БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Оинаи мусаффои бонувон Бист соли ҳамқадамии "Бонувони Тоҷикистон" бо давлат, ҷомеа ва миллат

Сиёсат

Дар таърихи матбуоти тоҷик кам иттифоқ меафтад, ки таъсиси ин ё он нашрия танҳо ба хотири ғанӣ гардондани фазои иттилоотӣ бошад. Албатта, нақши таърихсозии нашрияҳои «Бухорои шариф», «Овози тоҷик», «Иди тоҷик», «Шуълаи инқилоб» ва ғайраро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш нахоҳем кард…  

Маҷаллаи давлатии ҳармоҳаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон»-ро метавон бо чанд сабаб аз ҷумлаи матбуоте донист, ки аз рӯзи таъсис рисолати худро фаротар аз доираи як маҷаллаи соҳавӣ муайян намуд.Соли равон ба таъсиси ин маҷалла 20 сол пур мешавад. Барои як инсони эҷодкор бист сол шояд танҳо як пораи умр бошад, аммо барои як воситаи ахбори омма бист сол таърихи ташаккул, имтиҳони эътимод, мактаби таҷриба ва нишонаи пойдории рисолати касбӣ мебошад. Вақте имрӯз ба роҳи тайкардаи маҷалла назар меафканем, пеш аз ҳама, эҳсос мегардад, ки «Бонувони Тоҷикистон» маҳсули ниёз ва тафаккури давлатдории навини тоҷикон аст.


6-уми сентябри соли 2006 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Худи ҳамин рӯйдод гувоҳи он аст, ки масъалаи мақому манзалати зан дар сиёсати давлат танҳо дар доираи сухан маҳдуд нагардида, ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди ҷомеа арзёбӣ мешавад. Бунёдгузор ва муассиси маҷалла будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати эҷодӣ мояи ифтихор ва, ҳамзамон, масъулияти бузург аст.


21-уми сентябри соли 2006 маҷалла дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 3218 ба қайд гирифта шуда, нахустин шумораи «Бонувони Тоҷикистон» ҳамон сол моҳи сентябр ба дасти хонанда расид.


Дар шумораи аввалин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханоне баён намуданд, ки имрӯз низ барои ҳайати эҷодӣ барномаи амал маҳсуб меёбад:


«Бонувони Тоҷикистон», чун ҳар як нашрия, минбар аст, минбари баланде, ки аз он бояд садои Шумо — бо тақозои зиндагӣ гоҳ шоду гоҳ ношод, гоҳ мутантан ва гоҳ изтироболуд — пайваставу бурро садо бидиҳад. Орзу мекунам, ки нашрия дар инъикоси ҳамаи масъалаҳои ҳаёти занон оинаи мусаффое бошад, мақому рӯзгори бонувонро бо ҳама рангу паҳлуҳо, бурду бохтҳо, осону мушкилҳояш акс бисозад, дар ҳалли проблемаҳои модарону хоҳарони мо ёвари дилсӯз ва беғаразу беминнати давлат ва ҷомеа бигардад».


Дар ин суханон на танҳо ҳадафи таъсиси як маҷалла, балки фалсафаи мавҷудияти он таҷассум ёфтааст. Ин ҳидоятҳо барои ҳайати эҷодӣ дастури равшан аст, ки бояд ба минбари андеша, мактаби маърифат ва воситаи муассири таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёбад.


Ҳамин тавр, роҳи бистсолаи маҷалла сар аз Ҳуриннисо Ализода, нахустсармуҳаррири он оғоз ёфт. Маҳз дар ҳамин давра пояҳои сиёсати таҳрирӣ, сабки кор ва симои эҷодии маҷалла гузошта шуданд. Баъдан Шаҳло Насриддин ин рисолатро идома бахшида, дар таҳкими ҷойгоҳи маҷалла саҳми арзанда гузошт. Имрӯз ҳайати эҷодӣ бо такя ба ҳамин мактаби эҷодӣ ва таҷрибаи андӯхташуда фаъолият менамояд.


Дар солҳои аввал маҷалла бо мушкили ҷиддии равонӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд. Гарчанде дар шиносномаи он аз рӯзи аввал навишта шуда буд, ки «Бонувони Тоҷикистон» маҷаллаи давлатии ҳармоҳаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад, бархе онро ҳамчун «маҷаллаи занона» мепиндоштанд. Ҳатто ҳангоми муроҷиати хабарнигорон ба баъзе масъулон чунин посух мешуниданд: «Ин маҷаллаи занона мебошад, беҳтараш, моро ташвиш надиҳед».


Ин гуна муносибат гувоҳи дар ҷомеа вуҷуд доштани қолабҳои кӯҳна ва мавзӯи зан аз масъалаҳои умумимиллӣ ҷудо пиндошта мешуд. Бо қарори ҳайати эҷодӣ, ки ин стереотип (одат, қолиб)-ро бо муҳтавои маҷалла тағйир диҳем. Солҳо пайи ҳам саҳифаҳои маҷалла ба масъалаҳои иқтисод, амният, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, қонунгузорӣ, рушди деҳот, соҳибкорӣ, сайёҳӣ, дипломатия, сиёсат ва давлатдорӣ бахшида шуданд. Дар баробари чеҳраҳои маъруфи зан, олимон, сиёсатмадорон, роҳбарони вазорату идораҳо, иқтисоддонҳо, фарҳангиён ва намояндагони касбу кори гуногун меҳмони доимии маҷалла гардиданд.


Тадриҷан, ҷомеаи навин дарк кард, ки «Бонувони Тоҷикистон» маҷаллаи на танҳо занон, балки минбарест дар бораи Тоҷикистон, ҷомеаи тоҷик ва мардуми Тоҷикистон. Ин тартиби кор яке аз муҳимтарин дастовардҳои бист соли фаъолияти маҷалла аст.


Алҳол «Бонувони Тоҷикистон» бо теъдоди қариб 15 ҳазор нусха нашр гардида, ба яке аз нашрияҳои серхонандатарини мамлакат табдил ёфтааст, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мост.


Ҳидояте баҳри барномаи амал

Лаҳзаи сармуҳаррир таъин шуданам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд:«Бояд тамоми кӯшиш ба он равона шавад, ки маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ба ҳар хонадони Тоҷикистон роҳ ёбад!».

Ҳадаф аз он иборат буд, ки ҳар як узви оила, сарфи назар аз синну сол, ҷинс, касб ва ҷаҳонбинӣ, дар саҳифаҳои маҷалла матолиби зарурии худро пайдо намояд.Сарвари давлат махсус таъкид карданд, ки имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва асолати тоҷикон аз ҳар вақти дигар муҳимтар аст. Дар чунин шароит матбуоти миллӣ бояд мардумро ба худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ раҳнамоӣ намояд.Ин ҳидоят барои ҳайати эҷодӣ ба як барномаи фаъолияти касбӣ табдил ёфт.

Аз «Чеҳракушоӣ» то «35 беҳтарин бонуи муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон»

Талоши кормандони «Бонувони Тоҷикистон» ба он равона шудааст, ки маҷалла на танҳо инъикоскунандаи воқеаҳо, балки худ ташаббускори корҳои созанда бошад. Маҳз бо ҳамин ҳадаф дар ин муддат маҷалла як қатор озмунҳо ва тарҳҳои эҷодиро роҳандозӣ намуд, ки ҳар кадом дар замони худ рӯйдоди муҳими фарҳангӣ ва иҷтимоиро касб кард.

Яке аз хотирмонтарин озмуни ҷумҳуриявии мо «Чеҳракушоӣ» буд, ки соли 2012-ум доир шуд. Агар то он замон бештар озмунҳое баргузор мешуданд, ки дар онҳо таваҷҷуҳ асосан ба ҳусни зоҳирии зан равона мешуд, «Чеҳракушоӣ» ҷаҳонбинии дигареро пешниҳод намуд.Ҳадафи он кашф ва муаррифии бонувоне буд, ки бо дониш, таҷриба, истеъдод, малакаи роҳбарӣ ва хидмати содиқонаашон дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.Ҷолиб он буд, ки тибқи шартҳои озмун маҳз журналистони мард вазифадор буданд чунин занонро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат кашф, зиндагӣ ва фаъолияти онҳоро таҳқиқ ва ба хонандагон муаррифӣ намоянд. Дар натиҷа 24 зани соҳибистеъдод аз соҳаҳои гуногуни кишвар ба ҷомеа шиносонда шуд.Ин иқдом нишон дод, ки арзиши воқеии зан, пеш аз ҳама, дар неруи зеҳнӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмаш дар рушди давлат таҷассум меёбад.

Яке аз ҳадафҳои озмун ин аз байни бонувони муаррифишуда ба сафи хизматчиёни давлатӣ ҷалб намудани онон буд. Зимнан, бархе аз қаҳрамонҳои маҷалла баъдан ба он комгор шуданд.

Сипас, маҷалла аз ҳамин принсип пайравӣ намуд. Дар ҳар саҳифаи он муаррифии бонувони созанда, олимон, омӯзгорон, табибон, деҳқонон, соҳибкорон, ҳунармандон ва ҷавонони боистеъдод мақом ёфтанд…

Бо ҳамин рӯҳия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «35 бонуи муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» эълон гардид ва ин ташаббус ба яке аз бузургтарин лоиҳаҳои эҷодии маҷалла мубаддал гашт.Дар зарфи беш аз дуюним сол ҳайати эҷодӣ қариб тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварро сару бар шуданд. Аз кӯҳистони Бадахшон то водиҳои Хатлон, аз Суғд то Лахшу Турсунзода дастовардҳои бонувон, ободкориҳо, имкониятҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва иҷтимоии минтақаҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Ин озмун чанд натиҷаи муҳим ба бор овард. Аз як тараф, Тоҷикистон барои ҳамватанон боз ҳам амиқтар шинохта шуд. Аз ҷониби дигар, маҷалла дар ҳар шаҳру ноҳия хонандаи нав пайдо кард. Муҳимтар аз ҳама, ин тарҳ эҳсоси ифтихор аз Ватан ва дастовардҳои даврони истиқлолро таҳким бахшид.

Муҳтавои бо ҷомеа ҳамнафас

Имрӯз муҳтавои маҷалла аз доираи масъалаҳои хосси занон фаротар рафтааст. Дар саҳифаҳои он масъалаҳои сиёсати давлатӣ, рушди иқтисод, амнияти миллӣ, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, соҳибкорӣ, ҳифзи муҳити зист, тарбияи фарзанд, таҳкими оила, ҳуқуқ, технологияҳои нав ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз инъикос меёбанд.Ҳамзамон, мавзӯи зан ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳайати эҷодист, аммо на ҳамчун мавзӯи маҳдуд, балки ҳамчун масъалаи муҳими рушди ҷомеа.Барои ҷомеа зан, пеш аз ҳама, модар, тарбиятгар, шаҳрванд, мутахассис, роҳбар, олим, соҳибкор ва неруи созандаи давлат аст.

Дар ҳамин замина маҷалла ба муносибати муҳимтарин рӯйдодҳои давлатӣ шумораҳои махсус ба нашр расонд. Аз ҷумла, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораҳои махсуси таҳлилӣ ва маърифатӣ таҳия ва ба табъ расида, аз ҷониби хонандагон баҳои баландро сазовор гаштанд.

Масъулияти бештар аз пеш

Имрӯз, чи тавре зикр кардем, маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо теъдоди қариб 20 ҳазор нусха нашр мегардад. Мо хуб дарк месозем, ки ҳар саҳифаи он метавонад ба афкори ҷомеа таъсир расонад. Аз ин рӯ, ҳар як иншои мавод қабл аз ҳама барои журналистон масъулияти касбӣ ва шаҳрвандӣ аст.


Воқеан, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз, ки ҷанги иттилоотӣ рӯз аз рӯз шиддат меёбад, рисолати матбуоти миллӣ боз ҳам муҳимтар мегардад. Аз ин рӯ, бояд ҷаҳонбинии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва эътимод ба ояндаи давлатро таҳким бахшем…


Бист сол — оғози марҳалаи нав

Бист соли сипаришуда моро ба як ҳақиқат расонд: эътимоди хонанда бузургтарин сармояи ҳар расона аст. Ин эътимодро на танҳо бо сухан, балки бо заҳмати содиқона, ростқавлӣ, касбият ва эҳтиром метавон ба даст овард.


Имрӯз бар он боварем, ки маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тавонист рисолати худро дар ин муддат бо сарбаландӣ иҷро намояд. Аз як нашрияи навтаъсис то ба минбари муътабари сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар расидан, кори саҳлу сода нест. Ин роҳ бо заҳмати чанд насли журналистон, муаллифон, кормандони техникӣ ва, пеш аз ҳама, бо эътимоди хонандагон тай гардид.


Мо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарчашмаи асосии масъулияти худ медонем. Боварии Пешвои миллат ба маҷалла моро водор месозад, ки фаъолияти худро боз ҳам ҷиддитар ва касбитар ба роҳ монем.


Ҳамчунин, бо эҳтироми амиқ заҳмати аввалин сармуҳаррирон — Ҳуриннисо Ализода ва Шаҳло Насриддин, кулли кормандони солҳои гуногун ва муаллифонеро, ки дар ташаккули симои маҷалла саҳм гузоштаанд, эҳтиром мегузорем. Имрӯз ҳар дастоварди ҳайати эҷодӣ идомаи роҳи пуршарафест, ки бист сол қабл шуда буд. Дар пеш моро вазифаҳои нав ба нав интизоранд. Бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои муосир доираи хонандагонро боз ҳам васеъ намудан, сатҳи таҳлилҳоро баланд бардоштан, ба масъалаҳои муҳими ҷомеа расидагӣ гирифтан ва, муҳимтар аз ҳама, ҳамон тавре ки муассиси маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзу намуда буданд, ба нашрияе табдил ёбем, ки дар ҳар хонадони Тоҷикистон мақом дошта бошад.


Бо ҳамин орзуҳо ба оянда менигарем ва итминон дорем, ки маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» минбаъд низ ҳамчун минбари андешаи миллӣ, оинаи мусаффои бонувон рисолати пуршарафи худро бо садоқат идома хоҳад дод. Аз номи фарзанди 20-солаи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тамоми мардуми сарбаланди тоҷикро самимона ба ин санаи шукӯҳманду тақдирсоз шодбош мегӯем.


Истиқлол ҷовидон бод!


                   ОДИНАЗОДАШоҳона Сулаймон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2026_small.pdf [4.1 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон