Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зебоӣ меофарад...
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣҲанўз дар батни модар ҳаштмоҳа буд, ки қиблагоҳ дунёро падруд гуфт. Бори вазнини зиндагиро мом бар дўши нозуки хеш гирифта, дар тарбияи се писару се гулдухтар худро масъул медонисту мекўшид, то фарзандон серу пур бошанд. Модари танҳо Ойимгул Баротова то замони ба нафақа баромадан, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-уми ноҳияи Данғара заҳмат кашид.
Зебо Баротова пас аз хатми мактаби миёна имкон наёфт, ки таҳсилро давом диҳад. Аз ҳамин сабаб ба ноҳияи Вахш омада, дар корхонаи истеҳсолӣ-таълимӣ курси кўтоҳмуддати қаннодиро аз худ намуд. Сипас, ба ноҳияи Данғара баргашта, як муддат дар ошхонаи марказии шаҳрак ҳамчун ёрдамчии сарошпаз кор кард.
Соли 1985 ба Лутфулло Миров, сокини деҳаи Ғиҷовак (Хушобак) ба шавҳар баромадам. Ҳамроҳи ҳамсарам чанде пас ба шаҳри Калининобод (ҳоло Левакант) кўч бастем. Соҳиби як духтару панҷ писар шудем. Фарзандонро хононда соҳибмаълумот кардем, ки феълан дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд, - иброз намуд бону Зебо.
Шавқи ҳунармандию ҳунаромўзияш намонд, ки бекор нишинад. Аз ин рў, куртадўзӣ ба шуғли асосии ў табдил ёфт. Завқи баланду тахайюли бою рангинаш сабаб гардид, ки рўз ба рўз мизоҷонаш зиёд гарданд. Аз касби ҳунармандӣ баракат ёфту корхонаи дўзандагии хусусии худро созмон дод.
- Соли 2008-ум тариқи озмун ба МДТ «ЛКСК»- и шаҳр омада, ҳамчун устои таълими истеҳсолӣдўзандагӣ корро оғоз бахшидам. Ҳамчунин, дар вазифаҳои раиси занони муассиса, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ва мудири Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир кор кардам. Аз соли 2019 ҳамчун директори Маркази дастгирии бонувони шаҳри Левакант, ҳамзамон, соҳибкори инфиродӣ дар самти ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дорам,- изҳор дошт олиҳаи ҳунарвар.
Маркази дастгирии бонувони шаҳри Левакант соли 2018 ба фаъолият оғоз намуда, аз ҷумлаи муассисаҳоест, ки ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои куҳани миллӣ, аз қабилӣ гулдўзӣ, порадўзӣ (қўроқдўзӣ), чакандўзӣ, тоқидўзӣ, куртадўзӣ, кўрпачадўзӣ, муҳракашӣ ва армуғонбофию дигар ҳунарҳои дастӣ роҳандозӣ шудааст. Зебо Баротова мекўшад, то дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузор буда, ҳунарҳоро ба занону духтарон омўзонад. - Маркази мо дар шароити хуби корӣ қарор дошта, бо дастгоҳу мошинҳои барои ҳунаромўзӣ мусоид муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳар сол то 200– 250 нафар духтарону занони хонашин муассисаро хатм карда, бо гирифтани шаҳодатнома соҳиби касбу ҳунар мешаванд. Ҳамчунин, аллакай чанд нафар муҳассилини ин даргоҳ дар маҳалҳояшон духтараконро ба ҳунаромўзӣ ташвиқу тарғиб менамоянд. Ғалатмоҳ Ашўрова дар деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдат маркази хусусии чакандўзиро ифтитоҳ карда, ба хоҳишмандон дарси ҳунар меомўзад. Аз ҳамин деҳа Парчинойу Гулчиной бо мо ҳамкориро ба роҳ мондаанд,-таъкид намуд Зебо Баротова.
Соли гузашта бонуи эъҷозофару фарҳангдўст бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби Гранти президентӣ гардид ва мағозае бо номи «Гузаргоҳи сайёҳон»-ро мавриди истифода қарор дод.
Шаҳри мо мавзеи сайёҳӣ дониста шудаасту аз он ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан менамоянд, аз ин рў, хостам дар даромадгоҳи шаҳр нуқтаи савдо созам. Барои рушди пеша ба ҳунармандон маблағ лозим мешаваду бо ин васила бозорашон авҷ мегирад. Харидорони асосии дастранҷҳои мо меҳмонону сайёҳони хориҷӣ мебошанд,-ироа намуд Зебои зебоиофар.
Зебо Баротова бар замми чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҳамчунин, иштирокдори намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва форумҳои байналмилалӣ мебошад. Ба кишварҳои Қазоқистон, Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар анҷом додааст. Дар хориҷи кишвар ба ў муяссар гардид, ки ҳунари қадимаи тоҷиконро намоиш дода, аз ҷониби ҳаводорони санъату фарҳанг баҳои баланд ба даст орад.
- Дар хориҷа моро хеле хуш пазируфта, ба ҳунарҳои волои дастии мо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бештар диққати онҳоро дасткашакҳои гулдўзӣ барои ошхона, чойнакпўшҳои нақшу нигордошта ва занҷирҳо дар шакли кокули бибиҳоямон ҷалб намуд, онҳоро зиёд харидорӣ карданд. Вақте ба дигар давлатҳо сафар менамоем, дар намоишҳо ҳатто ба остинчаву рафида ва мухпарҳои гулкории мо мароқ зоҳир месозанду мехаранд, - афзуд бонуи ҳунар.
Зебо Баротова бо унвони «Бонуи ҳунарманд», нишони «Аълочии соҳаи меҳнат» қадр гардидааст.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе – Левакант – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо












