БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пешавар

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар баробари оне, ки ин бонуи меҳнатдӯсту ташаббускор дар тули қариб нимасраи фаъолият садҳо нафарро таълим додаасту дар зиндагӣ раҳнамун сохтааст, боз посдорандаи фарҳанги бузурги миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон дар як гӯшаи кӯҳистони диёр ба ҳисоб меравад. 

 

– Модари ғамхорам бо чор фарзанд, ҳангоми пароканда шудани оила сабуриро пеша кард. Сарфи назар аз мушкилот пастиву баландии роҳи пурпечутоби рӯзгорро мардонавор паси сар намуд. Модари меҳрубонам тавонист, ки зарурати омӯхтани илму донишро дар дили фарзандон ҷо кунад. Гарчанде ки ду хоҳарбузургам таҳсилро давом надоданд, дониши хубу зеҳни тезро доро буданд. Ягона бародарам хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Азбаски хурди оила будаму пайваста модарамро ҳамроҳӣ мекардам, моми ғамгусорам ҳамеша таъкид мекарданд, ки духтарам, агар ба гапи ман гӯш додан хоҳиву ояндаатро фикр кунӣ, ҳатман бихон. Насеҳатҳо ва таваҷҷуҳи бепоёни модар бароям беасар намонду ба хондан кӯшидам. Ман аслан модарамро устоди математикаи худ медонам, зеро чор амали арифметикаро аз ӯ ёд гирифтаам. Модарам Ҳилолбӣ Раҷабова дар давраи маҳви бесаводӣ ба занҳои хонашин бо хатти лотинӣ аз фанни риёзиёт дарс мегуфтанд, – гуфт Бегимоҳ Раҷабова.

Гуфторҳои модарро ҳадафи ба орзуҳояш расидан қарор доду муваффақиятро ба даст овард. Иродаи қавӣ ва саъю кӯшишаш сабаб гардиданд, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонда, факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро бо гирифтани стипендияи Садриддин Айнӣ хатм намояд. Давоми 47 соли собиқаи кориаш, 17 солашро дар хизматҳои гуногуни давлатӣ паси сар кардааст. Феълан, ин зани масъулиятшинос дар Гимназияи давлатии ба номи Санг Одинаеви ноҳияи Балҷувон омӯзгор аст.

–Пас аз панҷ соли донишҷӯйӣ ба ҳамсабақам Алихон Мирзоев, ки сокини ноҳияи Бохтар буд, ба шавҳар баромадам. Соли 1979 пас аз хатми Донишгоҳ бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба деҳаи Солмолидашт (ҳоло деҳаи Ҳомиёни Ҷамоати деҳоти Сафедчашма)-и ноҳияи Балҷувон ба кор омадам. Бо вуҷуди паси сар кардани мушкилиҳои зиёд якҷоя бо ҳамсарам ҳафт фарзандро тарбия карда, шаш нафарашро соҳиби маълумоти олӣ намудем. Ҳамсарам бисту ду соли ҳаёташро дар муҳоҷирати меҳнатӣ гузаронду ман дар тарбияи фарзандон. Имрӯз шукрона аз он мекунам, ки фарзандонам дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ дар Ватани ободу озод фаъолият мебаранд, – изҳор медорад ҳамсуҳбати ман.

Истиқлоли давлатӣ ба бонувони тоҷик имконияти васеъро фароҳам оварда, дар баробари мақому нуфуз боз мустақилияту бовариро ба худ касб карданд.

–Шукрона, ки имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо тамоми шароитҳоро муҳайё кардаанд. Бояд гуфт, ки бо мақсади дастгирии писарону духтарони болаёқати деҳот аз минтақаҳои дурдасти кишвар аз соли 1997-ум квотаи Президент таъсис дода шуд, ки тибқи он садҳо ҷавонон соҳиби маълумоти олӣ шуданд. Он замон ба манзилҳои духтарон барои идома додани таҳсил мерафтему дар баъзе мавридҳо волидон монеа эҷод мекарданд. Лекин имрӯз падару модарон худ барои маърифатнок шудани фарзандон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, – гуфт Бегимоҳ.

Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт ва пойдории он, таълиму тарбияи фарзандон ниҳоят муҳим аст. Бубоист, ки зодмандон дар баробари тарбияи фарзанд ва бо илм фаро гирифтани онҳо ҳатман ҷигарбандон, ба хусус духтаронро ба ҳаёти оилавӣ омода созанд.

–Ба шогирдон таъкид менамоям, ки пеш аз оиладор шудан ҳатман ягон касб ё ҳунарро омӯзед, зеро дар зиндагӣ ба шахс доштани пешае зарур меояд. Нафари соҳибкасбу ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад. Ҷудошавии оилаҳои ҷавонро дар ҳоли ҳозир дар бештари маврид аз бехунарии духтарон мебинем, зеро модарон ба фарзандон, тамиз кардани хонаву дар, дӯзандагиву пазандагӣ, эҳтироми калонсолон, иззату икроми меҳмонро соз намеомӯзанд. Вақте ки бо модарон суҳбат менамоем, онҳо мегӯянд, ки ҳоло ҷавонанду ёд мегиранд, ки ин хатои маҳз аст, чунки тарбияи кӯдак ҳанӯз аз батни модар оғоз меёбад, – иброз дошт омӯзгор. Дар суҳбат бо ин зани масъулиятшиносу соҳибэҳтиром маълум гашт, ки бо ҳунару истеъдодаш намунаи ибрати занону духтарони ноҳияи Балҷувон аст.

– Модарам аслан зодаи деҳаи Сари Хосор буда, вақте ки ба ноҳияи Шурообод (ҳозира Шамсиддин Шоҳин) муҳоҷир мешаванд, касби элакбофиро доштанд. Аз қили думи асп бо ҳалқаҳои чӯбӣ элак омода мекарданд, ки дар замонҳои баъди ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҳамин ҳисоб рӯз мебурданд. Модарам, ки танҳо ба тарбияи чор фарзанд машғул буд, бар замми ҳунармандияш баъдтар боз дар колхоз ҳам заҳмат мекашид. Бар замми серкорӣ ба ман дӯхтани куртаи тоҷикӣ, дарздӯзӣ, ҷомадӯзӣ, шерозбофӣ, қаламзаниву чакандӯзӣ, нонбандиву кулчабандӣ, омода кардани хӯрокҳои миллиро ёд дода, ба ин васила аз тамоми ҳунарҳои дастӣ бохабар шудам, ки дар рафти рӯзгор ба кор омад, – иброз кард ҳунарманд.

Бегимоҳ Раҷабова тули умр шогирдони зиёдеро тарбият додааст, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногуни кишвар содиқона хизмат мекунанд. Аз пешравиҳои шогирдон изҳори хушнудӣ карда, иброз намуд, ки ҳар гоҳе ба манзили волидон меоянд, албатта, аз ҳоли аҳволаш хабар мегиранд. Ё тавассути телефони ҳамроҳ аз ҳоли аҳволи устоди хеш пурсон мешаванд.

Аз суҳбат бо бону маълум гардид, ки дар баробари мунаввар сохтани роҳи зиндагии шогирдону эҳёи суннату анъанаҳои миллӣ боз ба замин низ дилбастагии зиёд дошта, ҳар ваҷаб хоки Ватанро беҳтар аз ганҷи Қорун медонад.

–Бекор нишаста наметавонаму фориғ аз мактаб ба кишоварзӣ рӯ меорам, зеро аз табиати зебою дилрабои Ватани азиз роҳат мебараму ҳамаи хастагиву мушкилиҳо ҳини кори боғу боғдорӣ бартараф мешаванд, – гуфт дар фарҷом Бегимоҳ Раҷабова.

                                                                                           Мадина БАЛАҶОНОВА,

                                                                                     Душанбе – Балҷувон – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2026_small.pdf [3.66 Mb] (зеркашиҳо: 9)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон