БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дастагули ҳамсинфи Президент

Сиёсат

Ҳавои серуни тирамоҳ пас аз гармои шадиди тобистон ба ҷону тан роҳат мебахшид. Кишоварзон байни ангору заминҳои ду бари шоҳроҳ ба ҷамъоварии охирин ҳосили донаҳои пошида дасту остин барзадаанд. Суробҳои аз дур мавҷзанони одамон, байни хӯшаҳои гандумзор ва заминҳои полизӣ маро ба ёди суханони ҳикматноки пирони зодгоҳ, ки ҳамеша таъкид медоштанд: «Инсон то охирон лаҳзаҳои умр ба хотири дарёфти ризқ ва роҳати зиндагӣ меҳнат мекунад», мебарад… 


Мошини мо аз канори ҷодаҳои серравуо гузашта, гардишеро убур намуда, рӯ ба рӯи мактаби калони замонавӣ қарор мегирад.


– Ин маҳаллаи рақами 11-и шаҳраки Данғара ва бинои муҳташаме, ки алъон рӯ ба рӯяш истодаем, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 аст, ки ба шарофати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тамоми шароитҳои муосири таълим сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Хонаи холаи Дастагул бошад, дар шафати ҳамин кӯча аст, – бо табассуми ба худ зебанда мегӯяд роҳбалади мо Нусратуллозода Моҳсанам Нусратулло, корманди мақомоти ноҳия.


Дами дарвоза моро кампири резапайкари сафедрӯй бо чашмони ҷаззоби нилӣ истиқбол намуда, бо лаҳни ширини пирони деҳ пазироӣ менамояд: «Хуш омадед, садақаи қадамҳоятон». Гӯё, ки сад сол аст мешиносадамон, ҳар якеро ба оғӯш гирифта, аз пешонӣ мебӯсад. Таклиф менамоем, ки таги сояи дарахти рӯи ҳавлӣ каме суҳбат ороем. Соҳибхона «меҳмонро аз дами дар гусел намекунад», – гӯён ба меҳмонхона даъват менамояд. Ба хонаи одиву хоксорона ва бисёр равшану тамиз ворид мешавем. Ин ҷо дастархони тоҷикӣ аз рӯи таомули қадима ҳамеша боз аст.


Холаи Дастагул дар андешаи иззати меҳмону мо дар андешаи анҷоми зуду босифати рисолати касбӣ. Мехоҳем қаҳрамонамон зуд ором бигираду паҳлуямон нишинад, то ба суолҳои бешумори хеш, ки имрӯз моро наздаш овардааст, посух бигирем. Аммо момаи нармгӯву нармхӯ ҳамоно ҷониби духтару келинҳояш «чойи гарм оред, нон шиканед», – гӯён сари кор мегирифт. Бонувони мисли худаш зебою перостаи хонавода, бо одоби тамкини ҳамида дар хидматаш буданд. 


– Холаи Дастагул, чӣ қадар чашмони обиву зебое доред, – суҳбатро бошитоб оғоз мебахшам ман. Ҳозирҷавобона мегӯяд: «Суни очам рафтам. Чашмони зебое дошт, очам»…


Деҳаи Корез


Холаи Дастагул Сафарова 25-уми майи соли 1952 дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара, дар хонаводаи марди деҳқон таваллуд шудааст. Дар оила 4 духтару 3 писар ба камол мерасиданд. Ӯ фарзанди калонии оила буд.


1-уми сентябри соли 1959-ум ба мактаби №7-и ба номи «Комсомол»-и ноҳияи Данғара қадам гузошт. Он сол дар мактаб ду синфи як созмон ёфт. Яки «А» ва яки «Б». Дар ду синф беш аз 20-нафарӣ таҳсил мекарданд. Аммо кӯдакони ин ду синф аз рӯзҳои аввал ба ҳам унс гирифта, бо муносибати дӯстона рафиқи якумрӣ гаштанд. Дастагул бо ҷамъе аз ҳамсинфон бо сабаби набудани мактаб дар деҳаи Корез, роҳи дарозро зимистону тобистон пиёда тай зада, сари вақт ба дарсҳо ҳозир мешуд.


«Бачаи хубу дилсӯзе буд»


– Қаҳтӣ буд, қиматӣ буд, роҳ набуд, лою чалро гузашта, гармову сармо нагуфта, ҳамеша бо талошу хоҳиши волидон ба мактаб мерафтем. Очаам аз латтапораҳо сумка медӯхт. Зиндагии ҳамаамон якранг буд, аммо хушбахтии кӯдакона доштем. Шӯхиву бозӣ, даву тоз, шеъру китобхонӣ мекардем. Намедонистем, ки яке аз байнамон, оне ки дар паҳлуямон менишинад, ҳамсинфу ҳамсафамон аст, бо мо бозиву шодӣ мекунад, дар оянда Сарвари давлат, Пешвои миллат хоҳад шуд. Ин андеша дар гӯшаи хаёламон ҳам набуд, – мегӯяд холаи Дастагул.


Он солҳо мактаби №7-и ноҳияи Данғара аз мактабҳои пешсафу номдори вилояти Кӯлоб ба ҳисоб мерафт. Омӯзгорони таҷрибадори мактаб бо роҳбарии директори шинохта Солеҳа Раҳматова дар чорабиниву озмунҳо фаъолона иштирок намуда, шарафи дабистонро боло мебардоштанд.


– Дар мактаби номдор, мо ҳам хуб таҳсил мекардем. Беш аз ҳама дар дарси забон ва адабиёти тоҷик фаъол будем, чунки аз ин фан моро муаллими сахтгир Шерафган Асғаров дарс медод. Директори мактаб Солеҳа Раҳматова ҳам зани бисёр босалобат буд. Мӯйҳояшро гирди тоқияш мепечонд, гоҳе рӯймолча мебаст, ки ба ҳуснаш ҳусн меафзуд. Дар синфҳои болоӣ Куган Иззатуллоев, яке аз омӯзгорони шинохтаи ноҳияву вилоятро роҳбари синфамон таъин карданд. Эҳтиромаш бисёр баланд буд. Синфи тифоқе доштем. Ҳама мисли хоҳару бародар будем. Мекӯшидем аз якдигар чизе омӯзем. Дар корҳои ҷамъиятӣ ҳам фаъолона иштирок мекардем. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Қарахон Бобоев ном ҳамсинфи дигарамон дар як парта менишаст. Вақт нишон дод, ки онҳо дўстони якумрӣ будаанд. То замони марг Қарахон дар паҳлуи дўсти мактабиаш Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳар ду бачаҳои боинтизом буданд, бо баҳои хубу аъло мехонданд. Мо,духтарон, ки аз фанҳои дақиқ, алгебраву геометрия сусттар будем, ҳамеша ба Эмомалӣ Раҳмонмуроҷиат мекардем, ки дар ҳалли мисолу масъалаҳо ёриамон намояд. Вай ин фанҳоро хуб мефаҳмид. Баъзан дафтарашро медод, то кори хонагиро аз ӯ рӯбардор кунем, – бо табассум иқрор меояд ҳамсинфи Президент.

«Таърихро дӯст медошт»


Сиёсатмадор ва шахсияти давлатсоз муаррифӣ шудани ҳамсинфаш Эмомалӣ Раҳмонро дар дохилу хориҷи кишвар Дастагул Сафарова ба дӯстдории фанни таърих дар давраи мактабхонӣ рабт медиҳад.

– Эмомалӣ Раҳмон фанни таърихро бисёр дӯст медошт. Шояд ҳамин таърихшиносиву таърихдӯстиаш буд, ки ояндаи худро чун таърихнигор сохт ва чунон зиндагӣ кард, ки номаш дар қатори шахсиятҳои таърихии рӯйи олам навишта шавад. Бачаҳо дар дарсҳои таълими меҳнат белу каланд гирифта, лою андоваро меомӯхтанд. Нав дарк мекунам, ки ҳамаи ин зинаҳо барои шахсият шудани Эмомалӣ Раҳмон чӣ нақше бозидааст.

Такрор шавад ҳам мегӯям, ки солҳои мактабхонии мо, солҳои камбағалӣ буд. Дар мактаб «буфет» доштем, аммо аз он чизе харида наметавонистем, зеро маблағ надоштем. Эмомалӣ доим ҳамсинфонро ба хона даъват мекард. Хонаашон дар роҳи калони мошингузар воқеъ буд. Холаи Майрам, модарашро Худо мағфират кунад, ҳамеша шикамамонро сер мекард. Шодравон бобои Раҳмон, падари Эмомалӣ Раҳмон ҳам бисёр инсони хуб буданд. Боғбон, ки буданд, аз дарахтҳо себ чида, дар сумкаҳоямон мерехтанд, – изҳор медорад холаи Дастагул.

Соли 1969-ум пас аз хатми мактаби миёна хонандагони синфи 10-и «Б»-и мактаби №7-и ноҳияи Данғараро зиндагӣ ба ҳар куҷое бурд. Бо сабаби монеи идомаи таҳсил будани волидон, духтарон ҳама зуд шавҳар карданд. Аз байни ҷавонписарон касе имкони идомаи таҳсилро дошт, хонд, боқимондаҳо ё ба аскарӣ рафтанду ё ба корҳои колхоз ҷалб шуданд.

– Як ҳамсинф доштем, номаш Робиа, мо Саъба мегуфтем. Бисёр аълохон буд. Ҳамеша баҳои «панҷ» мегирифт. Дар аввал волидони ӯ ҳам барояш иҷозати хонданро надоданд. Баъдтар, худаш таҳсил кард ва коргари давлат шуд. Он вақтҳо дар ноҳияи Данғара на омӯзишгоҳ буду на донишгоҳ. Имрӯз аз назди биноҳои зебои омӯзишгоҳу донишгоҳҳои ноҳия гузашта афсӯс мехӯрам, ки солҳои ҷавонӣ мо имконияти таҳсилро надоштем. Ман оиладор ва соҳиби 7 фарзанд гаштам. То замони барҳам хӯрдани колхоз чун колхозчии пешқадами колхози «Коммунизм»-и ноҳия заҳмат кашидам. Чигит мекоштем, чобук мекардем, пахта мечидем. Дар хона бо корҳои ҳаррӯза – хамиру хӯроку тарбияи кӯдакон машғул будем, – зиндагияшро кӯтоҳ хулоса мекунад Дастагул Сафарова.

«Ҳамсинфи ман Президент шуд!»


– Медонистам, ки Эмомалӣ Раҳмон чун «моряк» (маллоҳ) дар аскарӣ хизмат карда, пас аз бозгашт ба кори колхоз гузаштааст. Дар тӯйи зангириаш иштирок накардем. Он солҳо дар деҳа духтарон ба тӯю маъракаҳои ҳамсинфон намерафтанд. Як вақт огоҳ шудам, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси совхози ба номи В.И.Ленин шудааст. Кадри хуб, ки буд, хуб кор кард, фаъолияташро ба назар гирифта, ба вилояти Кӯлоб бурданд. Он ҷо каме кор кард, ки ҷанг сар шуд. Солҳои вазнин, азобу гуруснагии ҷангро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Шукри сулҳу оромиву дастархони пурнозу неъмати имрӯз, – хулоса менамояд ҳамсуҳбатам.


Дастагул Сафарова он рӯзро, ки аввалин маротиба тариқи телевизион хабари Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонро эълон доштанд, бо шодӣ ба хотир меорад. Ба наздикону пайвандон, ба ҳаққу ҳамсояҳо бо ифтихор мегуфт: «Ҳамсинфи ман, Эмомалӣ Раҳмон, Президент интихоб шуд!».


«Тифоқу аҳл мондем»


Ҳамсинфон имрӯз ҳам мисли солҳои мактабхонӣ бо ҳам аҳлу тифоқ, дар ғаму шодӣ паҳлуи ҳамдигаранд. Холаи Дастагул хотираи як дидорашро бо ҳамсинфаш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади ҳамсинфон бо эҳсоси шодӣ ёд меорад:

– Соли 2014-ум Эмомалӣ Раҳмон ҳамсинфонро дар мавзеи зебои Хуррамшаҳри шаҳраки Данғара сарҷамъ намуд. Хурсандии мо он рӯз интиҳо надошт. Мисли овони мактабхонӣ шӯхиву ҳазлҳо мекардем. Як лаҳза ҳамаро ба олами наврасиву бехамиҳо баргардонд, ҳамсинфи мо. Ба мо номаш бас аст, ки аз байнамон чунин як инсони бузургу машҳур ба олам аст. Ҳоло аз ду синф 16 нафар барҳаётем… 

Замоне мо аз деҳаи Корез роҳи зиёдро тай карда, барои донишандӯзӣ ба мактаб меомадем. Имрӯз деҳаи мо соҳиби мактаби боҳашамату зебоест. Ҳамааш ба шарофати сулҳу ободиву меҳнату талошҳои ҳамсинфамон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ азобҳои бачаҳои корезиро дар роҳи донишомӯзӣ хуб медонист.

Дар ҳар давраи маъракаи интихоботии Сарвари давлат ба қитъаи овоздиҳӣ мераваму ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳам. 7 фарзанд, келину домод, набераҳо, хешу табор, ҳамсояҳоро мегӯям, ки ҳама ба тарафдории ӯ овоз диҳанд, зеро беҳтар аз ӯ нест!

Талабам аз Худо ин аст, ки умри дарози бобаракат бубинад. Хоре дар пойи ӯ ва ҳамсараш Азизмоҳи фариштарӯ, фарзандон, навасаву ҳавасаҳояш нахалад. Ҳамеша бози давлат дар сару иқбол дар бараш бошад!

Гулноза БОБОМУРОДОВА,

Душанбе – Данғара – Душанбе




Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2026_small.pdf [2.95 Mb] (зеркашиҳо: 0)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон