БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Қалъаи Балҷувон- ёдгоре аз ниёгон

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар доманаи кӯҳҳои сарбаафлоки ноҳияи Балҷувон, он ҷо ки ҳар сангаш аз рӯзгори гузашта қисса мекунад, Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон» ҳамчун ганҷинаи нодири хотираи миллӣ мақом дорад. Қадам ниҳодан ба ин макон гӯё оғози як саёҳати маънавист, саёҳате, ки аз садсолаҳои дур оғоз меёбад. Ин ҷо таърих хомӯш нест, он зинда аст, нафас мекашад ва бо ҳар меҳмон ба забони худ суҳбат меорояд.

 

Ҳар нигора, ҳар ашёи ба намоиш гузошта аз рӯзгор, фарҳанг, расму оин ва зиндагиномаи гузаштагони мардуми ин диёр ҳикоят мекунад. Аз асбобҳои рӯзгор ва олоти меҳнат то намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз санадҳои нодири таърихӣ то аксҳои хотиравӣ – ҳама гувоҳи онанд, ки ин гӯшаи сарзамин дорои гузаштаи пурифтихор ва фарҳанги ғанӣ мебошад.

Қалъаи Балҷувон яке аз ёдгориҳои таърихӣ дар ин ҷост. Қалъа дар маркази ноҳия, дар баландии теппае, дар соҳили рости дарёи Сурхоб воқеъ буда, тақрибан 60–70 метр аз сатҳи дарё қомат афрохтааст. Қалъа ба охири асри XVII ва асрҳои XVIII–XIX тааллуқ дошта, масоҳати умумии он 945 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти таърихӣ, қалъа ҳамчун қароргоҳи бекҳо – мирони аморати Бухоро бунёд ёфта, аз се ҳавли иборат мебошад: ҳавлии зисти бек бо оилааш, ҳавлии толори маҷлисгоҳ, қабули шаҳрвандон ва ҳавлии афсарону зиндон. Ин сохтори меъморӣ шаҳодат медиҳад, ки қалъа на танҳо як макони мудофиа, балки маркази идоракунии сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа низ будааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли 2001 Ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди ноҳияи Балҷувонро Минтақаи байналмилалии сайёҳӣ эълон намуд. Зимни боздид аз қалъа равшан гашт, ки таъсиси чунин як марказ тасодуфӣ нест. Он бо ҳадафи ҳифз, ҷамъоварӣ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии минтақа таъсис шуда, имрӯз ба яке аз маконҳои муҳими маърифатӣ ва сайёҳӣ табдил ёфтааст. Роҳбари муассиса Умеда Бекова зимни шиносоӣ бо толорҳо ва нигораҳои қалъа, дар бораи ҳар ёдгорӣ ба таври муфассал маълумот дод ва иброз дошт, ки ҳар сайёҳе ба ноҳия ташриф меорад, аз қалъа дидан менамояд.

-Ин ҷо на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки меҳмонон ва сайёҳон низ метавонанд бо таърихи қадимаи Балҷувон аз наздик ошно шаванд, - гуфт роҳбари муассиса.

Воқеан, ҳар гӯшаи қалъа давраҳои муайяни таърихиро инъикос намуда, бинандаро ба андеша водор месозад. Аз ҷиҳати меъморӣ қалъа диданист, аз хиштҳои пухта сохта шудааст, бо кандакорӣ ва рангубори хос оро ёфтааст. Толорҳои марказ бо завқи баланд гашта, рӯҳи даврони гузаштагонро таҷассум менамояд. Дар ҳар қадам эҳсос мегардад, ки заҳмати кормандон барои нигоҳдошти ин ганҷинаи маънавӣ беназир аст.

Қалъаи Балҷувон, ки шоҳиди садҳо ҳодисаҳои таърихист, бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 мавриди бозсозӣ қарор гирифта, 11-уми сентябри соли 2025 расман ба истифода дода шуд.

-Барои навсозии қалъа мутахассисони чирадасти зебоиофар аз шаҳрҳои Самарқанду Хуҷанд, Исфара ва Кӯлоб ҷалб гардиданд. Ҳар офаридаи онҳо имрӯз инъикоскунандаи таърихи пурғановати миллати тоҷик мебошад. Айни ҳол дар муассиса 354 нигора ба намоиш гузошта шудааст, - афзуд Умеда Бекова.

Шоёни зикр аст, ки чунин марказҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба гузашта ва пос доштани арзишҳои фарҳангӣ нақши созгор мебозанд. Махсусан, барои ҷавонон ва наврасон, боздид аз ин гуна маконҳо метавонад дарси ибрат, мактаби ватандӯстӣ ва худогоҳӣ бошад.

Қалъаи Балҷувон имрӯз на танҳо як ёдгории таърихӣ, балки пули пайванди наслҳо, рамзи ифтихори миллӣ ва макони зиндаи эҳёи таърихи ниёгон ба шумор меравад.

                                                                                                   Гулшан ҶӮРАЗОДА,

                                                                                       Душанбе – Балҷувон – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон