Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Фарзандони чолобкамар
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣОшёни аз меҳру муҳаббат бунёднамудаи онҳо дар дурдасттарин рустои сарҳадӣ андар масоҳати ним километр то дарёи Панҷ воқеъ аст, ки поктинативу дарёдилӣ ва равону табиати мардумонаш ҳам аз рамузу амвоҷи пуртуғёни ин сарчашмаи обҳои мусаффо маншаъ мегирад. Аз нигоҳи аввал аксари хонаҳои деҳи Чолобкамар одӣ ва ҳамрангу яксонанд, аммо аз баракати фарҳанги заминкориву боғдорӣ ва ҳунармандиҳои сокинонаш ин рустои нозанин дар фасли хазонрез ҳам рангу таровати биҳиштӣ дорад. Дар суроғи хонаводаи намунавӣ назди кошонае қарор гирифтем. Лаҳзае пас, соҳибхона ба истиқбол баромад.
Ниҳолбӣ Қурбоналиева, баробари иҷрои корҳои хоҷагии деҳқонии «Чолобкамар», дар рушди ҳунарҳои дўзандагиву бофандагӣ, гулбасту гулдўзӣ, пухтани нону қаннодиҳои лазиз миёни ҳамдеҳагону фаъолзанони ноҳия шинохта шудааст. Саҳни ҳавлии ошёни аҷдодии онҳо намоишгоҳи дастовардҳои заминкориву боғдориро мемонад, ки ҷо-ҷо зери дарахтони боровар ҳосили тару тозаи замину боғистонро тал чидаанд. Ниҳолбӣ ба бастаи хушкмеваҳои дар мелоки дастаки чолобу шохаҳои дарахтони қитъаи наздиҳавлигӣ ишора бинмуда, иброз медорад: «Ба лутфи заминҳои зархезу табиати биҳиштосои Меҳан кофист, ки аз заҳмати дастӣ барои худ ва аҳли хонавода зиндагии шоиставу саодати рўзгорро фароҳам биорем».
- Илова бар 5 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ва марзҳои дар дашту ёлаҳои оилавиамон, ҳамзамон, тамоми фаслҳои сол аз қитъаи наздиҳавлигӣ ҳосили помидору сабзавот ва кабудиҳои гуногунро мегирем, то нуқлу наво аз дастархонамон канда нашавад, - суҳбаткунон хон меорост бонуи ҳунарманд. – Фарзандон, ҳарчанд то поси шаб дарс тайёр мекарданд, онҳоро аз мактаби заминкориву заҳмати саҳро дар канор намондаам. Ҳоло ҳам писаронам гоҳи омадан ба дудмони падар, бо завқу муҳаббат дар ҷамъоварии ҳосил, шудгору дигар амалҳои деҳқонӣ панҷа нарм мекунанд, - афзуд Ниҳолбӣ.
Бону Ниҳолбӣ дар хонадони деҳқони одӣ ба воя расидааст, аҷдодонашон заҳмати дастиро аз насл ба насл мерос гузоштаанд. Ҳанўз 13 сол дошт, ки ҳамроҳи модар ба кори хоҷагӣ пардохта, аз нарм намудани зери ниҳолҳои пахта то ҷамъоварии ҳосил дар саҳро заҳмат мекашид. Тавре худ иқрор меояд, насли ҳамсоли вай дар муҳиту замоне тарбияву ба камол расидааст, ки маънии зиндагӣ барояшон меҳнати ҳалол буд. Духтарони деҳот дар мактаб низ хубу аъло мехонданд.
– Баъди издивоҷ дар собиқ хоҷагии коллективии ба номи Ленин кор кардам ва дар даврони таҷдиди хоҷагиҳо аз ҳисоби саҳмияи хонавода ва ҳамсояҳоямон хоҷагии деҳқонии «Чолобкамар»-ро созмон додем, - гуфт Ниҳолбӣ Қурбоналиева.
- Солҳои фаъолияти ҳамсарам дар НБО «Роғун», ки масъулияти хоҷагии деҳқониамонро бар дўши ман гузошта буд, муҳимтарин имтиҳони зиндагиро таҷриба намудам. Аз дастовардҳои истеҳсоливу ҳалли мушкилоти хоҷагидорӣ неруи тозаву тавонмандиҳои худро эҳсос мекардам. Гузори солиёни баъдӣ саҳмияи ҳамкоронамонро ҷудо намудем ва имрўз аҳли хонаводаи мо дар 5 гектар пахта, гандум ва обчакорӣ карда, ҳамзамон, аз боғистони наздиҳавлигӣ меваҳои шаҳдбор мебардорем. Дар ин муддат аз баракати ҳосили барзиёди пахтаву пилла сатҳи зиндагиро беҳтар намуда, соҳиби трактор, мошини сабукрав ва дигар техникаҳои ёрирасон шудем. Дар соли 2025 ҳосили пахта фаровон шуд, вале нархи он моро қонеъ намесозад. Нуқтаҳои қабул ҳосили ба заҳмат парвардаи моро бо нархи хеле паст - 4 сомонӣ ба як килограмм харидорӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки барои ҷамъоварии як кило пахта 1 сомонӣ ба чинакчиён пардохтем, бо сард шудани ҳарорати ҳаво онҳо барои ҷамъоварии ҳар кило ду сомонӣ талаб доранд. Умуман, агар тамоми хароҷоти солонаи кишту парвариши пунбадонаро ҳисоб кунем, барои пахтакорон фоидае намемонад. Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ чунин иброз доштанд: «Вазоратҳои адлия, кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук ҷиҳати дастгирии соҳаи пахтакорӣ то ба эътидол омадани вазъи соҳа пешниҳодҳои заруриро доир ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд. Таъкид менамоям, ки ҳавасмандгардонии фаъолияти самараноки хоҷагиҳои пахтакор масъалаи муҳим дар ин самт мебошад». Мо, деҳқонон, бовар дорем, ки дар Соли нави 2026-ум заҳмати пахтакорон беҳтар қадр мешавад.
Қатъи назар аз мушкилоти соҳаи пахтакорӣ боз ҳам Ниҳолбӣ заминро сарвати поянда ва манбаи асосии таъмини рўзгор мешуморад. Охир ўву ҳамсараш Умар Мирзоев 14 фарзандро аз баракати заҳмати деҳқонӣ ба воя расондаанд, ки имрўз ҷигарбандони онҳо дар ҷодаҳои гуногун фаъолият менамоянд.
«Ҷалби фарзандон ба заҳмати заминкорӣ беҳтарин василаи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳам ташаккули зеҳнии онҳо ба ҳисоб меравад», - гўён ҷуфти деҳқонзодаҳо аз рўзгори ибратомўзи аҷдодонашон мисол меоранд, ки аз файзу баракати деҳқонӣ ба зиндагии осуда шарафёб гаштаанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Мубодила:
Шарҳҳо











