Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пешвои модарон
Сиёсат / СлайдерЧаро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба
занону модарон таваҷҷуҳи хос зоҳир месозанд?
Гоҳе як саҳна метавонад бештар аз садҳо сухан дар бораи ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои инсонӣ нақл кунад. Журналист ва публитсисти маъруф, равоншод Холмаҳмад Мавлонов дар яке аз матлабҳои худ, ки аввали солҳои 2000-ум дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шуда буд, аз вохӯрии Сарвари давлат дар тирамоҳи соли 1992-юм бо сокинони ноҳияҳои марзӣ дар ноҳияи Панҷ ёдовар мешавад. Аз замоне, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт, мардум аз ранҷу маҳрумият хаста буданд, аз ояндаи худу фарзандонашон нигаронӣ доштанд ва аз Ҳукумати нав посух мехостанд.
Тибқи нигориши муаллиф, сокинон ошкоро аз мушкилоти зиндагӣ мегуфтанд, норозигии худро аз фаъолияти мақомоти шаҳру ноҳияҳо баён медоштанд. Дар чунин лаҳзаҳо барои Роҳбари нав танҳо сухан гуфтан кофӣ набуд. Тасвире зарур буд, ки дарди мардум ва вазъи воқеии кишварро ифода намояд. Дар як лаҳзаи ҳамин вохӯрӣ таваҷҷуҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба модаре ҷалб мешавад, ки либоси одии фарсуда дошт ва симояш аз сахтиҳои рӯзгор дарак медод. Пешвои миллат ба назди ин модар рафт, эҳтиромашро ба ҷо овард ва хеле маънидор гуфт:
- Ҳоло кишвар низ мисли ин модари ранҷдида ба рӯзҳои душвор рӯ ба рӯ омадааст, оё касе метавонад дар чунин рӯзҳои сахт аз баҳри модари худ гузарад, ӯро ба ҳоли худ гузораду биравад ва ҷойи барои худ роҳат ҷӯяд? Бубинед, ин модар, бо вуҷуди душвориҳои пешомада ҳанӯз умед дорад. Умеди обод шудани Ватан, бозгашти фарзандон ва барқарор гардидани зиндагии осоиштаро…
Гуфта мешавад, ин ҳолат назару тасаввури мардумро хеле дигар ва ором кунонд. Воқеан ҳам, дар ин саҳна маъниҳои амиқ нуҳуфта буданд. Муҳимтаринаш ҳамин аст, ки муносибат ба модар ин муносибат ба оила, наслҳои оянда ва дар маҷмӯъ, сарнавишти миллат аст.
Шояд барои дарки таваҷҷуҳи хосаи Президенти Тоҷикистон ба занону модарон мешавад аз ҳамин нуқта оғоз кард. Ҳамон тавре шоҳид ҳастем, Сарвари давлат ҳамеша зимни вохӯриву ҷамъомадҳо дар бораи занону модарон бо муҳаббати хос суҳбат меоранд ва саҳми онҳоро дар барқарории Ҳукумати конститутсионӣ, сулҳу салоҳ махсус таъкид менамоянд. Мо ҳам дар робита ба ҳамин, тасмим гирифтем бахшида ба Рӯзи Президент маҳз ба ин нукта таваҷҷуҳ дошта бошем…
Воқеан, солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нишон доданд, ки занону модарони тоҷик чӣ гуна метавонанд дар миёни ранҷу маҳрумиятҳо умеди зиндагиро нигоҳ доранд. Онҳо барои ҳифзи оила, тарбияи фарзандон ва барқарор намудани сулҳу оромӣ талоши зиёд доштанд. Барои ҳамин, таваҷҷуҳ ба занон на танҳо эҳтиром ба суннатҳои миллӣ, балки эътирофи нақши онҳо дар устувории оила ва ояндасозии давлат мебошад.
Албатта, дар фарҳанги тоҷикон эҳтироми модар решаҳои хеле амиқ дорад, аммо эҳтироми ҳақиқӣ танҳо бо суханони хуб ва табрикоти идона маҳдуд намешавад. Эҳтиром замоне маънои воқеӣ пайдо мекунад, ки зан имкони таҳсил, интихоби касб, рушди қобилият ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятиро дошта бошад.
Хушбахтона, ин гуна муносибат дар иқдомҳои давлатӣ низ таҷассум меёбад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз ҷумлаи қадамҳои муҳим дар ин самт буд. Таҳсили духтарон тавассути квотаи Президент ва дастгирии занони соҳибкор низ барои фароҳам овардани имкониятҳои бештар ба бонувон равона шудаанд.
Аҳамияти чунин иқдомҳоро бояд дар сарнавишти духтаре дид, ки аз деҳаи дурдаст ба донишгоҳе қадам мегузорад ва табиб ё омӯзгор мешавад. Ё дар фаъолияти зане бояд вохӯрд, ки коргоҳи худро таъсис дода, барои дигарон ҷойи кор фароҳам меорад. Ин маъноро дар таҷрибаи мутахассисе бояд ҷӯё шуд, ки бо дониш ва таҷрибаи худ дар пешрафти кишвар саҳм мегузорад…
Албатта, дастгирии воқеии занон танҳо бо фароҳам овардани имконияти таҳсил ё пешбарӣ ба мансабҳои давлатӣ маҳдуд намегардад. Ҳифзи ҳуқуқ, амнияти зиндагӣ, қадршиносии меҳнат ва имкони истифодаи дониш дар амал низ хеле муҳиманд. Ба таври дигар, занро набояд танҳо объекти ғамхорӣ донист, балки ӯро бояд ҳамчун иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ ва қабули қарорҳо пазируфт.
Эҳтиром ба бонувон танҳо дар суханрониҳои идона санҷида намешавад. Он дар муносибати ҳаррӯза ба модар, дар дастгирии духтари донишҷӯ, дар эътирофи заҳмати зани меҳнаткаш ва дар имкониятҳое зоҳир мегардад, ки барои рушди қобилияти ӯ фароҳам оварда мешаванд. Чунин андарзҳоро Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид менамоянд.
Барои маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» низ ин масъала аҳамияти муҳим дорад. Вазифаи мо на танҳо инъикоси дастовардҳои занон, балки бозтоби мушкилоти воқеӣ, муаррифии намунаҳои ибратбахш ва ҳимояи арзишҳое мебошад, ки ба рушди шахсият ва ҷомеа мусоидат намояд.
Дар ин зимн, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсатест барои ёдоварӣ аз роҳи давлатдории миллӣ, сабақҳои таърих ва масъулияти муштараки мо дар назди ояндаи кишвар аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки дар баробари қадршиносии дастовардҳо ба вазифаҳои минбаъда низ назар афканем. Фаромӯш насозем, ки маҳз дар фазои ором духтар метавонад дониш омӯзад, модар ба ояндаи фарзандаш бовар кунад ва зан истеъдоду қобилияти худро рӯи кор орад… Агар бори дигар ба саҳнаи он модари ранҷур аз қиссаи Холмаҳмад Мавлонов баргардем, шояд маҳз дар симои ӯ метавон сарнавишти ҳазорҳо занону модарони тоҷикро дид, ки дар рӯзҳои душвор умеди зиндагиро нигоҳ доштанд ва орзу мепарвариданд, ки фарзандонашон дар Ватани осоишта ба камол расанд.
Имрӯз он умед масъулияти моро барои оянда низ муайян месозад, ки барои ҳар кӯдак муҳити амн, барои ҳар духтар имкони таҳсил, барои ҳар зан шароити рушди қобилият ва барои ҳар хонавода зиндагии шоиста фароҳам оварем.
Шояд маънии амиқи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба бонувон низ дар ҳамин пайванд бошад. Яъне, байни модар ва фарзанд, оила ва Ватан, имконияти имрӯз ва ояндаи миллатро мебинанд. Чун ғамхорӣ ба зан-модар на танҳо қадршиносии имрӯза, балки масъулият барои фардои миллат аст.
ОДИНАЗОДА Шоҳона Сулаймон
Мубодила:
Шарҳҳо










