Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
«Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест...»
Сиёсат / СлайдерҚатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешопеши таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ қабул гардид, дар асл натиҷаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин сиёсат кишвари моро аз мактаби сулҳи миллӣ ба яке аз пешбарандагони ғояҳои сулҳ ва ҳамкории созанда дар сатҳи байналмилалӣ расондааст.
Имрӯз, дар шароите ки ҷаҳон бо низоъҳои мусаллаҳона, рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои амниятӣ рӯбарӯст, мавзуи сулҳ ба масъалаи бақои инсоният табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, ташаббуси нави Тоҷикистон дар ин росто аҳамияти хос дорад. Он ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани чораҳои пешгирикунанда, тарбияи фарҳанги сулҳ ва масъулиятшиносӣ нисбат ба наслҳои оянда даъват мекунад.
Дар Паёми шодбошии худ ба муносибати қабули Қатъномаи мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як андешаи хеле муҳимро баён намуданд: «Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест!» Ин ҷумлаи пурмаъно дар асл фалсафаи тамоми Қатъномаи қабулшударо ифода мекунад, зеро сулҳ, пеш аз ҳама, фарҳанг, тарзи зиндагӣ ва масъулияти муштараки давлату ҷомеаҳо мебошад. Он дар эҳтироми шаъну шарафи инсон, адолат, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва имкониятҳои баробар таҷассум меёбад.
Ин дидгоҳи амиқ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ консепсияи нави фарҳанги сулҳро матраҳ намудааст. Аз ин нигоҳ, Қатъномаи мазкур бештар аз як санади байналмилалӣ буда, даъватест барои тағйири тафаккури инсоният нисбат ба арзиши сулҳ.
Арзиши дигари ин ташаббус дар он аст, ки он аз таҷрибаи воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Аз китоби таърих, мутаассифона, ин саҳифаҳоро канда намешавад, ки миллати тоҷик дар ибтидои давлатдории соҳибистиқлолии худ талхтарин рӯзҳои таърихи навини худро аз сар гузарондааст. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба давлатдорӣ, иқтисод, иҷтимоиёт ва зиндагии мардум зарари бузург расонд. Аммо маҳз таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи сулҳу оштии миллӣ интихоб гардид. Бо иродаи сиёсӣ, хиради миллӣ ва дастгирии мардум сулҳу субот барқарор шуда, ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори рушди давлат шакл гирифт.
Имрӯз, баъди қариб се даҳсола, аз рӯи эътирофи таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дигар танҳо мероси таърихи миллии мо набуда, ба мактаби муҳими сиёсӣ табдил ёфтааст. Маҳз ҳамин мактаб имрӯз имконият додааст, ки Тоҷикистон аз таҷрибаи худ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ сухан гӯяд ва пешниҳодҳояш аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон ҷонибдорӣ пайдо намоянд.
Агар ба фаъолияти байналмилалии Тоҷикистон дар солҳои охир назар афканем, равшан мегардад, ки ташаббуси нав идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Президенти Тоҷикистон мебошад. Дар тӯли ду даҳсолаи охир Тоҷикистон пайваста масъалаҳои муҳими ҷаҳониро ба рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид ворид намудааст. Ташаббусҳои вобаста ба об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои глобалӣ нишон доданд, ки кишвари мо метавонад ташаббускори равандҳои байналмилалӣ бошад.
Қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» бори дигар собит намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пешниҳодҳои Тоҷикистон ва сиёсати хориҷии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимод дорад. Ин муваффақият аз он шаҳодат медиҳад, ки дипломатияи Тоҷикистон имрӯз аз доираи ҳимояи манфиатҳои миллӣ фаротар рафта, ба ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзанда мегузорад. Ин сиёсати фаъолу созанда Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва масъулиятшинос дар ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст.
Қатъномаи нав дар айни замон масъулияти бузургеро ба зиммаи ҷомеаҳо мегузорад. Хосса вақте он ба наслҳои оянда нигаронда шудааст. Яъне, пеш аз он ки сулҳ дар созмонҳои байналмилалӣ ҳифз гардад, он бояд дар оила, мактаб ва ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо намояд.
Дар ҳамин маврид, нақши занону модарон аҳамияти хосса пайдо мекунад. Чун аввалин дарси инсондӯстӣ, меҳрубонӣ, таҳаммулгароӣ ва эҳтиром маҳз дар муҳити оила оғоз меёбад. Аз ҳамин ҷост, ки рисолати зан дар таҳкими сулҳ танҳо бо тарбияи фарзанд маҳдуд намешавад. Ӯ тарбиятгари шахсиятест, ки фардо метавонад ҷонибдори сулҳ, муколама ва ҳамзистии осоишта бошад.
Воқеан ҳам, имрӯз сулҳро танҳо сиёсатмадорон ҳифз намекунанд. Омӯзгор бо маърифат, зиёӣ бо андеша, рӯзноманигор бо сухани созанда, нависанда бо қалами худ ва ҳар як падару модар бо тарбияи фарзанд дар таҳкими он саҳм мегузорад. Фарҳанги сулҳ маҳз аз ҳамин арзишҳои рӯзмарра сарчашма мегирад…
Тасмими доир намудани конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон танҳо пешниҳодкунандаи ғоя набуда, балки барои татбиқи амалии он низ масъулияти худро эҳсос мекунад. Ин низ яке аз хусусиятҳои муҳими сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳар як ташаббус бо амал ва ҳамкории байналмилалӣ пайгирӣ мешавад.
Хулоса, Тоҷикистон ба ҷаҳон таҷрибаи нодиреро пешниҳод менамояд, ки сулҳро метавон аз дохили ҷомеа оғоз намуда, онро ба арзиши байналмилалӣ табдил дод. Зимнан, ин роҳи тайкардаи миллати тоҷик аст, ки имрӯз ба сармояи сиёсӣ ва маънавии давлат мубаддал гардидааст.
Аз ҳамин нигоҳ, қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» танҳо як дастоварди дипломатӣ нест. Он эътирофи ҷаҳонии мактаби сулҳофарини Тоҷикистон ва сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буда, паёми асосиаш чунин аст: сулҳ бояд ба фарҳанг, ба масъулият ва ба мероси наслҳои оянда табдил ёбад!
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон
Мубодила:
Шарҳҳо












