуби дӯзандагӣ ва таҷрибаи дар мактаби ҳунари модар ҳосилшуда имкон доданд, ки фаровардаҳои дастиаш зебо ва хушнамуд баромаданду ӯ зуд мизоҷони худро ёфт. Дере нагузашта, ӯро қатори дӯзандагони моҳир ном мебурданд.

Шавҳари Фарангезро барои кор ба шаҳри Хоруғ фиристоданду хонавода бо панҷ фарзанд, дар макони нав маскан гирифт. Фарангез ду мошини дарздӯзии меросиро низ бо худ оварда, дар Маркази ҷавонон ҳуҷраеро ба иҷора гирифт. Фаъолияти босамари бонуи ҳунарманд, ки бо моли босифати дӯхтааш дар ҷойи нав низ мизоҳи зиёд пайдо намуду шуморе аз ҷавондухтаронро ба омӯзиши нозукиҳои дӯзандагӣ ҷалб кард, аз таваҷҷуҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва Барномаи ҷонибдории инкишофи манотиқи кӯҳистони Бунёди Оғохон дар канор намонд. Дар доираи дастгирии соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ ва мусоидат ба тавсеаи фаъолияти истеҳсолӣ дар ихтиёри бонуи ҳунарманду ташаббускор 15 дастгоҳи дарздӯзӣ гузошта шуданд ва дар ин замина коргоҳи дӯзандагии «Бонуи ҳунар» таъсис ёфт.

-Бинобар дорои касбияти баланди дӯзандагӣ, қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва хулқу атвори неку фарҳанги баланди муошират будан Фарангез муваффақ шуд, ки бо усули ҳавасмандии моддиву маънавӣ бонувони ҳунарманди хонашини шаҳру деҳоти наздикро ба коргоҳ ҷалб намояд. - Ман яке аз мизоҷон ҳастаму бароям куртаи нав фармоиш додам, - гуфт дар суҳбат яке аз бонувони соҳибкор ва сокини шаҳри Хоруғ Шамсия Амиршоева.

Ба гуфтаи Шамсия, солҳои охир таваҷҷуҳ ба либоси миллӣ байни занону духтарон афзудаст. Заноне, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд, вақтҳои фориғ либоси миллӣ ба бар мекунанд. Хушбахтона, харидорони маҳсулоти дӯзандагӣ сол ба сол афзудан дорад.

Фарангез барои чеварони чирадаст шароит фароҳам сохтаст, ки ҳар яке аз онҳо метавонад аз имкониятҳои коргоҳ барои қонеъ сохтани талаботи мизоҷони алоҳида ба маҳсулоти дӯзандагӣ истифода барад. Дар баробари мизоҷон, коргоҳ аз ҷониби сохторои фарҳангӣ, боғчаҳои бачагона, муассисаҳои тиббӣ барои дастрас намудани маҳсулоти дӯзандаг дар хаҷми зиёд фармоиш мегираду чеварони чирадаст сари вақт ва бо сифати баланд онро тайёр мекунанд.

Ба гуфтаи чеварон, аз хизматрасонии инфиродӣ дар шароити хона дида, дар коргоҳи дӯзандагӣ барояшон макони беҳтари тавсеаи фаъолияти ҳунармандиашон муҳайёст, зеро дар ин ҷо барои қабули мизоҷ, табодули афкор ва омўзиш аз таҷрибаи хамдигарӣ ва сайқали маҳорату малакаи касбӣ шароит ва имконияти мусоид вуҷуд доранду фазои рақобати озоди касбӣ ва эҷодкорӣ ҳукмфармост.

-Барои мизоҷ вақт қимат дорад. Сифати кор, муомилаи хуб ва иҷрои саривақтии фармоиши мизоҷонро сабаби асосии муваффақиятҳои коргоҳамон медонаму шодам, ки мизоҷон рӯз ба рӯз зиёдтар мешаванд, - изҳор медорад Ф.Гулмирзоева.

Ду фарзанди Фарангез, айни ҳол донишҷӯянд. Писараш дар Донишгоҳи аграрӣ дар Федератсияи Россия таҳсил дораду мехоҳад дар оянда ҳамчун мутахассис дар рушди ситруспарварӣ дар ноҳияи Дарвоз саҳм бигирад. Духтараш муҳассилини риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фарзандони дигари мактабхон низ дар остонаи камол ҳастанд. Даромад аз ҳисоби ҳунармандӣ ва соҳибкории Фарангез ҳиссаи бузурги буҷети хонаводаро ташкил медиаду шароити иҷтимоии оиларо беҳбуд мебахшад. Тавре модараш мегуфт: «Ҳунар беҳ аз зар асту ба хонаводаи ҳунарманд баракат меорад». Самари ин ҳикмат аён аст.

                                                                                 М. Саид

                                                                                          Хоруғ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 10)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон