БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пойтахт- ойинаи давлат ва нишонаи рушди миллат

Сиёсат / Слайдер

Пойтахт барои давлат на танҳо маркази маъмурӣ, балки рамзи давлатдорӣ, ойинаи фарҳанг, илму маърифат ва пешрафти миллат низ маҳсуб меёбад. Яъне, пойтахт ин шаҳрест, ки набзи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар он метапад, симои воқеии давлатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Барои мардуми Тоҷикистон чунин мақому мартабаро шаҳри зебову гулбасари Душанбе соҳиб аст. 

 

Душанбе имрӯз на танҳо пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки маркази муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мебошад. Ин шаҳри ҷавону ҳамзамон таърихӣ дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат роҳи пуршарафи рушду ободиро тай намуда, ба яке аз шаҳрҳои зебо ва пешрафтаи минтақа табдил ёфтааст. Ҳар як гӯшаи он аз иродаи устувори мардум, муҳаббат ба Ватан ва ормонҳои созандагии миллат шаҳодат медиҳад.

Дар даврони истиқлолият, махсусан солҳои охир, Душанбе бо суръати бесобиқа рушд меёбад. Кӯчаҳои васеъву муосир, боғҳои сабзу хуррам, биноҳои баландошёна, марказҳои фарҳангиву маориф, муассисаҳои тандурустӣ ва иншооти муҳими иҷтимоӣ ба ҳусни шаҳр ҳусн меафзоянд. Имрӯз пойтахти тоҷикон — Душанбе ба як шаҳри муосир, бароҳат ва зебо табдил ёфтааст, ки барои зиндагии шоиста ва фаъолияти созандаи шаҳрвандон тамоми шароитро дорад.

Ин дигаргуниҳои азим, пеш аз ҳама, самараи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат пойтахти кишвар ба маркази муҳими сиёсӣ ва фарҳангии минтақа ва ҷаҳон табдил ёфта, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорад. Ба иқрори худашон Пешвои миллат, ҳатто дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ҳангоми сафарҳои хориҷӣ аз кишварҳои гуногун гулу дарахтони хосро дар роҳрави тайёраашон ҷой карда, ба Ватан меоварданд, то кӯчаҳои Душанберо боз ҳам зеботар намоянд. Ин амал, албатта, дар баробари садҳо шартномаву лоиҳаҳое, ки боис ба рушди бесобиқаи пойтахти Тоҷикистон гардидааст.

Ҳамзамон дар ин росто, саҳми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди пойтахт хеле назаррас мебошад. Бо роҳбарии ӯ солҳои охир симои шаҳр ба куллӣ тағйир ёфта, даҳҳо лоиҳаҳои бузурги шаҳрсозӣ амалӣ шудаанд. Бунёди роҳу пулҳои нав, навсозии инфрасохтори шаҳр, зиёд гардидани боғу гулгаштҳо, рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ва беҳтар гардидани хизматрасониҳои коммуналӣ шаҳодати равшани талошҳои пайваста барои ободии пойтахт мебошад. Ағлаб нафароне, ки як ё ду сол дар Душанбе набуданд, пас аз бозгашт иқрор меоянд, ки пойтахт комилан дигар шудааст.

Дар натиҷаи ин ҳама талошҳо Душанбе ба маркази муҳими баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ, конфронсҳои сатҳи баланд ва чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ табдил ёфтааст. Меҳмонони хориҷие, ки ба пойтахти Тоҷикистон ташриф меоранд, аз зебоӣ, тозагӣ ва фазои орому меҳмоннавози пойтахти мо ба ваҷд меоянд. Ин ҳама ба як шаҳри намунавӣ табдил ёфтани Душанбе ва шоистаи мақоми пойтахт будани он гаштааст.

Шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахт таҷлил мегардад. Ин санаи муҳим на танҳо ҷашни сокинони Душанбе, балки ҷашни тамоми мардуми ҷумҳурӣ аст, зеро пойтахт қалби давлат буда, пешрафти он рамзи пешрафти тамоми кишвар маҳсуб меёбад.

Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар робита ба ин санаи идона шумораи таҳти назарро ба шаҳри азизамон — Душанбе бахшидааст, зеро пойтахт маконест, ки дар он фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва эҷодии бонувони тоҷик бештар таҷассум мегардад. Дар рушду ободии шаҳр, дар тарбияи насли наврас, дар рушди фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми бонувон шоистаи таҳсин аст.

Имрӯз бонувони тоҷик, хушбахтона, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз илм ва маориф то фарҳанг, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва идоракунии давлатӣ фаъолона ширкат варзида, дар пешрафти пойтахт ва ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд. Ин ҳама бозгӯи он аст, ки рушди пойтахт бо рушди ҷомеа ва пешрафти занону духтарони тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад.

Хулоса, Душанбе барои сокинони пойтахт на танҳо як шаҳр, балки рамзи ифтихор, ватандӯстӣ ва умед ба ояндаи дурахшони тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст. Ободии он масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Мо бояд бо меҳнати содиқона, эҳтиром ба қонун, нигоҳ доштани тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист дар рушди пойтахти азизамон саҳмгузор бошем.

Бо итминон метавон гуфт, ки Душанбе солҳои пешомад низ бо қадамҳои устувор ба сӯйи рушду тараққиёти бештар гом хоҳад ниҳод. Бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам зеботар, муосиртар ва шукуфонтар хоҳад гардид.

Бигзор шаҳри азизамон — Душанбеи гулбасар ҳамеша рамзи сулҳ, дӯстӣ, фарҳанг ва пешрафти Тоҷикистон бошад.

                                                                                  ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон