БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Маҳтоҷбегим

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Китоби рӯзгори ӯ пур аз қиссаҳои талху ширин аст, ки касро гоҳо ба хандаву гоҳо ба афсӯс водор месозад. Маҳтоҷбегим дар оилаи шахсони барӯманди ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Қиблагоҳаш Саидарабов Саидаҳмад хизматчии давлатӣ буду иштирокчӣ ва дорандаи ордени Ҷанги Ватании дараҷаи I модараш Гулбегим Қурбонбекова вакили Шурои олии ҶШС Тоҷикистон, омӯзгори пешқадам, Аълочии маориф ва бонуи дар зиндагидорӣ мумтозу беҳамто 9 фарзандро ба камол расондаанд.

         Волидонро ҳамчун ашхоси обрӯманд эҳтиром мекарданд. Хонаамон мудом сермеҳмон буд. Мо духтаракон дар омода кардани хону хона барои пазироии меҳмонон ба модар ёрӣ мерасондем. Ман аз ҳама фарзанди хурдӣ ва нозпарварди волидон будаму бештар ба мутолаа машғул мешудам. Падарам агар моро бекору бе китоб бинад, меранҷид ва таъкид мекард, ки вақт мегузарад, меҳмон меравад, аммо маърифату донише, ки аз китоб мегиред, то охири умр бо шумо мемонад, - механдад Маҳтоҷбегим. 

Вақте мактаби миёнаро хатм кард, дар Душанбе чаҳор бародарону хоҳаронаш таҳсили илм доштанду барои волидони солдида таъ- мини як донишҷӯи дигар душворӣ пеш овард. Он солҳо хонаводаи Саидарабов ба пиллатаёркунӣ машғул буданду духтараки хурдии хонадон дар нигоҳубини кирми пилла аз дигар бародарону хоҳарони худ дида, чолоктар буд. Саргарми таш- виши рӯзгор идомаи таҳсил ва орзуи омӯзгор шуданро ба вақти дигар гузошту дар ноҳия ҳамчун бонуи пешқадами истеҳсолот шинохта шуд. Дар баробари кори душвори кирмакпарварӣ тамоми ҳунарҳои хоси бонувони бадахширо аз худ намуд.

- Ҳарчанд имрӯз соҳиби чандин ҳунарҳои қадимиам ва аз баракати он рӯзгори обод дорам, аммо орзуи хондану соҳибмаълумот шудан бароям муяссар нагашт. Бо роҳнамоии масъулин курси тайёриро гузашта, соли 1988 ба Мактаби олии ҳизбии Москва дохил шудаму аз сабаби бозсозиҳо фаъолияти мактаб барҳам дода шуд. Ба шаҳри Душанбе омадам то таҳсилро идома диҳам, аммо дар ин ҷо низ бесарусомониҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба мо таҳдид мекарду ноилоҷ домони маълумоти олиро раҳо карда, аз пайи омӯзиши ҳунар шудам, - оҳ мекашад вай.

Риштаи тақдир Маҳтоҷбегимро аз Шуғнон ба Ёвон овард. Дар маҳалли бегона барои духтараки дилшикаста пару бол ёфтан душвор набуд. Зеро ӯ ду қувваи бузурги таҳрикбахш дошт, яке мутолаа, ки ӯро аз ташвиш фориғ мекарду дигар ҳунар, ки барояш обруву эҳтиром мебахшид.

- Аз хурдӣ ба рассомӣ завқ доштаму боре дар китобе хондам, ки ҳар нафаре ба рассомӣ шуғл меварзад, зебопарасту нозукписанд мешавад. Шояд ҳамин сифатҳои ниҳонӣ буд, ки барои офаридани як маҳсулоти дастӣ аз зебоатарин нақшу нигор кор мегирам ва тахайюлоти худро бештар дар офаридани армуғонҳои миллӣ истифода мебарам. Боре ба хонаи як дӯстам, дар ноҳияи Ёвон меҳмон шудам. Дидам, ки онҳо пашми гӯсфандро партофта- нианд. Онро гирифта шустаму хушк кардам. Пас тоза намуда риштам ва ҷӯроб бофта барояш ҳадия намудам. Ин ҳунар аз кӯдакӣ дар хотирам монда ва иҷрои он барои ман як кори табиӣ буд, аммо барои он дӯст аз як пашми партовӣ сохта шудани чунин як намунаи ҳунар ҷолибу ғайриимкон буд, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Маҳтоҷбегим 12 сол мешавад, ки дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ёвон ҳунарҳои хешро, аз қабили пашмресӣ, бофандагӣ, ҷӯроббофӣ, муҳрабофӣ, рассомӣ, армуғонофарӣ ва дигар ҳунарҳои бонувони бадахширо ба духтаракони зиёд омӯхтааст. Дилбастагии зиёд ба китоб доштанаш, масъулини Литсейро водор сохт то ӯро мудирии китобхона таъин намоянд. Роҳбарияти имрӯзҳо аз фаъолияти самимонааш дар нигоҳубини китобҳо қаноатманду сипосгузоранд.

- Китобҳои дар фонди китобхона бударо хондаам, чӣ адабиёти бадеӣ, чӣ адабиёти касбиву соҳавӣ. Нозукии бисёр ҳунарҳоро низ аз китоб омӯхтаам. Ҳарчанд аз ҳунарварӣ соҳиби гранти Президентӣ, як қатор ифтихорномаву сипосномаҳо гаштаам, аммо дар пеши худ мақсад гузоштаам, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар байни калонсолон иштирок намоям. Бароям ба даст овардани ҷой ҳатмӣ нест. Муҳим дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намудану истеъдодамро санҷидан аст. Бо ин васила мехоҳам донишамро равнақ бидиҳам, - афзуд бонуи китобдор.

                         М. УСМОН,

                      Душанбе-Ёвон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон