Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳунарро пеша мехону ба зӯри хеш мехӯр нон
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣДар амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи саноат, хосса саноати хўрокворӣ, саҳми муносиби соҳибкорони ватандўст бармалост. Мушоҳида мешавад, ки коргоҳҳои хурду миёнаи саноатӣ на танҳо дар пойтахт ва шаҳрҳои сернуфуси Тоҷикистон, балки дар ноҳияҳои дурдаст ва наздисарҳадии кишвар низ сол аз сол афзун мегарданд.
Яке аз чунин коргоҳҳое, ки бо сатҳ ва сифати баланди меъморӣ ва риояи меъёрҳои муайяни соҳа дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қомат афрошта, маҳсулоти он дар муддати кўтоҳ харидорони зиёд пайдо кардааст, филиали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нонпаз» мебошад. Коргоҳ моҳи октябри соли 2021 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти хидматрасонӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби ҶДММ «Нонпаз» бунёд ёфта, фаъолияти худро ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни нонӣ, кулчақанду фарахшаву шириниҳо равона намудааст.
Дар долони он мағозаи фурўши маҳсулоти коргоҳро созмон додаанд, ки аз самти чап даруни яхдонҳо кулчақандҳои гуногун, фарахшаҳои бо шакалоду мағзу кремҳо ороёфта, рўйи миз ва рафҳои девор беш аз 20 намуд ширинӣ дар бастаҳои шаффоф гузошта шудаанд. Дохили сабадҳои калонҳаҷм нонҳои варақии зебои дилкаш ҷой гирифтаанд, ки ба як назар кас хоҳиши харидорӣ кардани онҳоро мекунад.

Дар самти рости мағоза, дар рафҳои махсус, нонҳои гуногун ва кулчақандҳоро ба фурўш гузоштаанд. Дар самти чап, ҷое, ки яхдонҳои пур аз ширинӣ ҷойгиранд, дари шишагие дида мешавад, ки пушти он корхонаи қаннодист ва ҳашт бону ба пухтани фарахша (торт), шириниву кулчақандҳои гуногун, санбўсаҳои фатириву варақӣ, фатирҳои варақӣ, қаламаҳои равғанӣ ва ғайра машғул аст. Дар самти чап корхонаи нону кулчақандпазӣ (булочка) ҷойгир аст. Дар он занон ба пухтани хлеби маъмулӣ, хлеби литвонӣ ва чанд навъи кулчақанд масруфанд, ки маҳсулоти навпухтаи онҳо ҳамеша харидоронро ба мағоза ҷалб месозанд.
Берун аз иморати асосӣ дар самти рост растаи нонпазонро созмон додаанд, ки чанд тан бону дар танўрҳои маҳаллӣ нонҳои осиёбӣ, кулча, чапотӣ ва фатир мепазанд. Накҳати нонҳои гарму гандумии ин растаро раҳгузарон шамида, беихтиёр сўи бонувони ба ҳунар моҳир гом мениҳанд, то аз нонҳои навпухта баҳравар гарданд.
Бонувони чирадасти коргоҳ ғайр аз пухтани миқдори муайяни маҳсулот боз бо фармоиши мизоҷон нону кулчаву ширинӣ ва дигар маҳсулоти нонӣ таҳия менамоянд, ки ба ин роҳ, даромади хубе низ ба даст меоранд. Дар сурати афзудани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти коргоҳ истеҳсоли онҳо меафзояд.
Қабл аз ифтитоҳи коргоҳ 20 нафар духтар ва занони маҳали хонашин ба омўзиш ҷалб гардида, аз нозукиҳои пеша бархўрдор шуданд. Баъзеи онҳо дар пухтани маҳсулоти нонии анъанавӣ моҳир буданд, аз ин рў, зуд аз пайи кор шуда, дар фурсати кўтоҳ муштариёни зиёдро пайдо карданд.
Қаннодон асосан фарахшаҳои бисквитию асалӣ мепазанд, фармоиш шавад, фарахшаи «Сангпушт» ва дигар намуди шириниҳоро низ таҳия менамоянд. Бо фармоиши мизоҷон кормандон рўзҳои истироҳатӣ барои сўру маъракаҳои мардум нону шириниҳои гуногун омода месозанд.

Бонувони мо корро аз соати 8.30 – 9.00 шуруъ карда, бо сари вақт анҷом додани кор метавонанд баъди нисфирўзӣ рухсат шаванд. Бо хоҳиши худ ҳафтае як маротиба фароғат доранд. Бо ғизои нисфирўзӣ таъмин буда, ҳамарўза пухтупази дилхоҳеро ройгон ба хона баранд. Ҳамчунин, дар рўзҳои ид бо маҳсулоти ниёзи аввалия ҳавасманд карда мешаванд. Нархи маҳсулоти мо дастрас аст, зеро он тағйир наёфт, ҳарчанд дар бозорҳо нархҳои хўрокворӣ боло рафтанд. Масалан, як пора фарахша, ки дар дигар ҷойҳо 10 сомонӣ аст, мо ҳамагӣ бо нархи 5 сомонӣ ба фурўш гузоштаем. Пухтупазҳои хонагии даруни қуттӣ 6 сомонист, ки дар фурўшгоҳҳои бузург то 12 сомонӣ арзиш доранд. Фатиру қаламаҳо 10 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд, - иброз намуд корманди коргоҳ Дилшода Кишварова.
Бино ба гуфтаи ў, анвои нонӣ ва ширинии коргоҳ ҳамеша аз маҳсулоти тару тоза омода гардида, кулчақанду фарахшаҳо аз қаймоқи тоза пухта мешаванд. Азбаски маҳсулот зуд ба фурўш меравад, дар мағоза маҳсулоти муҳлати истеъмолаш гузашта мавҷуд нест. Дар акси ҳол, маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро зуд аз фурўш мегиранд. Маҳсулоти хоми заруриро ҳафтае як маротиба аз шаҳри Душанбе дастрас менамоянд. Маҳсулоти тайёри коргоҳ асосан ба бозору нуқтаҳои фурўши ноҳия дастрас мегардад.
- Ҳоло барои пухтани фарахшаҳои калони тўёна фармоиш мегирем. Бо ин мақсад поя ва сутунчаҳои махсус барои гузоштани фарахшаҳоро дастрас намудаем, ки метавонанд чандқабата бо- шанд. Сокинони ноҳия аз ифтитоҳ ёфтани чунин коргоҳ қаноатманданд, зеро то шаҳр роҳи зиёд напаймуда, анвои дилхоҳашонро аз зодгоҳ харид менамоянд. Рўзҳои истироҳатӣ аз ҳисоби фурўши маҳсулот метавонем аз яку ним то дуву ним ҳазор сомонӣ маблағ ба даст орем, - гуфт Дилшода.
Пас аз ошноӣ бо фаъолияти коргоҳ хушнуду фараҳманд гаштем, ки боз дар як гўшаи дурдасти кишвар духтарону занони деҳот бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштаанду аз муваффақияту пешрафт бархўрдоранд. Бо заҳмати дастони худ рўзӣ дармеёбанду барои некуаҳволии хонавода ҳиссаи арзанда мегузоранд. P.S. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини ифтитоҳи коргоҳ ба масъулон барои таъсиси чунин макони барои сокинон зарурӣ ва ҷалби духтарону занон ба касбомўзӣ ва амали неки соҳибкорони ватандўст изҳори сипос кардаанд.
Ситора АШЎРОВА,
Душанбе – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо












