БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

“Ҳаштсаҳоба”

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар бораи табиати софу беғубор, рўдҳои шўхобу кўҳҳои сарбафалаккашида, ҷойҳои таърихиву фарҳангии диёр сухан ронда, ифтихор аз таърихи бою қадимаи кишвар менамоем. Ёдгориҳои таърихӣ дар тамоми шаҳру навоҳӣ мансуб ба асрҳои гуногун арзӣ ҳастӣ намуда, бозгўи фарҳанги бою таърихи куҳан доштани мардуми тоҷикро собит месозанд.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Ашт 44 ёдгории таърихӣ вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳо аз таърихи куҳан ва фарҳанги бою рангин доштани ин макон бозгўй аст. Яке аз чунин ёдгориҳо «Ҳаштсаҳоба» ном дорад, дар бораи ин маъбади муътабар ривоятҳо хеле зиёданд. Онро мардуми маҳал гиромӣ дошта, дар бораи муқаддас буданаш қиссаҳои зиёдеро шунидаанд. Ривоят менамоянд, ки солҳои пеш, вақте барои вайрон кардани бинои ёдгории «Ҳаштсаҳоба» фармон медиҳанд, одамони каландбадаст, аз ақл бегона гашта, каландро чун асп савор шуда, макони муқаддасро тарк кардаанд. Ин ривоят шояд асоси воқеӣ надорад, вале мардум «Ҳаштсаҳоба»- ро гиромӣ медоранд, солҳои 80-уми асри ХХ барои аз боду борон газанд наёфтанаш боми биноро шиферпўш намудаанд.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон чандин маротиба масҷиди «Ҳаштсаҳоба»-ро таъмир карданд, аммо айни замон вазъи бино дар кадом ҳолат аст? Мо ба Ҷамоати деҳоти Ашт омада, ба маъбад ворид шудем. Шукр аз даврони истиқлолият мекунем, ки Ҳукумати кишвар ба мавзеъҳои таърихӣ аҳамияти зарурӣ дода, дар вуҷуди ҳар як фарди ҷомеа ҳисси ватандўстиву меҳанпарастиро бедор месозад.

Аз рўи сарчашмаҳои таърихӣ пайдо шудани ин масҷидро ба даври вуруди дини ислом марбут ме- донанд. «Ҳаштсаҳоба» дар деҳаи Ашт, дар маҳаллаи Сари Бозор ҷойгир аст, ки аз рў ба рўи он оби софу беғубори сойи Ашт ҷорист.

Мазори масҷиди «Ҳаштсаҳоба» бо панҷараву кандакориҳои синҷтанобаш машҳур аст. Дар дохили масҷид турбати ҳашт нафар саҳоба дафн шудааст. Дар болои қабр гумбази аз чўбу тахта сохташуда то ҳол намоён аст. Дар дохили мазор ҳуҷраҳои алоҳида вуҷуд доранд, ки дар девори онҳо навиштаҷот бо хатти арабӣ маҳфузанд. Масҷид 18 сутуни калони чўбӣ дорад. Дар қисми рости хонача равзанае мавҷуд аст, ки дар он ҷо саҷдагоҳ гузошта шудааст ва он равзанаро аз рўи гуфти мардум «Чиллахона» меноманд. Инчунин, дар қисми чапи беруни бино пораи якметраи девори қадимае мавҷуд аст, ки одамон ба ин ҷо барои шифоёбӣ меоянд.

Ба қавле ҳамин ҳашт нафар шахси бузург дар ҷорӣ намудани дини мубини ислом ҳиссагузор аст. Баъди вафоти онҳо турбаташон дар ҳамин мазор гузошта шудаанд. Биноан ин маконро барои бузургдошти хотираи онҳо «Ҳаштсаҳоба» унвон доданд. Номгузории деҳаро низ иддае аз «Ҳаштсаҳоба» марбут медонанд ва бо мурури замон ҳарфи «ҳ» аз байн рафта, ба Ашт табдил ёфтааст. Бино ба гуфти омўзгори фанни таърих Райҳона Тўхтасунова, Ашт аз номи малика Аштод гирифта шудааст.

Дар мазори «Ҳаштсаҳоба» яке аз ёдгориҳои пурарзиш ҷойгир аст, ки он ба асрҳои X-XI милодӣ, ба замони салтанати Сомониён маҳсуб аст. Дар солҳои ҳукмронии шуравиён меҳроби мазори «Ҳаштсаҳоба»-ро ба осорхонаи таърихии Эрмитажи шаҳри Ленинград (ҳоло шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия) бурда, ҳамчун ёдгории таърихии Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд. Дар бораи интиқол додани меҳроби Ашт таърихшинос Бахтовар Темирзода чунин изҳор дошт:

- Моҳи апрели соли 1961 ҳайати экспедитсияи пойгоҳи Тоҷикистони Шимолӣ бо роҳбарии олим Нуъмон Неъматов ба деҳаи Ашт омада, меҳробро ба Душанбе, сипас ба Эрмитажи шаҳри Ленинград мебаранд. Меҳробро аз соли 1963 то соли 1998 гоҳ дар Ленинград, гоҳ дар Душанбе нигоҳ медоштанд.

Соли 1998 бо ташаббус ва кўшишҳои пайвастаи муаррихи маъруф академик Раҳим Масов меҳробро ба Душанбе оварданд. Имрўз асли меҳроб дар Институти таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад. Меҳроб аз гили аълосифат сохта шуда, бо нақшу нигори ҷолибаш ба қатори шоҳасарҳои санъати кандакории Шарқ мансуб аст. Баландии меҳроб 202, бараш 75 ва умқаш 30 сантиметрро фаро мегирад. Дар меҳроби мазкур бо кандакории хеле зебо ояти 23-юми Қуръони Карим мақом ёфтааст. Мазори «Ҳаштсаҳоба» имрўз зиёратгоҳи на танҳо аҳли деҳа, балки сайёҳону меҳмонон ба шумор меравад.

                                                                                        Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

                                                                                                   ноҳияи Ашт

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон