Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз баракати гранти Президент
Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣИн бону ба ҳунар ончунон дилбастагӣ дорад, ки ҳар бор аз оинаи нилгун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боби дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ сухан мегӯянд, ба чӣ коре агар масруф ҳам бошад, онро канор мегузораду тозон мегардад ва ҳушу гӯш ба суханони илҳомбахши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегардад.Замоне ки савори таксӣ ба бозори «Корвон» расиду аз радиои мошин суханронии Пешвои миллатро дар бораи дастгирии ҳунармандон шунид, аз ронанда хоҳиш кард, ки бар ивази маблағи иловагӣ ба ӯ иҷозат диҳад, ки то ба охир ба гуфтаҳои Президент гӯш андозад.
Зубайда Солеҳова имрӯз бонуи соҳибэҳтиром аст, чаро ки маҳсули панҷаҳои ҳунаррезашро дар доираи хонаводагӣ маҳдуд накарда, талош варзид, то ҳунарҳои нафису зебои аз модару бибиҳо монда моли сандуқу намоишу осорхонаҳо набошад ва духтарону бонувони тоҷик ҳамарӯза аз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ фаровон истифода баранд ва фарҳанги миллиро тарғибгар бошанд. Корро аз як дастгоҳи дарздӯзиву як мошинаи ҳошиязанӣ дар хона, дар Ҷамоати деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор оғоз кард ва қатъи назар аз дурии роҳ, ки дар равуо азият медид, дастранҷҳояшро ба бозорҳои Ҳисору Душанбе ба фурӯш мебурд. Чанде пас, Зубайдабону дар бозори марказии шаҳри Ҳисор ду дуконро як карда, дар масоҳати 4х13 метр толори истеҳсол ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ созмон дод.
Соли 2025 бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ба МИМҲД-и шаҳр ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа пешниҳод намуд ва ба дарёфти гранти Президент ва 90 ҳазор сомонӣ мушарраф гардид. Ба маблағи грант 8 мошини дарздӯзии муосир, ки 210 нусха мезанад, мошини попурзанӣ, мебелу рафҳо, роҳаткурсиҳо, мизи либоспоракунӣ, дарзмоли буғӣ, ҳавосоз (кондитсионер), гармкунаки барқӣ, ойина, дастгоҳи нигинзанӣ ва дигар анҷому абзори зарурӣ харида, сех-дуконро зебову замонавӣ намуд. Қаблан рафҳои тахтагии ин макон зуд шикаста, молу коло ба замин фурӯ мерехтанд ва Зубайдабону худ бо симарра рафҳои оҳанӣ буриду устои кафшергар онҳоро ба ҳам пайваст.
Ҳоло дар корхона-дукон 15 нафар бону бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст, ки аксар фармоишро қабул ва дар хона ба дӯхт машғуланд. Маҳсули дастони ин бонувони ҳунарманд ҳамакнун рафҳои давродаври дуконро оро дода, диққати дилхоҳ харидорро ба сӯи худ мекашанд. Аз фарш то сақфи дуконро рафҳои бузург печидаанд, ки дар рӯ ба рӯ аз даромадгоҳи он, дар рафҳои 13-метра кӯрпачаву болинҳои нақшину дилнишин чида шудаанд. Аз самти чап ҷомаҳои хурду бузурги зардӯзиву гулдӯзӣ, аз самти рост дастранҷҳои зебои бо нигинҳои пурҷило оросташуда барои арусон мақом ёфтаанд.
Зубайдабону ба духтарону бонувони маҳал дӯхтани пироҳанҳои милливу аврупоӣ, болинҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, кокулбофӣ, тоқидӯзӣ, порадӯзӣ, чакандӯзиву попурзанӣ, остинчаву рафида, дастархон, абзори гаҳвора, ҳамчунин бо нигину шилшилаҳо оро додани абзорҳои арусӣ, ба монанди элакҳо, нонпар, суфраҳои порадӯзӣ, кӯзаву чилобчин, коса барои никоҳ, пойандоз ва даҳҳо ҳунари зебои дастиро меомӯзонад. Сокинон дастранҷҳои дилхоҳ ва соҳибкорон аз маҳсулоти тайёри ин дукон яклухт харидорӣ менамоянд.
Ҳоло ин бонуи гулдаст дар ҳамкорӣ бо шуъбаи шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор дар Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба 15 нафар занону духтарон нозукиҳои ҳунар меомӯзонад ва дар маҷмӯъ беш аз 300 нафарро соҳибкасб намудааст. Ва агар нафаре суроғи ҳунармандеро намояд, ҳама ангушти ишорат сӯи Зубайдабону мебардоранд. Ин ҳунарманди асил бо он зарфияте ки дорад, иктифо накарда, ҳамоно пайи навовариву эҷод аст. Дар дукони ҳунармандии ӯ ҳатто тахтаву тирак ва тахтаҳои сабзирезакуниро метавон мушоҳида кард, ки ҳама маҳсули дастони худи ӯянд. Гоҳе асбобҳои дуредгарӣ ба даст дар роҳрави дуконҳо тахта мебурад, ба онҳо поя мезанад ва ҳайрати раҳгузаронро бедор месозад, ки зане кори мардонаро ба ин чолокӣ анҷом медиҳад.
Ҳунар мисле, ки мағз андар мағзи ин бону ҷо гирифтааст, чун дар муҳите ки ӯ бузург шуд, ҳама аз ҳунар баҳравар буданд. Бобокалону бобо — устои кандакор, қиблагоҳаш — устои гулкашу дуторсоз, бибиаш ҳунарманди асилу дар зарофатгӯйӣ беҳамто буд. Агарчи Зубайдабону моморо дар ёд надошт, ҳама мегуфтанд, ки ҳунарҳои бибиро маҳз ӯ ба мерос гирифтааст. Баробари оила барпо намудан дар хонаводаи шавҳар ҳам ҳунарро асоси зиндагӣ дид. Падари ҳамсараш устои дару тиреза, ҷувозкаши номӣ, ҳамнафаси ҳаёташ сандалисоз, устои гулдасти таъмири замонавии хонаҳо мебошад.
Ҳунару ҳунармандӣ аз кӯдакӣ дар қалби ӯ ҷӯш мезад. Ҳатто замони таҳсил дар синфи 5-ум, дар дарси таълими меҳнат рӯи матоъ нақшпартоӣ мекард ва ҳама танаффус мебаромаданду ӯ дар синфхона мемонд. «Духтари маро буғуму буғумчаҳояш аз ҳунар аст», — то кунун бо ифтихор мегӯяд қиблагоҳаш.
Соли 2023, вақте даври шаҳрии фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳ аз зар бувад» дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, дастранҷҳои бешумори Зубайдабону дар мошин ҷой нагирифтанд. Ҳунармандони 12 ҷамоат ҳар кадоме дар масоҳати ду метр ҳунарҳои хешро ба намоиш гузоштанд. Вақте аз камбуди ҷой дарак бурд, пойандози 5-метриро назди фавворае густурду тамоми дастранҷҳояшро болои он ва давродаври фаввора чид. Ҳайати ҳакамон аз дастранҷҳои зебову босифат таассурот гирифта, якдилона ҷойи якумро ба ӯ лоиқ донистанд.
Зубайда Солеҳова имрӯз нақшаҳои зиёд дорад ва мехоҳад самти фаъолияташро васеъ намуда, бонувони бештарро ба касбу ҳунар ҷалб созад.
- Азбаски ҳам дукони фурӯш ва ҳам корхона дар як ҷой воқеанд, наметавонем ҳунарҳои мардумиро ба таври васеъ роҳандозӣ намоем. Орзу дорам, ки корхонаи ҳунарҳои мардумӣ ва дукони фурӯш алоҳида ва дар шафати ҳамдигар қарор дошта бошанд, - мегӯяд ӯ.
Ин бонуи ҳунарманд дар доди 45-солагӣ соҳиби чор фарзанд ва ҳафт набера аст, ки ду писараш ҳамроҳ бо падар ва ду духтараш бо модар пайи ривоҷи ҳунару ҳунармандӣ мебошанд. Дасту дили кушодаш аст, ки полизи ҳавлиаш ҳамеша ғанӣ аз сабзавоту кабудиҳо буда, ҳосили онро ба ҳамсояҳо тақдим мекунад. Шояд дуои неки онҳо низ буд, ки имрӯз ӯ ба чунин рӯзҳои нек расида, бо ҳунар номошнову тоҷиквар гардидааст.
Ситора АШӮРОВА
Душанбе — Ҳисор — Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











