БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Занон - пайравони роҳи созандаи сиёсати хориҷии Пешвои миллат

Сиёсат / Слайдер

Сию панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи ташаккули давлати соҳибихтиёр, таҳкими давлатдорӣ ва шаклгирии сиёсати хориҷии муосири кишвар гардид. Дар ин давра Тоҷикистон роҳи эътирофи байналмилалӣ, таҳкими сулҳ, рушди муколамаи сиёсӣ, дипломатияи бисёрҷониба, ҳамкориҳои парламентӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, башардӯстона, фарҳангӣ, илмӣ-таълимӣ ва ҳуқуқиро тай намуд. 


Гувоҳи равшани пайгирӣ ва самаранокии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалии кишвар, аз ҷумла дар самти дипломатияи об, рӯзномаи иқлим, рушди устувор, зеҳни сунъӣ ва дигар ташаббусҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ мебошанд, ки мавриди эътирофи густурдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Дар миёни онҳо ташаббуси нави глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Моҳи июни соли 2026-ум Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036»-ро якдилона қабул намуд. Ин ташаббус, ки бар таҷрибаи нодири расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ асос ёфтааст…

Дар пасманзари чунин дастовардҳо ва ташаббусҳои байналмилалӣ, ки мақоми Тоҷикистонро ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори муколамаи созанда боз ҳам таҳким мебахшанд, занони Тоҷикистон ҷойгоҳи шоиста ва рӯзафзун доранд.

Дар тамоми ин давра бонувони Тоҷикистон дар паҳлуи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар фаъолияти парлумонӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дипломатия, соҳаҳои иҷтимоӣ, низоми судӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равандҳои сулҳофарӣ масъулияти муҳимро ба уҳда гирифтаанд. Хусусан, дар солҳои аввали истиқлолият, ки кишвар бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, занон бо сабру таҳаммул, хиради сиёсӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар таҳкими пояҳои сулҳу субот ва татбиқи сиёсати сулҳпарварона ва инсонмеҳвари Пешвои миллат саҳми назаррас гузоштанд.

Дар ин замина, бо эҳтиром бояд аз Низорамо Зарифова, Бозгул Додхудоева, Адолат Раҳмоновa, Гулафзо Савриддинова, Мунира Иноятова, Зууракан Давлеталиева, Майсара Калонова, Латофат Насриддинова, Қимат Рустамова, Азиза Анварова, Ҳусноро Мирзоева, Зебунисо Рустамова, Муҳиба Яъқубова ва дигар занони сиёсатмадор, олимон, вакилон ва намояндагони зиёиёни эҷодкор дар марҳалаҳои аввали давлатсозии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуд. Ҳар яки онҳо бо роҳи худ дар ташаккул ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими обрӯ ва нуфузи байналмилалии он саҳми шоиста гирифтаанд.

Барои мисол, Бозгул Додхудоева, ҳамчун ягона зан — узви Комиссияи оштии миллӣ — дар татбиқи раванди сулҳ, таҳкими ризояти миллӣ ва иҷрои муқаррароти Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт. Ҳузури ӯ дар ин марҳалаи сарнавиштсоз далели равшани иштироки занон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои тақдирсози миллӣ ва башардӯстона буд. Ҳамчунин, Рафиқa Мусоева, ки вазифаи раиси Кумита оид ба сохтмони давлатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, ҳамзамон, узви раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, дар ҳайати ин мақоми олии роҳбарикунандаи кишвар ягона зан буд.

Таҷрибаи ин давра нишон дод, ки иштироки занон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ танҳо масъалаи намояндагӣ набуда, балки яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдорӣ ва пешбурди манфиатҳои миллӣ мебошад. Ин таҷриба барои густариши минбаъдаи иштироки занон дар соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ, аз ҷумла дипломатия, заминаи муҳим фароҳам овард…

Аз солҳои 2000-ум иштироки занон дар конфронсҳо ва форумҳои байналмилалӣ ҳам аз нигоҳи намояндагии кишвар ва ҳам аз ҷиҳати мутобиқсозии стандартҳои байналмилалӣ дар сиёсати миллӣ аҳамияти муҳим пайдо намуд. Дар даҳсолаҳои минбаъда иштироки занони Тоҷикистон дар фаъолияти байналмилалӣ хусусияти бештар низомманд ва мазмуннок касб кард…

Яке аз самтҳои муҳими чунин иштирок фаъолияти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияҳои Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон (CSW) мебошад, ки платформаи калидии ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ба шумор меравад. Дар доираи ин иҷлосияҳо дастовардҳо ва афзалиятҳои миллии кишвар дар самти тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занон муаррифӣ гардида, ҳамзамон равишҳои Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди устувор, таҳкими сулҳ ва амният баён карда мешаванд.

Имрӯз занони дипломат ҳамчун намояндагони салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдонҳои байналмилалӣ ҳадафҳо ва авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишварро пеш мебаранд ва дар таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии мавқеи Тоҷикистон саҳми муассир мегузоранд.

Дар тӯли ду даҳсола Раҳмон Озода Эмомалӣ — нахустин зане, ки вазифаи муовин ва баъдан муовини якуми роҳбари мақомоти корҳои хориҷиро ба уҳда дошт ва имрӯз Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо таҷрибаи назарраси хизмати дипломатӣ ва иштирок дар равандҳои байналмилалӣ, рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар саҳми арзанда доранд…

Ҳамзамон, таъин гардидани занон ба вазифаҳои баланди дипломатӣ, аз ҷумла Рухшона Эмомалӣ — нахустин зан дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба мақоми Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъин гардидааст. Таъини ӯ дар моҳи декабри соли 2021-ум марҳалаи муҳим дар таърихи хизмати дипломатии миллӣ ва боз як далели афзоиши нақши занон дар низоми идоракунии давлатӣ ва сиёсати хориҷии кишвар гардид. Минбаъд, соли 2023 ӯ ба ҳайси Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ирландия таъин шуд.

Ин раванд аз таҳкими тадриҷии иштироки занон дар хизмати дипломатӣ ва васеъ гардидани ҳузури онҳо дар низоми намояндагии байналмилалии кишвар шаҳодат медиҳад. Аз иштироки занон дар ҳалли масъалаҳои муҳими даврони ташаккули давлатдорӣ то намояндагии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ — ин роҳест, ки пайвастагии сиёсати давлатиро дар самти баланд бардоштани нақши занон ва истифодаи иқтидори касбии онҳоро бозгӯ менамояд. Бояд гуфт, ки дар 35 соли истиқлолияти кишвар беш аз 200 нафар зан дар низоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста фаъолияти худро идома медиҳад.

Насли нави духтарони дипломат, ки имрӯз қисми назарраси ҳайати занони ниҳоди сиёсати хориҷии кишвар — тақрибан 80 дарсади онро ташкил медиҳад, боиси умеду эътимоди хосса ба оянда мебошад.

Имрӯз занони Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати баланди худро бо сарбаландӣ идома дода, ҳамчун иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар ва ҷузъи муҳими ҳайати дипломатии он фаъолият менамоянд. Саҳми онҳо дар рушди сиёсати хориҷӣ, таҳкими нуфузу эътибори байналмилалии давлат ва пешбурди ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

                                                         НигинаАЛИЗОДА,
                              муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон



 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2026_small.pdf [4.1 Mb] (зеркашиҳо: 32)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон