Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Таҳкимбахши мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ
СиёсатМусоҳибаи хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо
Президенти АМИТ, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт
– Чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси таъсиси платформаи байналмилалии «Раванди оби Душанбе»-ро роҳандозӣ намуд ва аҳамияти сиёсии он дар арсаи байналмилалӣ аз чӣ иборат аст?
– Шоёни зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати фароҳам овардани платформа барои муколамаи сиёсӣ, шарикӣ ва амалҳо дар бахши захираҳои об ва рушди устувор, платформаи комилан наверо бо номи «Раванди оби Душанбе» рӯйи кор овард, ки дар доираи он дар ҳар ду сол конфронси сатҳи баланд марбут ба захираҳои об доир мешавад.
Аз оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз соли 2018 то ҳол конфронсҳои якум (соли 2018), дуюм (соли 2022), сеюм (соли 2024) ва чорум (соли 2026)-и байналмилалии сатҳи баланди Душанбе ва, ҳамзамон, Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об (соли 2023) баргузор гардиданд. Ин чорабиниҳои сатҳи баланд бо нақшаи амали СММ оид ба захираҳои об, Ҳадафҳои рушди устувор (алалхусус, Ҳадафи 6-ум) ва ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» комилан мувофиқ буда, бо фарогирии мавзуъҳо, масъалаҳои баррасишаванда ва ҳуҷҷатҳои натиҷавӣ аз ҳамдигар тафовут доранд.
– Нақши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди дипломатияи об ва ташаккули ҳамкориҳои байналмилалӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад?
– Сарвари давлат зимни суханрониашон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» аз коҳишёбии захираҳои об ва афзоиши талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он изҳори нигаронӣ намуда, чунин иброз доштанд:«Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25 фоиз зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд». Ҳамзамон, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳод намуданд, ки дар оянда мавзуъҳое, чун маблағгузории устувор, ҳамгироии сиёсати об бо иқлиму энергетика, озуқаворӣ ва низомҳои муҳити зистӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ба мавзуъҳои меҳварии Рӯзномаи нави об ворид мегарданд.
Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои об ба Рӯзномаи ҷаҳонии амалҳо ворид шуд. Ҷиҳати пешбурди ин амалҳо ва татбиқи ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда Раванди оби Душанбе нақши муассир дошта, дар таҳкими ҳамкорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти обу иқлим мусоидат менамояд. Сарфи назар аз пешравиҳо дар мавзуи об, ҷаҳон ҳанӯз бо як зумра мушкилиҳое рӯ ба рӯ мебошад, ки раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устуворро душвор гардондааст. Бо назардошти ин мушкилот, Пешвои миллат тарҳи комилан наверо таҳти унвони «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» пешниҳод намуданд, ки он ҳамчун муҳаррики асосии пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд.
Ҳамзамон, ба мақсади пешбурду тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар аз ҷониби Сарвари давлат Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд, «ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронда шудааст».
– Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об то кадом андоза метавонад Тоҷикистонро ба маркази ҷаҳонии ташаббусҳо ва муколамаҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои об ва иқлим табдил диҳад?
– Дар миқёси байналмилалӣ дар соҳаи об ҷоизаҳое таъсис ёфтаанд, ки танҳо ба як бахши махсуси марбут ба об, ба монанди лоиҳаҳои беҳтарин дар самти тозакунии обҳои партов, бартарии корҳои муҳандисию илмӣ дар соҳаи об ва пажӯҳишҳо дар минтақаҳои хушк супурда мешаванд. Хушбахтона, бо фарқ аз бахшҳои болозикр, ки ба дарёфти ҷоизаҳои гуногун дар соҳаи об шарафёб мегарданд, самтҳои фарогирии Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об хеле фарох ва бисёрҷониба мебошад. Ин ҷоиза тамоми ҷанбаҳои марбут ба об, аз қабили ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи об, тадқиқоти бунёдии илмӣ, рушди устувори экологӣ ва пешбурди корҳои амалиро ба ҳам оварда, дар бартараф намудани мушкилоти ҷаҳонии об саҳми бузург мегузорад. Яъне, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об фарогири ҳадафҳои меҳварии ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат дар соҳаи обу иқлим буда, омилҳои асосии сиёсати экологии кишварро дар арсаи байналмилалӣ муттаҳид месозад.
Ҳамзамон, аҳамияти Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим инъикос меёбад, зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамкориҳои муассир ва роҳҳои ҳалли идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ниёз дорад ва кишвари мо бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба ин масъала ҷалб намояд.
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об метавонад барои рушди таҳқиқоти бунёдии илмӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи об ва пешбурди ҳамкориҳо дар самти захираҳои об заминаи мусоид фароҳам оварад. Чун ҳавасмандгардонии олимону мутахассисон барои анҷоми таҳқиқот оид ба истифодаи самараноки об, пешгирии талафоти захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз ҳадафҳои асосии ин ташаббус ба ҳисоб меравад. Муҳимияти дигари ин ҷоиза дар он аст, ки он дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» таъсис ёфт ва, албатта, ин аҳамияти байналмилалии ташаббуси мазкурро боз ҳам тақвият бахшида, нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти марбут ба обро ҳамчун масъулияти умумибашарӣ арзёбӣ менамояд.
– Таъсиси ҷоиза чӣ гуна метавонад ба таҳкими дипломатияи об ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат намояд?
– Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувори экологӣ мебошанд. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳадафҳои зеринро дар бар дорад:
• Эътирофи дастовардҳои олимон, сиёсатмадорон ва дипломатҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим;
• Тақвияти «дипломатияи об» ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар пешбурди рушди устувор;
• Ҳавасмандгардонии таҳқиқоти бунёдӣ ва дастгирии робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи об;
• Таблиғи арзишҳои инсондӯстона ва ҳадафҳои меҳварии сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ.
Гулшан ҶӮРАЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо











