БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

  Бобо Ҳотами кордсоз

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Шаҳри Истаравшан яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буда, ҳунармандони ин гӯшаи диёри ҳунархез зиёда аз 160 намуди ҳунарҳои мардумиро то имрӯз маҳфуз доштаанд. Бештаре аз ин ҳунарҳо аз насл ба насл мерос монда, ҳунармандони асил дар шароити хона ба истеҳсоли маҳсулоти қадима машғуланд.

Моҳи октябри соли 2024 дар доираи баргузории нахустин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» шаҳри Истаравшан расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» эълон гардид.

Зимни сафари хизматӣ, гурӯҳи кории кормандони маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ба шаҳри Истаравшан, аз маҳсули дастони ҳунармандонаш дидан намудем. Кордсозӣ яке аз ҳунарҳои рушдкардаи ин макон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, то суҳбате дошта бошем бо Ҳотам Мирзоев, ки умри хешро сарфи кордсозӣ намудааст.

          Ифтихори бобо

Бобо Ҳотам назди дукони кордсозӣ қадам зада, интизори омадани набераҳояш, Бахтиёр ва Ихтиёр буд. Бародарон дирӯз аз шаҳри Бухоро баргаштанд.

 - Бачаҳо дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ширкат варзида, шаб дертар ба хона омаданд. Агар не, аз сари субҳ дари дуконро боз намуда, корро оғоз менамоянд, - гуфт бобо Ҳотами кордгар.

Ин лаҳза ҷавони миёнақаде, ки дар сар тоқии тоҷикӣ дошт, аз дур намоён шуд. Осемасар дари дуконро во намуда, моро барои даромадан ба устохона хонд. Аз лаҳзаи нахуст нигоҳ ба расми дар девори дукон овезон бархӯрд, ки аз ин бобо рамуз гирифта, ба гуфтор омад:

- Ин расми Иброҳимҷон, падари Бахтиёрҷону Ихтиёрҷон аст. Ҳунари 250-солаи авлодиро бо тамоми нозукиҳояш ба ҳаводорони ҳунарҳои миллӣ шиносонд. Орзуи таҳсил дар риштаи ҳуқуқшиносиро дошт, вале дид, ки дили падар майли устои кордсоз шуданаш ҳаст, аз раъйаш гашт. Кордсоз шуд, чароғи устохонаи бобоиро рӯшан намуд, аммо умр вафо накарду ба синни 60 нарасида, оламро падруд гуфт.

Ҳунармандони маъруфи шаҳри Истаравшан бо нигоҳ доштани пешаҳои нодиру асили ниёгон осорхонаи зиндаи ҳунарҳои мардумиро дар як гӯшаи кишвар эҳё намудаанд. Ҳунарҳои қадимае чун заргарӣ, оҳангарӣ, кордгарӣ, карнайсозӣ, мисгарӣ, сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ, кулолӣ, қолинбофӣ ва шонатарошӣ байни авлодон аз насл ба насл интиқол ёфта, имрӯз бо сабки муосир пешкаши ҳаводорони ҳунарҳои миллӣ мегарданд. Шавқу рағбати насли ҷавонро маҳз ҳамин навсозию муосиргардонии ҳунарҳои мардумӣ ба омӯзиши пешаи қадим роҳнамоӣ менамоянд ва дар идома додани анъанаҳои мардумӣ саҳм мегузоранд.

         Бахтиёру Ихтиёр аз зумраи ҷавонониҳунарвари шаҳри Истаравшани бостонианд, ки ҳунари волои кордгариро аз бобою падар омӯхта, рӯзӣ аз пушти ҳунар меёбанд. Кордҳои сохтаашон на танҳо дар кишвар, балки дар хориҷ низ харидор пайдо кардаанд. Ҳунармандро маҳсули дасташ муаррифгар аст. Аз ин рӯ, доимо мегӯям, ки ҳунарро хор накунанд, баръакс сайқал диҳанду бо навовариҳо онро пешкаши харидорон созанд, - иброз дошт бобо Ҳотами кордсоз. 

 

         Дукони кордгарӣ дар Вашингтон

Нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ гурӯҳи тоҷирону сайёҳони хориҷӣ бо ҳамроҳии тарҷумон вориди дукони кордгарии Ҳотами кордсоз гардиданд. Яке аз меҳмонон баъди тамошои маҳсули дасти кордгар хоҳиши дар кишвари Вашингтон сохтани чунин дуконро намуд.

- Тоҷирон асосан барои фармоиши корд омада буданд. Баъди гирифтани зиёда аз 40 корди армуғонӣ нафаре аз онҳо гуфт, ки мехоҳад чунин устохонаро дар Вашингтон роҳандозӣ намояд. Мошину хона ваъда кард ва аз ман хост, то чанд шогирди кордсозро тайёр намоям. Вале розӣ нашудам. Гуфтам, ки бе ҳавои Ватан зиндагӣ карда наметавонам. Агарчи ҳаёти хоксорона ба сар мебарам, тамоми боигарии дунёро ба хоки Ватан иваз намекунам. Ба худ муносиб ҳунар дорам, ки ҳеҷ гоҳ хор намешавам, – хотирҷамъ кард мизоҷонро Ҳотам Мирзоев.

         Кордҳо ном доранд

Ба гуфтаи Ҳотами кордсоз кордҳо дар рӯзгор бо номҳои гуногун истифода мешаванд. Агарчи дар аксар кишварҳои дунё истеҳсоли кордҳои ҳархела роҳандозӣ шуда бошад ҳам, таваҷҷуҳ ҳанӯз ҳам ба кордҳои дастисоз коста нагардида, афзудан дорад.

            Кордгарони истаравшанӣ бештар кордҳои сохтаашонро чунин ном мебаранд. Ба мисоли корди калони аврудор, корди майдаи аврудор, корди чилмеха, корди қалъанок, корди гулубандаш биринҷӣ, корди дасташ устухони гов, корди сарбаста, корди қуббанок, корди гулубандаш каҷак, корди нованок, корди сӯқмаи суякдор, корди дастааш аз чӯб, корди ёрма, корди дастабақам, корд барои рӯзгор, корди шикорӣ ва ғайра. Баъзан бо дастрасӣ аз шикорчиён корд аз шохи бузи маркополоро ҳам барои завқмандони ҳунар омода месозем, - афзуд устои кордсоз.

 Мегӯянд, дасти одам гул аст. Мардони хонаводаи Мирзоевҳои кордсоз, агар ба корҳои оҳангарию кордсозӣ шуғл варзанд, нақшу нигормонии кордҳо ба дӯши бонувони хонадон аст. Занон бо завқу салиқаи хоси худ дар рӯйи дастаи кордҳо бо мису нуқра ва оби тилло нақшофаринӣ мекунанд.

                                                                             Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

                                                                     Душанбе - Истаравшан - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон