БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз масири Роҳи абрешим то «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ»

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Истаравшан аз аҳди қадим дар масири Роҳи абрешим қарор дошт, ки то кунун онро аз нигоҳи ҷуғрофӣ яке аз марказҳои рушдкардаи сайёҳӣ дар кишвар ва берун аз он баҳо медиҳанд. Осори дастони пургуҳару пурэъҷози ҳунармандони ин мулки бостонӣ аз Шарқ то Ғарб роҳ ёфтаанд.

Бо мудири бахши сайёҳӣ ва туризм Қаюмҷон Шодиев суҳбаткунон аз поёнтари кӯҳи Муғ мегузарему ишора менамояд: «Аксарият шаҳри косибони ҳунарманд - Истаравшанро танҳо бо ҳамин қалъаи Муғ ё Муғтеппа мешиносанд, ҳол он ки даҳҳо марказҳои хубу дидании дигари ин шаҳр низ мақбули сайёҳони хориҷию дохилӣ гаштааст».

Ёдгориҳои таърихии ин шаҳри кадим: «Ҳазрати Шоҳ», «Сабристон», «Сари Мазор» ва «Боботағо»-ю чанди дигарро аз зумраи маконҳои дидании сайёҳони хориҷию ватанӣ медонад. Таҳлили вазъи иншооти сайёҳӣ аз рӯйи маҳалу мавзеъҳои шаҳр, ёдгориҳои таърихиро ба 153 адад мансуб медонад, ки 30 номгӯйи он дар бахши кадастри Кумитаи давлатии идораи замин ба қайд гирифта шудааст.

Дар саргаҳи обанбори Катасой муҷассамаи Ленин макон дорад, ки то расидан ба пайкараи ӯ 365 зинапояро баромадану фуромадан рост меояд. Аксари бинандаҳо ба ин манзара таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ба маврид аст, ки эъҷози дастони ҳунармандонро имрӯз дар ҳар гӯшаи шаҳр вохӯрдан мумкин аст.

Чун мардуми шаҳри Истаравшанро аз азал дастони пур аз ҳунарашон мехӯронанду мепӯшонанд, аксари гузару маҳалҳо ба номҳои ҳунар ва ё мардони ҳунармандаш ёд мешаванд. Мисгарон, Заргарон, Чармгарон, Кордгарон, Читгарон, Мехчагарон, Шонатарошон, Дегрезӣ, Қассобӣ ва боз даҳҳо гузарҳоеро ном овардан мумкин аст, ки азшаҳри ҳунармандон будани ин мулки бостонӣ дарак медиҳанд. Ба монанди ҳамин деҳу маҳалҳои Қурагарон (кӯйи Равғангарон), обҷувози Қогаз, Чорбоғ, Дорутар гувоҳ аз насли ҳунармандони асили шаҳр будан аст, ки то ҳанӯз дастони пурэъҷози ҳунар аз бобову падар ба фарзандону набераҳо мерос мондаанд.

Қаюмҷон Шодиев аз суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни яке аз вохӯриҳои худ зикр намуда буданд: «Мо ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аст», ёдовар шуда, меафзояд, ки нақшаҳои зиёде дар ҳудуди шаҳр ва маҳаллаҳо дар ин самт амалӣ гаштаанд. Ин ҷашнҳо, ки дар аҳди Сомониён бошукӯҳ таҷлил мешуданду дар замони соҳибистиқлолии кишвар аз нав эҳё гардиданд, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, омодагии онҳо ба кишту кор, тозаю озода намудани ҳавлӣ, гирду атрофи маҳал ва ҷамъу гири деҳқонию дигар корҳои кишоварзӣ ва зинда нигоҳ доштани анъанаҳои неки ниёгон мебошад.

Бо таваҷҷуҳи раёсати шаҳру вилоят ва соҳибкорони ватандӯст тули чанд соли охир ба бахши сайёҳии шаҳр ғамхориҳои бесобиқа зоҳир гардиданд. Таърихи маҳал баёнгари он аст, ки Истаравшан дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ буда, падидаҳои таърихии ин шаҳри бостонӣ бағоят ҷолиб аст. Чорабиниҳои зиёде, ки дар ҳудуди шаҳр ва вилоят доир гаштанд, бори дигар исбот намуд, ки истаравшаниҳо дар мисгарию оҳангарӣ, читгарию чӯбтарошӣ ва пухтани даҳҳо намуд шириниҳои миллӣ, ҳунармандони асилу пухтакоранд. Таҷлили ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргону Меҳргон гувоҳӣ аз арҷгузории мардум ба ин идҳои бостонӣ буд, ки иштироки васеи аҳолӣ онҳоро бошукӯҳ гардонд.

Маҳсули дастони ҳунармандони шаҳри Истаравшан замоне аз Эрон то Чину Ҳиндустон харидорони зиёд дошт ва ин анъана: «Кӣ бештар, кӣ беҳтар ва кӣ босифаттар» то имрӯз миёни ҳунармандони касбу кори гуногун идома дорад. Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан чанд сол аст, ки кадрҳои соҳиблаёқатеро дар риштаи 13 тахассус ва равияҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили оҳангару мисгар, гулдӯзию зардӯзӣ, кашидадӯзӣ ва атласу адрасбофӣ ба манотиқи гуногуни кишвар омода намудаву сафарбар месозад, то ҳунарҳои нотакрори мардумӣ дар маҳал рушд ёбанд.

 

Яке аз санаҳои фараҳбахшу фараҳафзо барои бахши рушди сайёҳии шаҳри Истаравшан, хосатан ҳунармандони ин мулки бостонӣ он аст, ки соли 2024, дар рӯзҳои 1–2-юми октябр якумин Фестивали байналмилалии ҳунармандии «Озар» дар ин сарзамин доир гардид, ки намояндаҳои 19 давлати дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, ИМА, Булғория, Сингапур, Тайланд, Малайзия, Австралия, Чин, Зеландияи Нав, Қувайт ва ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистону Федератсияи Россияро ба ҳам овард. Ба ҳайати меҳмонону намояндаҳои ватанию хориҷӣ, дар баробари муаррифии макону мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Истаравшан, инчунин ҷараёни омодасозии корҳои ҳунармандон, аз қабили маҳсулоти оҳанӣ, корду шамшеру ханҷар ва маснуоти кишоварзию қаннодӣ мавриди тамошо гардид, ки басо хушашон омад. Маҳз дар ҳамин намоиши сатҳи байналмилалӣ аъзои раёсати Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ, чун намояндаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ ба ҳунари волои сокинони шаҳр ошно гашта, бо як хулосаи умум Истаравшанро «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» эълон доштанд. Ин шараф на  танҳо барои мардуми бумӣ, балки барои тамоми сокинони кишвар фоли нек ба шумор меравад…

Дар ояндаи наздик «Муғтеппа», ки аз макони диданию тамошобоби сайёҳони ватанию хориҷӣ аст, боз ҳам таваҷҷухи омадагонро зиёдтар ба худ хоҳад кашид. Растаҳои ҳунармандони шаҳр аз кӯчаю бозорҳо пурра ба ин макони ёдгориҳои таърихӣ интиқол хоҳад ёфт, ки аллакай 43 адади он барои қабули ҳунармандон омода шудааст. Баъди корҳои азнавсозӣ ин макони ёдгориҳои таърихии шаҳри Истаравшан ба куллӣ намои худро дигар карда, ҳар бинанда дар асл ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи ёдгорӣ-таърихии қалъаи Муғ» будани он баҳои воқеӣ хоҳад дод.

                                          Рустами НАЗИР,

                            Душанбе - Истаравшан - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2025_small_.pdf [4.01 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон